Мардуми Осиёи Марказӣ аз замонҳои қадим дар як минтақа умр ба сар бурда, барои бунёди ҳаёти осоишта, рушди иқтисодиву маданӣ бо ҳамбастагӣ кӯшишу ғайрат карда меоянд.
Аз ин рӯ, дар бисёр соҳаҳо мардуми ин ҳавза ҳамдасту ҳамфикр буданд, ки онро дар мисоли адабиёти маорифпарварии нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX низ ба хубӣ дидан мумкин аст.
Замони ташаккул ва инкишофёбии адабиёти нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX халқҳои Осиёи Марказӣ бо давраи нави таърихии халқҳои ин минтақа, ба Русия тобеъ гардидани он алоқаманд аст.
Муҳити нави иҷтимоиву сиёсӣ ба ин адабиётҳо мазмуну оҳангҳои нав дохил намуд, ки аз ҷиҳати муҳтавою даруннамояи худ назар ба адабиёти гузаштаи халқҳои ин сарзамин қадами ҷиддие ба пеш буд.
Чаро донишмандони соҳаи таърих, фалсафа, адабиёт ва маориф ба ҳаёти маърифатию фарҳангӣ ва адабии ин давр бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намудаанд? Зеро адибоне, ки маҳз дар ҳамин давра ба арсаи адабиёт ва маърифатпарварӣ қадам гузоштаанд, ба муқобили истибдоду хурофот баромада, халқро барои раҳо гаштан аз қафомонии чандинасра ба мубориза даъват намудаанд.
Маҳз дар ҳамин давра дар муборизаи умумии зидди истисмори ваҳшиёна, ҷаҳолату нодонӣ адибони тоҷик Аҳмад Махдуми Дониш ва пайравони ӯ – адибони ӯзбек Муҳаммад Аминхӯҷа Муқимӣ, Зокирҷон Фурқат ва аз ҷониби дигар Ибрай Олтинсарин ва Абай Қӯнонбоеви қазоқ дар як саф меистоданд. Шароити зиндагии халқҳои Осиёи Марказӣ аз ақибмонии иқтисодӣ ва мадании асримиёнагии феодалӣ иборат буда, аз сатҳи тараққиёти фарҳангию иқтисодӣ ва афкори иҷтимоии Аврупо, аз ҷумла Русия, хеле паст буд. Бесаводӣ, ҷаҳолати динӣ, зулми иҷтимоӣ ва иқтисодии феодалҳо, амалдорон оммаро ба дод меовард. Идораи мамлакат, усули кӯҳнаи давлатдории феодалии маҳаллӣ, ҳолати ногувори мустамликавӣ, ҳукмронии амалдорони подшоҳӣ маърифатпарваронро ба шигифт меандохт.
Ҳолати мустамликавии Туркистон ва ниммустамликавии аморати Бухорову хонигарии Хева маорифпарваронро водор кард, ки роҳи наҷотро мувофиқи тартиботи нав пеш гиранд.
Дар асарҳои онҳо мубориза алайҳи ғояҳои куҳнапарастӣ ва сохти феодалӣ инъикос ёфтааст.
Дар нимаи дуюми асри ХIХ ба таъсири ҳаракати маорифпарварони рус, тотор ва тоҷики Осиёи Марказӣ ақидаҳои маорифпарварӣ дар байни равшанфикрони қазоқ низ густариш ёфт, ки намояндагони барҷастаи он Ибрай Олтинсарин ва Абай Қӯнонбоев буданд.
Асосгузори адабиёти хаттии қазоқ, шоир ва мутафаккири бузург Абай Қӯнонбоев (1845-1904) натанҳо бо шеъру достонҳо ва асарҳои насриаш, балки бо фазилатҳои неки инсонии худ намунаи ибрат буд. Абай бо вуҷуди он ки дар оилаи яке аз феодалҳои калони қазоқ таваллуд ёфт, бештар тарафдори манфиатҳои халқи меҳнатӣ буд. Вай бо ғояҳои маърифатпарварӣ барвақт ошноӣ пайдо мекунад. Ҳанӯз ҳангоми дар мадрасаи Семипалатинск таҳсил намуданаш, бо равшанфикрони рус ошноӣ пайдо намуда, баъди бо даъвати падараш хонданро партофта, ба авули зодгоҳаш баргаштан ҳам, аз ақидаҳои худ даст намекашад. Абай забони русиро медонист, бо адабиёт, ғояҳои демократии равшанфикрони рус ошно буд, дертар худи ӯ низ ҳамчун демократ-маърифатпарвар баромад менамояд. Вай аз модаркалонаш Зӯҳро кампир низ хеле миннатдор буд, ки ӯро бо назми классикии Шарқ – ашъори Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдию Хайём, Ҳофизу Бедил, Ҷомию Навоӣ ошно кардааст. Бинобар ин ҳам дар эҷодиёти Абай ғояҳои пешқадам бо ҳамоҳангии назми классикии шарқ ва эҷодиёти равшанфикрони асри ХIХ рус пайваста тасвир ёфтаанд.
Азбаски Абай ҳамеша тарафдори халқи меҳнаткаш буд, дар шеърҳояш, «Насиҳатҳо» ном асари насрию бадеияш, «Масъуд», «Искандар», «Азим» барин достонҳояш ин маънӣ ба хубӣ ифода ёфтааст.
Дар эҷодиёти Абай Қӯнонбоев ғояҳои маърифатпарварӣ равшан ба назар мерасанд. Чунончи, дар манзумаи «Искандар» ҳариси молу чизи дунё гардиданро сахт мазаммат менамояд.
Сужети достони мазкур такя ба ривоятҳое дорад, ки ба Искандари Мақдунӣ иртибот доранд. Искандар ҳангоми юришҳои ғоратгаронаи худ ҳама ҷоро ишғол намуда, дар як шаҳр ба дасташ як кӯзачаи пур аз нақшу нигор меафтад. Вай тамоми зару зеваре, ки бо худ дошт, ба ин кӯзача мепартояд, лекин кӯзача пур намешавад. Пас вай ба ҳамаи ононе, ки дар ғоратгарӣ ҳамроҳаш буданд, мефармояд, ки ғаниматҳои ғораткардаашонро ба кӯзача андозанд. Лекин кӯзача пур намешавад. Сипас аз пири хирад, ки ҳамеша ба вай ҳамроҳӣ мекард, асрори пур нашудани кӯзачаро мепурсад. Пири хирад як каф хокро аз замин гирифта ба кӯзача меандозад, ки пур мешавад. Искандар асрори ин ҳикматро мепурсад. Пири хирад мегӯяд, ки ин кӯзача косахонаи чашми инсон аст, ки аз молу чизи дунё сер намешавад, ба ҷуз як каф хок...
Достон дар рӯзҳои мо низ аҳамияти ғоявии худро гум накардааст.
Абай дар «Қиссаи Масъуд» ном асараш ғояи баробарҳуқуқии занону мардон ва муниси мардон будани занон, бинобар ин аз тарафи мардҳо ҳурмат кардани онҳоро тарғиб менамояд.
Абай мардумро ба заминдорӣ даъват мекунад ва онро яке аз роҳҳои баланд бардоштани иқтисодиёт меҳисобад. Вай ба мардум мегӯяд, ки қувва дар иттиҳод аст. Аз ин рӯ, шоир қабилаю қавмҳои парокандаи қазоқро ба муттаҳидӣ даъват менамояд. Вай таъкид мекунад, ки одамон ҳама як хеланд, танҳо ақидаашон гуногун.
Абай баробари асосгузори назму насри классикии қазоқ будан, ҳамчун публитсист, педагог, файласуф, хулоса ба сифати як марди фозилу ҳамадон шӯҳрат пайдо кардааст. Вай ҳамчунин, яке аз аввалинҳо шуда шеърҳои М.Ю.Лермонтовро ба забони қазоқӣ тарҷума кардааст.
Беҳуда нест, ки ҳаёт ва эҷодиёти Абай бисёр олимону адибонро мутаваҷҷеҳ сохтааст. Адиби маъруфи қазоқ Мухтор Авезов дар бораи Абай ва роҳи эҷодии вай иборат аз чаҳор китоб роман-эпопеяи таърихию тарҷумаиҳолии «Абай» ва «Роҳи Абай»-ро навиштааст, ки он аз шоҳкориҳои адабиёти қазоқ ба шумор меравад.
Аз ҳамаи гуфтаҳои болоӣ чунин бармеояд, ки Абай Қӯнонбоев натанҳо адиби бузурги халқи қазоқ, балки вай аз маърифатпарварони ба назар намоёни Осиёи Марказӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол маърифатпарвари бузурги қазоқ Абай Қӯнонбоев бо адибону маърифатпарварони Осиёи Марказӣ дар як радиф сазовори эҳтиром аст. Осори вай ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Ҳаёт ва эҷодиёти ин адиб ва маърифатпарвари бузург дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва олии Ӯзбекистон низ омӯхта мешавад, оиди ҳаёт ва фаъолияти ӯ тадқиқотҳои шоёни диққат ба анҷом расидаанд.
Аслиддин ҚАМАРЗОДА,
академики Академияи фанҳои Турон.