МАРК ТВЕН

Соли 1835, вақте кометаи Галлей парвозашро наздик ба Замин анҷом дод, баъди ду ҳафтаи ин ҳодиса Марк чашм ба олами ҳастӣ кушод.

Соли 1909 вай навишта буд: «Ман ба ин дунё ҳамроҳ бо комета омадам ва соли оянда аз ин дунё якҷо бо ӯ хоҳам рафт».
Ва гуфтаи ӯ ба тасбит расид: 21 апрели соли 1910 вақте перигейи (нуқтаи ба Замин наздиктарини ҳаракат) навбатии комета ба вуқӯъ пайваст, нависанда вафот кард.
***
Боре Твен, ҳангоми сафар дар Фаронса, савори поезд ба хонаи худ, ки воқеъ дар шаҳри Дижон  буд, мерафт. Нависанда аз ходими вагон дархост намуд, ки хоби сахт дораду вақте ҳаракати поезд дар Дижон суст шуд, ӯро бедор кунад.
Вале вақте нависанда, бедор шуд, субҳ дамидан дошту поезд вориди Париж мегашт. Твен дарк кард, ки поезд Дижонро пушти сар гузоштааст. Аз ин рӯ, ба сари ходими вагон бонг зад. Вай пасту баланд мегуфту роҳбалад табассум мекард. Зеро бонгу фарёди Твен дар назди сахтгӯйиҳои амрикоие, ки саҳван ба ҷойи ӯ дар Дижон фуромада буд, ҳеч буданд.
***
Репортёри ҷавони Вирҷиния-Ситии штати Невада — Марк Твен бо билярдбози ношиносе рӯ ба рӯ шуд. Ноошно ӯро ба бозии пулакии билярд хонд. Ва ҳатто ёдрас кард, ки бо дасти чапаш бозӣ мекунад. Ба нависанда суханони ӯ таъсир карданд ва ӯ тасмим гирифт, ки ба ҷавони ношинос чӣ будани билярдбозиро нишон медиҳад. Вале ноошно дар бозии аввал ҷайби нависандаро такид, яъне ҳамаи пулҳояшро бурд.
Твен аз ғояти ҳайрат дар худ гуфт: «Ҷавон бо дасти чап бозӣ кард, вале агар бо дасти рост бозӣ мекард, шояд ҳолам тангтар мешуд». Вале адиб намедонист, ки бо чапдасти чолоке рӯ ба рӯ омада буд.
***
Марк Твен ҳар боре, ки бо хонандагон вомехӯрд, бо латифа ва саргузаштҳои шавқангез табъи онҳоро болида месохт. 
Як рӯз, вақте дар кӯчаҳои шаҳри кӯчаке гаштугузор мекард, ҷавоне наздаш омада изҳор дошт, ки амаке дорад аз манзили ханда фарсахҳо дур, дар тӯли умр боре нахандидааст. Твен гуфт, ки дар вохӯрии навбатӣ амакашро ҳатман бо худ биёрад.
Дар маҳфили навбатӣ ҷавону амакаш паҳлӯи ҳам дар радаи аввал нишаста буданд. Марк Твен ба онҳо нигариста сухан оғоз кард. Барои тафсидани маҳфил нависанда аввал ҳодисаҳои шавқангезро аз ҳаёти худ нақл кард. Вале амаки ҷавон фикри хандидан надошт. Нотиқ аз ҳаёти дигарон ба нақли саргузаштҳои шавқангезтар шурӯъ кард. Ҳама, ба қавле, аз ханда рӯдакан мешуданду сурати рӯйи амак тағйир намеёфт. Марк Твен хиҷолат кашид, намедонист чӣ кор кунад.
Боре, вақте дар ин хусус ба дӯсташ нақл кард, дӯсташ худро аз ханда базӯр дошта, гуфт: «О, Марк, Марк, ту хеле содаӣ! Магар пай набурдӣ, ки он пирамард кари модарзод аст?»

Тарҷума ва таҳияи А. СУБҲОНОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: