МАРКАЗИ АДРАСБОФӢ ТАЪСИС ЁФТ

Барои ба амал татбиқ намудани Барномаи Президент «Ҳар як оила – соҳибкор» дар маҳалҳо ҳокимон, ёваронашон ва масъулони кумитаҳои бонувон ва кор бо ҷавонон мунтазам чораҳо меандешанд.

 Қишри бекор ва камбизоати аҳолиро бо шуғл фаро мегиранд.
Аз ҷумла, дар дурдасттарин маҳаллаи ҳудуди вилоят – «Янгидала»-и ноҳияи Мирзочӯл ду нафар соҳибкорзанон Маркази адрасбофӣ таъсис доданд.
Дар ин кор ҳокими ноҳия ва дигар мутасаддиён онҳоро дастгирӣ намуданд ва барои рӯйи об баровардани орзуҳо кумак  расониданд.
Бонувони соҳибкор аввал ба Марғелон рафта, дар он ҷо сирру асрори адрасбофиро аз бар намудаанд, ки ҳоло ба хоҳишмандон асрори касбу ҳунари адрасбофиро меомӯзонанд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: