Маркази амнияти киберӣ ба аҳолӣ ҳушдор дод

Вақтҳои охир файлҳои шубҳанок, махсусан тавассути шабакаи иҷтимоии Telegram, бо номи "222_руйҳат_кешенді_эмтиха н_нкт_тест_пмно_2024_Исправл_доcх.эхе" (ном метавонад тағйир ёбад) паҳн мешаванд.

Маркази амнияти кибер маълум кардааст, ки ин файл зарарнок аст ва он набояд корбарӣ ё паҳн карда шавад.

Агар барнома фаъол карда шавад, маълумотҳо аз ҳисоби корбар дар мессенҷери Telegram ба дигарон паҳн шуда, маълумоти нозук метавонад ба берун барояд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: