Дар маросими ифтитоҳи Маркази дастгирии иҷтимоӣ, ки аз 3 сентябр ба кор шурӯъ кард, намояндагони Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Донишгоҳи Колумбия, созмони кӯдакони ЮНИСЕФ ва намояндагони воситаҳои ахбору расонаҳо ширкат карданд.
Ифтитоҳи ин марказ барои Ӯзбекистони Нав иқдоми муҳим ва таърихӣ арзёбӣ гардид.
Он ба сифати маркази саъю ҳаракатҳои инноватсионӣ хидмат хоҳад кард ва дар ҳалли мушкилот, ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ, рушди сохтори хидмати иҷтимоӣ мусоидат хоҳад намуд.
Гуфта шуд, ки Маркази дастгирии иҷтимоӣ натиҷаи ҳамкориҳои Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ӯзбекистон бо Донишгоҳи Колумбия, ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мебошад ва ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудааст.
– Таъсиси ин марказ марҳалаи нави рушди хадамоти иҷтимоӣ ва дастгирии қишрҳои осебпазири аҳолӣ мебошад. Марказ на танҳо ҳамчун манбаи дониш ва навоварӣ, балки ҳамчун маконе хидмат хоҳад кард, ки кормандони иҷтимоӣ аз роҳи мубодилаи таҷриба метавонанд донишу маҳорати худро сайқал бахшанд, – гуфт муовини аввали директори Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ Шаҳноза Мирзиёева.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».