МАРКАЗИ «ДӮСТӢ» КУШОДА ШУД

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқи вилояти Тошканд боз як маркази маърифатии “Дӯстӣ” фаъолияти худро аз сари нав ба роҳ гузошт.

Ин марказ бо ташаббуси ректор Г. Муҳамедов бо мақсади таъмин намудани қадриятҳои умумибашарӣ, баробарҳуқуқии шаҳрвандон, адолати иҷтимоӣ ва дӯстиву осоиштагӣ, барқарории муносибатҳои миллӣ ҳанӯз дар моҳи октябри соли 2019 таъсис дода шуда буд. Ба сабаби бемории коронавирус ва дертар ба туфайли таъмири бинои донишгоҳ чанд муддат фаъолияти худро идома дода натавониста буд. Инак, ба қарибӣ пас аз таъмиру ҷиҳозондан ба ин марказ як қисми бино ҷудо карда шуд. Аз ин рӯ, бо ба эътибор гирифтани кори минбаъдаи марказ ба гурӯҳҳои тоҷикию қазоқӣ ва русӣ хонаҳои алоҳида ҷудо карда шуданд. Мақсадҳои марказ дар амал ҷорӣ намудани сиёсати якдилии байни миллат ва халқҳои қаламрави кишвар, эҳтироми дӯстии байниҳамдигарӣ ва рушди фарҳанги халқҳо, кумак ба ҷараёнҳои таълимии муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои вилояти Тошканд, ки дар онҳо таълим ба забонҳои тоҷикӣ, қазоқӣ ва русӣ бурда мешаванд, кумаки илмию методӣ ва ҳам барои таъмини адабиётҳои иловагӣ кумак расондан аст. Тибқи масоили инкишоф додани забон ва адабиёт, маърифат ва маданият бо марказҳои миллию маданӣ, ҳамватанони хориҷӣ алоқаҳои адабию фарҳангӣ ба роҳ мегузорад ва дар ҳамкорӣ бо онҳо анҷуманҳои илмию-амалӣ ташкил менамояд.
Ғайр аз ин, боз чандин вазифаҳоро дар назар дорад, ки ба мустаҳкамии дӯстии байни халқҳо, омӯхтани таърихи забон ва адабиёт, нигоҳ доштани осори хаттӣ, муҳофизати табиат, омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқ, омӯхтани дастхатҳои қадимӣ ва китобҳои ноёб нигаронда шудаанд.
Бо мадади Маркази миллию мадании тоҷикони шаҳри Чирчиқ – «Суғдиён» либосҳои миллӣ, китоб ва дигар маводи зарурӣ оварда шуд. Масъулини марказ ният доранд, ки омодагиҳоро ба гузарондани ҷашнҳои эҷодӣ доир ба зодрӯз ва ё бузургдошти аҳли илму адаб дар он ҷо ба роҳ монанд ва бо марказҳои фарҳангӣ  ҳамкорӣ намоянд.
Боиси хушнудист, ки ба истифода супурда шудани бинои нав ба рӯзҳои ҷашнгирии Рӯзи муаллимон ва мураббиён рост омад. 

Ҳикмат СУЛТОНЗОДА,
вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: