Дар ҷамъомади васеи Шӯрои «Маънавият ва маърифат»-и ҷумҳурӣ 22 декабри соли 2023 бобати талабҳои замон омода сохтани нуқтаҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳо назди масъулон вазифа гузошта шуда буд.
Бинобар ин дар ноҳияи Вобканд Маркази маданияти рақами 27-уми ноҳия ҳамчун Маркази фарҳанги намунавии ноҳия аз нав созмон ёфт.
Барои ин аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ маблағ ҷудо гардид. Дар натиҷа дар он ҷо барои мазмуннок гузаронидани вақти холии ҷавонон толори замонавии кино ташкил шуд. Бо мақсади мукаммалтар намудани фонди китобхон беш аз 500 нусха адабиёти бадеӣ оварда шуд. Иборат аз 7 намуд 48 асбоби мусиқии миллӣ, барои дастаю маҳфилҳо низ даҳҳо чунин воситаҳо, чароғҳои саҳна дастрас гардида, студияи сабти овоз ташкил карда шуд.
Ниҳоят маркази намунавии маданият таҷдид ёфт ва чанде пеш маросими кушодашавии он ба амал омад. Дар он ҷонишини ҳокими вилоят Ботирҷон Шаҳриёров, ҳокими ноҳия Фарҳод Умаров ба сухан баромада кормандони соҳа, собиқадорони меҳнат, ҷавонон ва падару модарони онҳоро бо дастрасшавии маркази нав – имкониятҳои нав муборакбод намуданд.
Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири
«Овози тоҷик».
Вилояти БУХОРО.