МАРКАЗИ ХИДМАТИ ДАВЛАТӢ ДАР БИНОҲОИ НАВ

Имрӯзҳо барои ҳаллу фасли ҳар гуна мушкилоти аҳолӣ марказҳои хидмати давлатӣ нақши муҳим мебозанд ва барои пешравии фаъолияташон имкониятҳои калон фароҳам меоварад.

Имрӯзҳо барои ҳаллу фасли ҳар гуна мушкилоти аҳолӣ марказҳои хидмати давлатӣ нақши муҳим мебозанд ва барои пешравии фаъолияташон имкониятҳои калон фароҳам меоварад.
Дар мамлакатамон баҳри пешгирии пандемияи коронавирус шаҳрвандон бештар ба марказҳои хидмати давлатӣ аз масофа муроҷиат мекунанд. Вале чунин намудҳои хидмат мавҷуд аст, ки иҷрояш фақат дар марказҳои хидмати давлатӣ ба роҳ монда мешавад. Дар чунин шароит низ кормандони марказ ба шаҳрвандон хидмати намунавӣ мерасонанд, ки меҳнаташон лоиқи таҳсин аст. 
Ба қарибӣ дар маркази шаҳри Чуст бинои нави хушсохт қад афрохта, дар он маркази хидматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон дари худро боз кард. Ба сохтмони марказ бо тарзи шарикии давлатӣ 2,5 миллиард сӯм харҷ гардида, аз тарафи бинокорони гулдасти корхонаи хусусии «Vest» сохта ба истифода супурда шуд. 
Аз сари сол то ҳозир аз тарафи ходимони марказ ба аҳолӣ зиёда аз 130 хидмати давлатӣ расонида шуд.
Дар бинои марказ қабулхонаи Президент, қабулхонаи Сарвазир, ташкилоти нодавлатию нотиҷоратии «Мадад» ва дигар хонаҳои алоҳида ҷойгир шудааст. Шаҳрвандон метавонанд дар ин ҷо барои ҳамаи саволҳояшон ҷавоб гиранд.
Инчунин дар марказ барои шаҳрвандон гӯшаи маслиҳат, майдончаи бачаҳо, китобхона, хонаи тиббӣ ҷудо карда шудааст.
Кормандони марказ аз сари сол то ҳозир ба шаҳрвандон қариб 17 ҳазор хидмати давлатӣ расониданд. Аз ин 945-тоаш барои соҳибкорон ва 15 ҳазору 511-тоаш барои дигар навъҳои хидматрасонӣ нигаронида шудааст.
– Ҳамаи шароите, ки дар марказ ҷойгир шудааст, ба ман писанд  омад.  Барои гирифтани маълумотномаи бойгонии ҚАҲШ омада будам. Дарҳол корамро ҳал карданд. Барои муносибати хубашон ба кормандони марказ ташаккур мегӯям, – гуфт корафтода Ш. Эргашева. 
– Барои расмисозии ҳуҷҷати кадастр ба марказ муроҷиат кардам. Дар муддати 3 рӯзи муайяншуда муроҷиатам ҳаллу фасл гардид, – гуфт сокини шаҳри Чуст М. Холмирзоев.
Инчунин ходимони марказҳои хидмати давлатии ноҳияҳои Чортоқ ва Уйчии вилояти Намангон низ дар биноҳои нав фаъолияташонро  оғоз намуданд.
Рӯзҳои наздик ходимони марказҳои хидмати давлатии ноҳияҳои Косонсой ва Мингбулоқ ҳам дар биноҳои нав фаъолият мебаранд.

А. МУРОДОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: