МАРКАЗИ IT БА ИСТИФОДА СУПУРДА ШУД

Дар Донишкадаи сохтмону муҳандисии шаҳри Намангон маросими ба истифода супурдани Маркази IT шуда гузашт.

Дар Донишкадаи сохтмону муҳандисии шаҳри Намангон маросими ба истифода супурдани Маркази IT шуда гузашт.
Маскани мазкур марказҳои инкубатсия, дастгирии технология ва инноватсияҳоро дар бар мегирад.
Маркази инкубатсия ба ҷавонон оиди стартапҳо дониши асосӣ ва фундаменталӣ дода, ба онҳо ҳамчун соҳибкор намоён шудан дар соҳаи технологияҳои ахбор имкон фароҳам меорад.
Ба мутахассисони соҳа дар созмони лоиҳаи инноватсионӣ тавсия ва маслиҳатҳо пеш меоянд.
Дар Маркази дастгирии технология ва инноватсияҳо талабаҳо барои ҳалли муаммоҳо, ба амал баровардани лоиҳа бо мутахассис ва вакилони идораҳои давлатӣ имконияти ҳамкорӣ карданро пайдо мекунанд.
Барои барпо намудани маркази мазкур 1,3 миллиард сӯм маблағ сарф гардид. Ин ҷо зал-конференси бо компутерҳои замонавӣ муҷаҳҳазшуда мавҷуд аст, ки аз он дар як вақт 60 нафар талаба истифода бурда метавонад.
Ғайр аз ин маҳфилҳои сабақи технологияҳои ахбор ва инноватсия, хонаи алоқаи Zoom барои фикривазкуниву маслиҳатгирӣ бо ҳамсолон, хонаҳои истироҳатӣ, мулоқот бо психолог, китобхонаи муъҷаз дар хидмати талабагон мебошад.
Дар рафти чорабинӣ тақдимоти стартапи лоиҳаҳои аз ҷониби талабаҳои боиқтидор ва магистрҳо пешниҳодшуда барпо гардид.
Дар суратҳо: дар маркази IT.                 Суратгир: Ҳ. МАМАДАЛИЕВ (ӮзА).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: