МАРКАЗИ ҶАВОҲИРОТ КОРИ ХУДРО ШУРӮЪ КАРД

Дар шаҳри Тирмиз маркази ҷавоҳирот кори худро оғоз намуд.

Маркази наве, ки аз ҷониби корхонаи хусусии «Акбар Тирмизӣ» бунёд гардид, тамоми ҷараёни истеҳсолотро то фурӯши он дар бар мегирад. Марказ дар бинои сеошёна ҷойгир шуда, он тамоми соҳибкоронеро, ки дар соҳаи ҷавоҳирот фаъолият доранд, ҷамъ намудааст.
– Ман бо ин кор қариб даҳ сол аст, ки машғулам, – мегӯяд соҳибкори хусусӣ Илҳом Солиев. – То ҳол кормандони соҳа дар қисмҳои гуногуни шаҳр биноҳоро ба иҷора мегирифтанд. Минбаъд мо дар як бино кор мекунем, ки ин ба табодули таҷриба, боз ҳам сифатноктар истеҳсол намудани маҳсулот мусоидат хоҳад кард.
Барои таъмир ва ба вуҷуд овардани тамоми шароит се миллиард сӯм кредити бонк ва як миллиард сӯм пули хусусии соҳибкорон харҷ гардид. Ошёнаи якуми маҷмӯа барои фурӯши маҳсулоти заргарӣ, ошёнаи дуюм барои истеҳсоли он ва ошёнаи сеюм барои маркази таълими омӯзиши заргарон ҷудо карда шудааст. Ба туфайли ин лоиҳа сад ҷойи нави  кор ба вуҷуд оварда шуд.
Бино бар маълумот, дар вилоят соле қариб 18 ҳазор тӯй баргузор мегардад. Агар ҳар як ҷуфте, ки ақди никоҳ менамояд, дудонагӣ ангуштарини сеграммӣ харид намояд, пас соле 36 ҳазор ё худ 108 килограмм ангуштарини никоҳ ба фурӯш мерасад.
– Бинобар ҳисобу китоби пешакӣ, аз хариди чаканаи маҳсулоти ҷавоҳирӣ дар марказ соли оянда дар ҳудуди 4 миллиард сӯм даромад ба даст омада, ба буҷаи давлат 200 миллион сӯм ворид мегардад, – мегӯяд муассиси корхонаи хусусии «Акбар Тирмизӣ» С.Эргашев.
Дар маросим ҳокими вилояти Сурхондарё Т.Боболов баромад намуд.

Холмуъмин 
МАМАДРАИМОВ,
хабарнигори ӮзА. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: