МАРКАЗИ КОСОНСОЙ ОБОД ШУД

Дар ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон корҳое, ки дар доираи барномаи «Обод марказ» амалӣ мешаванд, бомуваффақият анҷом ёфтанд.

Дар натиҷа зиёда аз 30 иншооти таҷдид ва куллан таъмиргардидаи иҷтимоиву иқтисодӣ ба истифода супурда шуданд.
Чорабинии тантанавие, ки дар шаҳри Косонсой бино бар ин иқдом бо иштироки ашхоси масъули ҳокимиятҳои вилоятиву ноҳиявӣ, раёсатҳои мухталиф, созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ, намояндагони насли куҳансол ва ҷавонон баргузор шуд, ба ҷашни ҳақиқӣ табдил ёфт.
Шаҳри Косонсой, ки гузаштаи 2200-сола дорад, дар таърихи давлатдории ӯзбек нақши муҳим мебозад ва яке аз марказҳои маъмуриест, ки дорои қалъаҳои куҳна ва истеҳкомҳои таърихӣ аст. Минтақа аз нуқтаи назари иқтидори иҷтимоиву иқтисодии вилояти Намангон, ки дар ин ҷо санъату ҳунармандӣ, саёҳати тиббӣ бо суръатҳои баланд инкишоф меёбанду бисёр ҷойҳои муқаддас мавҷуданд, низ мавқеи назаррас дорад.
Ҳоли ҳозир дар 59 маҳаллаи ноҳия беш аз 200 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Тақрибан ҳазор корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, аз ҷумла 13 корхонаи муштарак амал мекунанд, саҳми хоҷагии қишлоқ ва соҳаҳои дигари иқтисодиёт дар саноати вилоят зиёда аз 3,5 фоизро ташкил медиҳад.
Мувофиқи супоришҳое, ки Президенти кишварамон ҳангоми сафараш ба вилоят 28 феврал ва 1 марти соли равон дода буд, инчунин дар доираи барномаи «Обод марказ» баробари бисёр ноҳияҳои вилоят дар шаҳри Косонсой низ корҳои васеъмиқёси сохтмону таъмир, аз ҷумла бино бар ободонӣ ва кабудизоркунӣ баргузор шуданд.
Чунончи, дар 31 иншоот корҳои сохтмон ва сохтмону таъмир иҷро гардиданд. Барои онҳо аз ҳисоби маблағҳои барномаи «Обод марказ» 33,8 миллиард сӯм, аз ҳисоби маблағҳои худии корхона, созмон ва соҳибкорон 35,4 миллиард сӯм, аз ҳисоби маблағи вомҳои бонкӣ 13,2 миллиард, аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ 7,38 миллиард, умуман 89,78 миллиард сӯм равона гардид.
Ба мақсади бо об таъмин кардани маркази ноҳия мувофиқи лоиҳаи арзишаш 8,7 миллиард сӯм ба масофаи 4,4 километр нақли об ва ба дарозии 2 километр низоми канализатсия гузошта шуд. Дар натиҷаи ин беш аз 20 ҳазор нафаре, ки дар 4200 хонаҳои ноҳия зисту зиндагӣ мекунанд, бо оби ошомиданӣ таъмин шуданд.
Яке аз мушкилоти ҷиддии аҳолӣ дар тӯли солҳои зиёд ҳолати бади роҳҳо буд. Аз ҳисоби 3,4 миллиард сӯм маблағ тақрибан 19 километр роҳҳои автомобилгард таъмир гардида, роҳравҳо сохта ва дар шафати роҳҳо фурӯзонакҳои каммасраф гузошта шуданд. Дар натиҷаи ин мушкилоти мавҷуда бартараф шуда, шаҳр қиёфаи тоза пайдо кард.
Дар маркази шаҳр мувофиқи барнома Маркази миллии маданӣ бунёд гардид. Биноҳои маъмурии 5 коллеҷи касбӣ, толорҳои варзишии 2 коллеҷи касбӣ, биноҳои инспексияи давлатии андоз, прокуратура ва кинотеатр пурра таъмир карда шуданд.
Пас аз таҷдид мувофиқи лоиҳаи арзишаш 2 миллиард сӯмина Боғи маданият ва истироҳати Косонсой ба яке аз мавзеъҳои ҷолибтарини ноҳия табдил ёфт.
Ба мақсади абадӣ гардонидани хотираи ҳамватанони мо, ки ҳаёти худро барои ҳифзи Ватан бахшидаанд ва беш аз 2 ҳазор нафар косонсоиёне, ки аз майдонҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон баргаштаанд, Боғи хотира бунёд ёфта, ҳайкали Модари мотамзада гузошта шуд.
Ғайр аз ин, дар маркази ноҳия аз ҳисоби вомҳои бонкӣ ва маблағҳои худии соҳибкорон 5 нуқтаи нави савдо ва хидмати маишӣ бунёд гардида, 96 чунин иншооти аллакай мавҷуда, 6 хонаи бисёрошёна таъмир карда шуданд.
Дар натиҷаи чунин корҳои васеъмиқёси созандагӣ, ки дар доираи барномаи «Обод марказ» анҷом ёфтанд, Косонсой ба шаҳри зебои дорои инфрасохтори замонавӣ табдил гардид, ки ба минбаъд боло бардоштани маданияти зиндагонии аҳолии маҳаллӣ хидмат мекунад.
Дар чорабинии тантанавӣ мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Т. Худойбергенов, ҳокими вилоят Х. Бозоров иштирок карданд.

Акрамҷон САТТОРОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: