Китобхонаи бачагонаи вилоятамон соли 1933 дар шаҳри Намангон бо 300 нусха китоб созмон ёфта, шумораи китобхонҳо 97 нафар будааст.
Китобхонаи бачагонаи вилоятамон соли 1933 дар шаҳри Намангон бо 300 нусха китоб созмон ёфта, шумораи китобхонҳо 97 нафар будааст. Сол то сол шумораи китобҳо ва китобхонон зиёд шуда, ҳоло дар 8 шуъба,қариб 100 ҳазор нусха китоб вуҷуд дошта, ба 7250 нафар китобхон хидмат мерасонад.
Дар китобхона аз рӯйи иҷрои қарор ва фармонҳои Президент, фармоишҳои Вазорати таълими халқ, ба муносибати зодрӯзи алломаҳои бузург, шоир ва нависандагон тадбирҳои маънавию маърифатӣ, шабнишиниҳои адабӣ-бадеӣ, суҳбатҳои мизи мудаввар, шиносоӣ бо асарҳои нави шоир ва нависандагон, тақдимоти китобҳо, инчунин барои зиёд кардани шавқи бачагон ба китоб чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд.
Мо кормандони китобхона аз рӯйи низоми пешбинишуда бино бар баланд бардоштани маънавияти ҷавонон, васеъ тарғиб намудани китобхонӣ бо 14 шаҳру ноҳия ва 712 мактаби таълимоти ҳамагонии вилоят ҳамкории доимӣ ва корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ монда истодаем.
Инчунин, дар китобхонаамон аксияҳои «Рӯзҳои адабиёт», «Ба як фарзанд – 100 китоб» баргузор гардида, озмун-азназаргузарониҳои «Беҳтарин китобхони ҷавон», «Беҳтарин хонандаи китобхон», «Китобхоначии фаъол», озмуни «Қизларҷон», «Донандагони асарҳои Ӯткир Ҳошимов» баргузор мегарданд.
Ҳар сол ба муносибати зодрӯзи Алишери Навоӣ, Заҳириддин Муҳаммад Бобур ва дигар шоиру нависандагон вохӯриву шабнишиниҳои адабӣ барпо мегарданд.
Сарвари давлат ҳангоми ташриф ба вилоятамон ба китобхона гузоштани номи аввалин Шоири мардумии Ӯзбекистон Муҳаммадшариф Сӯфизодаро пешниҳод кард, ки ин пешниҳод кормандони китобхонаро рӯҳбаланд сохта, барои боз ҳам зиёд кардани сафи китобхонони ҷавон аз таҳти дил меҳнат мекунем.
Т. МАҶИДОВА,
П. ЭРГАШЕВА,
кормандони шуъбаи
хидматрасонии китобхонаи бачагонаи вилояти Намангон.