МАРКАЗИ МАТБУОТ СОЗМОН ДОДА ШУД

Дар маркази ахбору китобхонаи ба номи Адиб Собири Тирмизии вилояти Сурхондарё маркази матбуоти Ҷашнвораи байналхалқии ҳунари бахшигӣ, ки 5—10 апрел дар шаҳри Тирмиз баргузор хоҳад шуд, ба кор шурӯъ кард.

Барои ҳамаҷониба  равшан намудани ин чорабинии бонуфуз, ки дар доираи иҷрои қарори Президент «Дар бораи баргузор намудани Ҷашнвораи байналхалқии ҳунари бахшигӣ», аз 1 ноябри соли 2018 баргузор мешавад, иштироки 30 нафар хабарнигор аз 20 давлати дунё ва намояндагони расонаҳои ахбори оммавии кишварамон дар мадди назар аст.
— Ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир намудани хориҷиён ба чорабинии мазкур, ки арзишҳои бостонӣ ва абадзиндаи моро таҷассум менамояд, беҳуда нест, — мегӯяд роҳбари маркази матбуот, сармуҳаррири маҷаллаи «Кино санъати» Лазиз Тангриев. — Зеро, таърихи ғанӣ, зинаҳои рушди илму фан ва фарҳангу ҳунари воҳаи Сурхон, ки яке аз гаҳвораҳои тамаддуни умумибашарист, барои ҳамагон мароқангез аст. Ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносӣ аз ҳудуди вилоят пайкара ва пораҳои зиёди асбоби мусиқӣ ба даст омадаанд. Ин аз он далолат медиҳад, ки мусиқиву ҳунар дар ин сарзамин  дар қарнҳои IV - II пеш аз милод ба вуҷуд омадааст. Бозёфтҳои ин марзу бум ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи муаррихон ва бостоншиносони ҷаҳон қарор доштааст.
Дар доираи Ҷашнвораи байналхалқӣ, ки бахшиён, олимони фолклоршинос ва алоқамандони мероси фарҳанги ғайримоддиро ба ин гӯшаи бостонӣ гирдиҳам меоварад, нашри достонҳои нодир ва тақдимоти китобҳои илмӣ пешбинӣ шудааст. Баргузор намудани намоишгоҳҳо доир ба рушди ҳунари бахшигӣ, ҳунармандии халқӣ, либосу созҳои миллӣ, осори санъати тасвирию амалӣ ва ҳакалтарошӣ низ дар мадди назар аст. Озмун-азназаргузаронии бахшиён ва конфронси илмӣ баргузор  мегардад, ба ҷойҳои таърихӣ ва ҷолиби диққати воҳа саёҳатҳо ташкил дода хоҳад шуд.
Дар маркази матбуот барои саривақт хабардор кардани оламиён бо таассуроти иштирокдорони ҷашнвора ва паёмҳои дигаре, ки ба ин чорабинии бонуфуз иртибот дорад, шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Толори муҳташами  муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир бо шабакаи глобалӣ пайваст гардид. Минтақаи Wi-Fi, ки бо намунаҳои эҷодиёти даҳонакии халқ ва китобҳои нодир ҷиҳозонида шудааст, созмон дода шуд. Барои ташкил додани кофе-брейкҳо ҷойҳои махсус ҷудо карда шуданд. Ин ҳама барои дар сатҳи баланд гузаронидани Ҷашнвораи байналхалқӣ хидмат менамояд.

Холмӯъмин МАМАТРАЙИМОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: