Хазинаи иҷтимоии назди Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Фарғона моҳи марти соли равон бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии “Соли гиромидошти инсон ва маҳаллаи фаъол” озмуни якуми худро эълон карда буд.
Он таҳти унвони “Дастгирии лоиҳаҳои ниҳодҳои ҷамъиятӣ” баргузор гардид.
Дар ин озмун аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ 25 лоиҳа ширкат намудааст.
Бар асоси натиҷагириҳо лоиҳаи “Дӯстӣ – гарави амну субот”-и Маркази миллӣ-фарҳангии вилоятии тоҷикон низ яке аз ғолибони ин озмун муаррифӣ шудааст, ки соҳиби 40 миллион сӯм грант гардидааст.
– Хеле хурсандам, ки ин лоиҳаи мо мавриди назари ҳайати доварон қарор гирифт ва пирӯз шуд. Маблағе, ки барои мо ҷудо кардаанд, мусоидат хоҳад кард, ки чанд нақшаи худро дар бобати рушди забон ва фарҳанги миллӣ, тарғиби дӯстиву рафоқати байни миллатҳои маскуни вилоят сарф кунем, – мегӯяд раиси марказ Масъуд Мирзоев.
Ногуфта намонад, ки соли гузашта ҳокимияти вилоят дар қатори марказҳои дигари миллӣ ба Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон низ мошини сабукрави “Дамас” ҷудо карда буд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.