Маркази мукаммали миллӣ ва замонавӣ

  • Маркази мукаммали миллӣ ва замонавӣ
  • Маркази мукаммали миллӣ ва замонавӣ

«Маркази ҳунармандон»-и шаҳри Шаҳрисабзро ба маънои том ба галереяи санъат шабоҳат додан мумкин.

 Аксари ҳунармандоне, ки ин ҷо фаъолият мебаранд, аз намояндагони аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ камбизоат мебошанд. Дар натиҷаи чорабиниҳои амалии таъмини занону духтарон бо ҷойи кор, имрӯзҳо ин ҷо занони коромӯхта ба дараҷаи шогирдтайёркунӣ расидаанд.
– То қарибӣ бо ягон кори доимӣ машғул набудам, – мегӯяд Нафиса Раҳмоноваи шаҳрисабзӣ. – Ба марказ омада дар қатори дигарон барои омӯхтани ҳунар ва баланд бардоштани ихтисоси худ ба водӣ рафтанам хеле мадад расонд. Имрӯзҳо қолинбофиро ба дараҷаи санъат расонда, аз паси меҳнат даромади хуб мегирам.
Таъкид намудан ҷоиз аст, ки аксарияти ҳунармандони марказро занону духтарон ташкил медиҳанд. Ғайр аз ин дар марказ барои заноне, ки имкони ҳар рӯз ба кор омадан надоранд, самти хонакорӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар суратҳо: дар «Маркази ҳунармандон»-и шаҳри Шаҳрисабз.
Суратгир: Ҷ. НОРҚОБИЛОВ (ӮзА).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: