МАРКАЗИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР САМАРҚАНД – ТАҶАССУМИ ИБТИДОИ ЭҲЁИ СЕЮМ

Суханронии Президенти Ӯзбекистон дар маросими ифтитоҳи Маркази байналмилалии сайёҳии «Роҳи бузурги абрешим» дар матбуоти хориҷӣ акси садо пайдо кард.

Маросими ифтитоҳи расмии Маркази байналмилалии сайёҳии “Роҳи бузурги абрешим”, ки бо иштироки Президент Шавкат Мирзиёев 23 август дар Самарқанд баргузор гардид, дар воситаҳои ахбори оммавии хориҷӣ, аз он ҷумла байналмилалӣ васеъ равшан карда шуд. 
Агентии иттилоотии “Anadolu”-и  туркӣ хабар медиҳад, ки сарвари Ӯзбекистон зимни ифтитоҳи маркази сайёҳӣ, таъкид кард, ки шаҳри Самарқанд пояи давлатдории Ӯзбекистон буда, дар ташаккул ва рушди халқи ӯзбек нақши муҳим бозидааст.
«Ин маркази аҷиб идомаи анъанаҳои меъмории аз ҷониби аҷдодони бузурги мо бунёдшуда мебошад. Боварӣ дорам, ки он пули рамзӣ дар байни таърихи пуршарафи мо ва Эҳёи сеюм, ки ҳоло мо таҳкурсии онро ташкил карда истодаем, табдил хоҳад ёфт. Маҷмӯаи “Роҳи бузурги абрешим” дарҳои Ӯзбекистони ба рӯйи ҷаҳон васеъ кушода», — иқтибос меорад агентӣ аз суханони Президент. 
Гуфта мешавад, ки маркази серсоҳа 8 меҳмонхонаи замонавӣ, конгресс-холл, маҷмааи «Шаҳри абадӣ», амфитеатр ва бисёр иншооти дигарро дар бар мегирад. Дар ин ҷо бозори кӯҳна, 40 устохонаи ҳунармандӣ аз рӯйи анъанаҳои ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ мавҷуд аст. Дар онҳо ҳунармандон аз рӯйи кандакории чӯб, кулолгарӣ, коғази абрешимӣ, заргарӣ ва қолинбофӣ дарсҳои маҳорат мегузаронанд.
Дар биноҳои маҷмӯа расмҳои таърихии даврони Роҳи бузурги абрешим инъикос ёфтаанд. Ҳамин тариқ, ҳангоми тарҳрезии ансамбли «Шаҳри абадӣ» аз сюжети фрески дар девори Афросиёби бостонӣ маҳфузбуда, ки дар он маросими пазироии сафирони Корея, Чин, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо аз ҷониби ҳокими давлати Суғд тасвир ёфтааст, истифода шудааст. Маркази нави сайёҳӣ қодир аст, ки соле ба 2 миллион нафар сайёҳон хизмат расонад.
Агентии бонуфузи иттилоотии «Синхуа»-и Чин менигорад, ки лоиҳаи азими сохтмони маҷмӯи бузург дар майдони 212 гектари шафати роҳи канали заврақронии ноҳияи Самарқанд дар соли 2019 бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев оғоз ёфта буд.
Меҳмонхонаҳои замонавӣ ва конгресс-холл барои баргузории чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ шароит фароҳам меоранд. Хабарнигори “Синхуа” аз ҷойи ҳодиса хабар дод, ки раҳбари Ӯзбекистон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи марказ ҳамаро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрик гуфт.
Интернет портали ИДМ ва “Радиои ИДМ” хабар паҳн кард, ки  Президент Шавкат Мирзиёев баробари ба Самарқанд омадан дар ҳудуди маҷмӯи “Шаҳри абадӣ” бо намояндагони насли калонсол ва зиёиёни Самарқанд мулоқот анҷом дод.  Бо орзуи он, ки сохтмонҳои нав ба манфиати халқамон муддати дароз хизмат кунанд, дуо хонда шуд. 
«Самарқанд шаҳрест, ки пояи давлатдории миллии мост ва дар ташаккул ва рушди ду давраи Эҳё дар таърихи мо нақши муҳим бозидааст. Сайёҳон ба ин ҷо асосан барои тамошои ёдгориҳои кадима ва зиёрати зиёратгоҳи ин ҷо меомаданд. Барои дигар соҳаҳои сайёҳӣ ягон маҷмааи замонавӣ вуҷуд надошт», – оварда шудааст суханони сарвари давлат дар портал. 
Таъкид мешавад, ки дар ба ин маҷмаа дода шудани номи “Роҳи бузурги абрешим” маънои амиқ ниҳон аст. Биноҳои маҷмаа расмҳои таърихии даврони Роҳи бузурги абрешимро инъикос мекунанд. Ҳамин тариқ, ҳангоми тарҳрезии ансамбли «Шаҳри абадӣ» аз сюжети фрески дар девори Афросиёби бостон маҳфузбуда, ки дар он маросими пазироии сафирони Корея, Чин, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо аз ҷониби ҳокими давлати Суғдиён тасвир шудааст, истифода шудааст. 
Ба ғайр аз ин, меҳмонхонаҳои замонавӣ ва конгресс-холл барои баргузории чорабиниҳои миқёсаш васеъ шароит фароҳам меоваранд. Ба наздикӣ дар ин ҷо чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони туркӣ баргузор мешаванд. Соли оянда дар ин шаҳри бостонӣ ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ баргузор мешавад. 
Таъкид мешавад, ки барномаи мусиқии «Достони шаҳри абадӣ» таҷассуми образноки маркази нав шудааст. Намоиш, ки санъати халқи мо ва ҷаҳонро ба ҳам пайвастааст, ба тантана фазои махсус бахшид. 
“Радиои ИДМ” ҳамчунин хабар дод, ки дар бунёди маркази сайёҳӣ мутахассисони Олмон, Британияи Кабир ва Туркия ширкат кардаанд. Дар давоми сол Маркази «Роҳи бузурги абрешим» метавонад то 2 миллион нафар сайёҳонро қабул кунад ва дар панҷсолаи ҷорӣ шумораи онҳо ба 9 миллион нафар расонда мешавад. 
Соли оянда дар толори конгресс-холли маркази сайёҳӣ ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ баргузор мешавад. Илова бар ин, баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, аз қабили Ҳамоиши СҲШ ва мулоқотҳои президентҳои кишварҳои узви Созмони кишварҳои туркӣ дар назар аст.
Расонаҳои Русия, бахусус оҷонсиҳои бонуфузи хабарии РИА “Новости”, “ТАСС” дар бораи тантанаҳо дар Самарқанд гузоришҳои интернетӣ нашр карданд. 
Агентии «Regnum» дар баробари паём дар бораи имкониятҳои маркази нави сайёҳӣ аз суханони Президенти Ӯзбекистон истинод мекунад, ки Амир Темури бузург бесабаб Самарқандро пойтахти давлати абарқудрате, ки асос гузоштааст, интихоб накардааст. Сарвари Ӯзбекистон таъкид кард, ки анъанаҳои неки дар ин сарзамин ташаккулёфтаро идома дода, ҷиҳати эҳёи шукӯҳи таърихии Самарқанд ҷиҳати боз ҳам зеботару бароҳаттар гардонидани он, ба шаҳраки воқеии маркази сайёҳии байналмилалӣ табдил додани он корҳои васеъмиқёс ба амал бароварда мешаванд. 
«Анҷоми сохтмони маҷмааи “Роҳи бузурги абрешим” боз як қадами муҳим дар ин самт гардид», – навиштааст хабаргузории “Regnum” аз суханони Президент. 
Хабаргузории «Фарғона» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳудуди маркази сайёҳии «Роҳи бузурги абрешим» маҷмааи Маркази конгресс воқеъ аст, ки рӯзҳои 15-16 сентябр дар он ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад. Гуфта мешавад, ки масоҳати Маркази конгресс 18 ҳазор метри мураббаъ буда, 13 толори конфронс бо зарфияти то 3,5 ҳазор иштирокчӣ мавҷуд аст.
«Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи “Роҳи бузурги абрешим” суханронӣ намуда, салоҳияти сайёҳии Самарқандро қайд кард. Вай эълон кард, ки шумораи сайёҳони хориҷӣ ба ин шаҳр бештар аз якуним миллион нафар зиёд карда шавад. Умуман, дар назди мақомот вазифа гузошта шудааст, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми сайёҳон ба Ӯзбекистонро аз 2 миллион нафари ҳозира ба 9 миллион нафар расонанд. Интизор меравад, ки шумори шаҳрвандони Ӯзбекистон дар бахши сайёҳӣ беш аз 500 ҳазор нафар шавад”, — навиштааст нашрия. 
Гузориши аксу видеоии хабаргузории АИ “Спутник” дар баробари маълумот дар бораи ин марказ ва маросими ифтитоҳи он барномаи мусиқии «Достони шаҳри абадӣ»-ро инъикос кардааст. «Намоише, ки санъати халқи ӯзбек ва ҷаҳонро муттаҳид кард, ба маросим фазои махсус бахшид», — қайд мекунад “Спутник”.
АИ «Buying Business Travel Russia» таъкид мекунад, ки маркази сайёҳӣ бузургтарин объекти ба худ хос дар Осиёи Марказӣ мебошад. Аз ин рӯ, ба маросими бошукӯҳи ифтитоҳ беҳтарин ходимони фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон ва байналмилалӣ, балетмейстерҳо, продюсерҳо, ороишгарони садо, рӯшноӣ ва либосҳо ҷалб карда шуданд. Дар маҷмӯъ тақрибан 700 нафар ҳастанд. Режиссёр-саҳнагузорандаи чорабиниҳои тантанавӣ Андрей Болтенко, режиссёри «Евровидения 2009» ва маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2014 дар Сочи буд. Тарҳрези ороишгари намоиш Зиновий Марголин, барандаи чаҳоркаратаи Ҷоизаи «Ниқоби тиллоӣ» буд, ки дар театрҳои Калон ва Мариинский, Театри бадеии Маскав ба номи А.П.Чехов, дар «Операи нов»-и Маскав ва дар бисёр ҷойҳои дигари ҷаҳон таҷрибаи корӣ дорад.
Гуфта мешавад, ки арзиши умумии марказ ҳудуди 550 миллион долларро ташкил дода, аз ҳисоби сармоягузории мустақим аз ҷониби пудратчии генералӣ Enter Engineering, Хазинаи «Роҳи абрешим», бонкҳои Швейтсария ва Ӯзбекистон ҷалб шудааст.
Чорабинии мазкур инчунин дар портали иттилоотии «Вестник Кавказа» (Русия), дар ВАО-и пешрафтаи Осиёи Марказӣ – Агентии хабарии «Kaзинформ», Forbes.kz (Қазоқистон), хабаргузории «Кабар» (Қирғизистон), АХ «ASIA-Plus» (Тоҷикистон), инчунин бисёр дигар захираҳои иттилоотӣ инъикос ёфтааст. Онҳо хабар доданд, ки Президенти Ӯзбекистон дар маросими ифтитоҳи ин марказ дар Самарқанд низ аз ифтитоҳи чунин марказҳо дар Бухоро ва сипас дар тамоми манотиқи кишвар хабар дод.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: