МАРКАЗИ НАВИ ТИББӢ БАРОИ ЗАНОН

Аз корҳои хона ҳеҷ гоҳ хасташавиро ҳис намекунад.

Аз лаҳзаи дар батнаш ба вуҷуд омадани нишонаи ҳаёти нав то ба дунё омадани кӯдак, ба воя расондану тарбия намудани он оромиро намедонад. Ҳатто фарзандаш падар ё ки  модар шавад ҳам, ғаму ташвиши онро мехӯрад. Дар ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ фидокорона меҳнат мекунад. Оре, ин зан аст, ки ба ҷуссаи нозукаш нигоҳ накарда, дар ҳар ҷо комгор мегардад.
Чунки вай ҳамеша аз худ дида бештар ташвиши наздиконашро мекунад. Аммо, он чиз ҳақиқат аст, ки худи ӯ ба ғамхорӣ ва муносибати эҳтиёткорона муҳтоҷ аст. Хусусан, сиҳатии вай аз тамоми вазифаҳои ба зиммааш гузошта муҳим мебошад. Барои ин маркази замонавии тиббии «AYOL CARE», ки дар ноҳияи Яшнободи пойтахт ба истифода супурда шуд, ба фаъолият шурӯъ намуд. 
Дар маросими кушоиши тантанавии марказ вазири нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Шодмонов ва Зироатхон Мирзиёева иштирок карданд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки эҳтиёткорона муносибат зоҳир намудан ба занон, бачаҳо, ки идомадиҳандагони авлоди мо мебошанд, муносибати эҳтиёткорона ба миллат, халқ ва фардоро мефаҳмонад. «AYOL CARE» ба ин вазифаи муҳим ва масъулиятнок камар бастааст.
Марказ барои ташхис, табобати касалиҳои занона ва ҷарроҳиҳои мурракаб махсусонида шудааст. Дигар хел ифода намоем, мақсад аз созмон додани он ҳифз ва мустаҳкам намудани сиҳатии занони синну соли репродуктивӣ мебошад. Барои ин дар марказ бобати аз усулҳои мухталифи тадқиқот истифода бурда, ба таври маҷмӯъ баҳо додан ба сиҳатии занон тамоми имкониятҳо мавҷуд мебошад. 
– Дар тӯли се соли охир дар мамлакатамон барои рушди тиббиёти хусусӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд. Дар айни ҳол миқдори клиникаҳои хусусӣ аз 5300 адад гузашт. Он чиз ҷолиби диққат аст, ки намудҳои хидматҳое, ки аз ҷониби сектори хусусӣ расонда мешаванд, аз 50 то 126 адад афзуд. Клиникаҳо то 1 январи соли 2022 аз додани андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ,  боҷи гумрукӣ барои таҷҳизоти нави овардашаванда, қисмҳои эҳтиётӣ ва маҷмӯъҳо, материалҳои зарурӣ озод карда шудаанд. Дар натиҷаи чунин имкониятҳо дар тӯли ду соли охир фаъолияти 1650 муассисаи хусусии тиббӣ ба роҳ монда шуд. Хурсандиовар аст, ки имрӯз дар мамлакатамон дар асоси технологияҳои баланд боз як марказ ба кор шурӯъ мекунад. Умед дорем, ки филиалҳои «AYOL CARE»-ро на танҳо дар минтақаҳои мамлакатамон, балки мамлакатҳои ҳамсоя кушода, онро на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар Осиёи Марказӣ ба муассисаи бонуфуз табдил медиҳем, – гуфт вазири нигаҳдории тандурустӣ Алишер Шодмонов. 
Барои роҳандозии фаъолияти марказ ба миқдори 45 миллиард сӯм маблағ равона карда шудааст. Муассисаи тиббӣ бо техникаву технологияҳои тиббии истеҳсоли Олмон, Фаронса ва Куриёи Ҷанубӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Мухтасар ифода намоем, соҳиби технологияҳои диагностикии охирини тиббиёти ҷаҳон – аппарати замонавии УЗИ, рентгени рақамӣ, маммограф, ЭКГ, кольпоскоп, кардиотокограф, ки задани дили ҳомиларо муайян менамояд,  лабораторияи таҳлили иммунокимиёвӣ ва биокимиёвӣ мебошад.
Дар клиника бинобар ихтисосҳои гинеколог, кардиолог, терапевт, невропатолог ва эндокринолог олимони номдору шифокорони соҳибмалака хидмат мерасонанд. 
Хонаҳои ҷарроҳӣ ва таҷҳизоти тиббии марказ пурра ҷавобгӯйи андозаҳои байналхалқӣ мебошанд. Хусусан, бо ёрии рентген ва маммограф, эндоскоп, гинеколог ва курсии автоматӣ, колпоскоп, ҷиҳозҳои лаборатории автоматикӣ, таҷҳизоти плазмагии стерилизаторӣ имконияти бомуваффақият гузарондани тамоми намудҳои ҷарроҳӣ фароҳам оварда шудааст. 
Клиника аз дигар муассисаҳои хусусии тиббӣ чӣ гуна ҷиҳатҳои фарқкунанда дорад? Ба ин гуна суолҳо рағбат зоҳир намудани бисёриҳо табиист.
Дар чорабинӣ ба онҳо ҷавоби дақиқ гирифта шуд. Ҷарроҳии хирургӣ  дар режими бархат (онлайн) ба воситаи таҷҳизоти телетиббӣ гузаронда мешавад. Марказ дар тамоми мамлакат бо роҳи ҷалб намудани мутахассисони Русия, Исроил, Куриёи Ҷанубӣ, Олмон масофавӣ  маслиҳат ва дарсҳои маҳорат ташкил менамояд.  Инчунин дар соҳаи солимгардонии репродуктивии занон корҳои илмиву услубиро амалӣ менамояд. Боз як ҷиҳати аҳамиятнокаш дар он аст, ки дар марказ занони аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор бепул аз назорат гузаронда  ва маслиҳат дода хоҳад шуд. Ба туфайли ин он дар Осиёи Марказӣ дар айни ҳол маркази ягона ба ҳисоб меравад. 
«AYOL CARE» дар доираи барномаи Вазорати нигаҳдории тандурустӣ оид ба ҳифзи сиҳатии репродуктивии занон дар Ӯзбекистон, инчунин мубориза бар зиддӣ саратони гарданаи бачадон ва саратони сина фаъол иштирок намуданро дар лоиҳаҳои мухталиф ба нақша гирифтааст. Ҳамкорӣ бо якчанд марказҳои байналхалқии Русия, Италия, Туркия, Куриёи Ҷанубӣ дар ин самт пешбинӣ шудааст.  

Фирӯза МИРЗОКОМИЛОВА, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: