Ин маркази хусусии тиббӣ «Hayat world medical» ном дошта, бар асоси 1,2 миллион доллар сармояи хориҷӣ дар маркази шаҳри Фарғона сохта шудааст.
Ин маркази хусусии тиббӣ «Hayat world medical» ном дошта, бар асоси 1,2 миллион доллар сармояи хориҷӣ дар маркази шаҳри Фарғона сохта шудааст. Он аз ҷиҳати намуди хидматрасонӣ дар водии Фарғона ягона аст.
Дар сохтану мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани «Hayat world medical» бонки «Asia Alliance» ва сармоягузорони Туркия саҳм гирифтаанд. Барои муоинаву муолиҷаи беморон аз Туркия ва Қазоқистон духтурон ҷалб карда шудаанд.
Бузургтарин неъмате, ки ба инсон дода мешавад – фарзанд. Доштани фарзанд дар ҳар як оила боиси хушбахтиҳост ва ин неъмат оилаҳоро мустаҳкам мекунад. Аммо дар баъзе оилаҳо зану мард ба далели кадоме мушкили ҷисмонӣ наметавонанд соҳиби фарзанд шаванд.
Ғайр аз ин, набудани фарзанд ба ҷудошавии оилаҳои ҷавон сабаб мешавад. Дар маркази тиббӣ пизишкони соҳибихтисос тибқи усулҳои нави илми тибби муосир ба оилаҳои ҷавон дар ҳалли ин мушкилот кӯмак мерасонанд. Ин як воситаи олиест, ки барои мустаҳкамӣ ва ҳамоҳангии ҳар як оила мусоидат менамояд.
Дар маросими кушодашавии марказ ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров иштирок намуд. Вай қайд кард, ки маркази нав барои дастрасии хидмати махсуси тиббӣ ба аҳолии минтақа нақши муҳим хоҳад дошт.
Файзулло
ИБРОҲИМОВ,
мухбири ҷамоатии “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.