МАРКАЗИ ҲУНАРМАНДОНИ БУХОРО

Дар мадрасаи «Модарихон»-и Бухоро маркази ҳунармандон кушода шуд.

 Дар маросими кушодашавии он намояндагони ҳокимияти вилоят ва шаҳри Бухоро, роҳбарони секторҳо, ҳунармандон, сайёҳон ва ҷавонон иштирок карданд.
Бо ташаббуси Раёсати шуғли вилояти Бухоро ва прокуратураи шаҳр ба мақсади пурсамар истифода бурдан аз объекти мазкур, ки то ҳол холӣ меистод, мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳои такмил додани тартиби ба иҷора додани мулки давлатӣ» мадраса ба мономаркази «Ба кор марҳамат»-и шаҳри Бухоро дода шуд.
Мадрасае, ки замоне маркази илму маърифат буд, баъди корҳои тармим ба маркази ҳунармандӣ табдил ёфт.
Пас аз ин, дар ин ҷо дар асоси шартномаи 20 нафар ҳунармандон бо мономарказ имконияти омӯзиши ҳунарҳои мисгарӣ, кандакорӣ, кашидадӯзӣ, зардӯзӣ ва санъати миниатюра имкониятҳо фароҳам оварда мешавад.
Ҳокими вилояти Бухоро Ботир Зарипов дар баромади худ таъкид кард, ки марказ баробари бо роҳи касбомӯзӣ таъмин намудани шуғл ва зиёд кардани даромади аҳолӣ баҳри баланд бардоштани салоҳияти сайёҳии вилоят низ хидмат мекунад.
Дар аввали асри ХХ дар Бухоро беш аз 250 мадраса мавҷуд буд. Яке аз инҳо мадрасаи «Модарихон» буд, ки солҳои 1566-1567 аз тарафи Абдуллохон ба шарафи модараш сохта шудааст. Мадрасае, ки анъанаҳои сабки меъмории асри XVI дар он инъикос ёфтааст, дар рӯ ба рӯи мадрасаи Абдуллохон ҷойгузин мебошад. Ҳар ду маҷмӯи мадрасаи муштаракро ташкил медиҳанд. Мадраса аз пештоқ, миёнсарой, дарсхона, масҷид ва ҳавлие, ки дар атрофи он ҳуҷраҳои дуқабатаи айвоннок сохта шудааст, иборат мебошад.    
Мадрасаи «Модарихон» соли 1960 ба ҳифзи давлат гирифта шуд ва баъд ба хати саёҳати сайёҳон дохил гардид. Солҳои истиқлол мадраса пурра тармим гардида, ба ҳусни Бухорои куҳан афзуд. Маросими кушодашавии марказ ба ҷашн табдил ёфт.
Ҷамъомадагон бо фаъолияти марказ аз наздик шинос шуданд.

Зариф КОМИЛОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: