Дар мамлакатамон барои мустаҳкамсозии базаи моддиву техникии соҳаи тиббиёт эътибори баланд дода мешавад.
Аз ҷумла, дар вилояти Намангон низ ба ин гувоҳ мешавем.
Дар арафаи иди истиқлол дар ноҳияи Давлатобод якчанд бинои нави маркази тиббӣ кушода шуд.
Биноҳои маркази тиббии бисёрсоҳаи бачагонаи вилоят, ки ба 395 бемор хизмат мекунад, дар давоми 8 моҳ аз тарафи бинокорон таъмир гардида, ба истифода супурда шуд. Ба корҳои таъмирӣ 10 млрд. сӯм маблағ харҷ карданд.
Дар маҳаллаи Ӯрта Ровустон низ поликлиникаи 20-ум ба истифода супурда шуд. Шифокорон барои қабули беморон, муҳофизати саломатии аҳолии маҳалла дар як рӯз ба 100 кас хизмати тиббӣ мерасонанд. Арзиши умумии сохтмони иншоот 4 миллиард сӯм мебошад.
Маркази тиббии дигар фаъолияти кории худро дар ошёнаи нав сар кард. Дар натиҷа 25 нафар мутахассисони соҳа бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Ба бинои дуошёнае, ки дар ин ноҳия қад рост кард, ба миқдори 7 млрд. сӯм маблағ сарф шуд.
– Маҷмӯаи тиббӣ бо асбобу анҷомҳои замонавӣ, ки аз Олмон ва Чин оварда шудааст, ҷиҳозонида шуда, имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст, – мегӯяд таъсисгари шифохонаи хусусӣ Мирмаҳмуд Мирсайдуллоев. – Мақсади асосии мо ба беморон хидмати босифат расонда, зудтар бартараф намудани беморӣ аст.
***
Дар маркази ноҳияи Норин поликлиникаи 18-ум фаъолияти худро оғоз кард.
Ба бинои мазкур дар асоси «Барномаи инвеститсия» 3 млрд. 152 млн. сӯм маблағ харҷ гардид.
Шифокорон барои қабули 15 ҳазор бемор, муҳофизати саломатии аҳолӣ хидмати тиббӣ мерасонанд.
Маҷмӯаи тиббӣ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар кушодашавии поликлиника ҳокими вилоят Шавкат Абдураззоқов иштирок кард.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.