МАРО ИЛҲОМ ВА НЕРӮИ ТОЗА БАХШИД

Дар тӯли солҳои тӯлонӣ маърӯзаҳои зиёдеро шунидаву таҳаммул кардаам.

Аксари маърӯзаҳо саропо аз таърифу тавсиф ва ҳатто бештар аз овардани рақамҳои зиёд, дар пайи он аз суханҳои хушку холӣ иборат буданд. Барои ҳамин аксар вақт аз шунидани маърӯзаҳои тӯлонӣ  худдорӣ мекардам ва ё ба ягон кори дилхоҳи худ машғул мешудам. 
Алорағми ҳамаи бурду бохтҳоямон дар муддати бисту ҳафт соли гузаштаи истиқлолияти кишварамон, дар ду соли охир ба кору зиндагӣ бо назари дигар ва эҳсоси хушҳолӣ назар мекардагӣ шудам.
Маърӯзаи сарвари давлатамон дар тантанаи 26-умин солгарди Қонуни Асосӣ ба ман илҳом ва нерӯ бахшид.
Магар ин сатрҳои маърӯзаи Президенти мамлакат муҷиби илҳом нестанд? «Бовар дорам, ки халқи меҳнатдӯст, чолок, ба ҳалли ҳар гуна вазифа қодири мо метавонад босамар меҳнат кунад ва дар шароити иқтисоди бозаргонӣ муносиб ҳаёт ба сар барад». 
Оре, мардуми мо агар меҳнатдӯст намебуданд, миллионҳо тонна ғаллаву пахта, меваву сабзавот парвариш намекарданду  дасторхонамонро пурнозу неъмат намегардонданд. Маҳз ҳамин меҳнатдӯстии онҳо буд, ки имсол низ дар ин ҷабҳаҳо комёбиҳо ба даст оварда шуданд ва иқтисодиёти кишварамон беш аз пеш мустаҳкам гардид.
Дар ин замина ҳаёти халқамон сол аз сол фаровонтар мешавад, дар соири шаҳру деҳоти кишвар хонаҳои боҳашаму аз ҳар нигоҳ шинам бунёд карда мешаванд, масъалаҳову муаммоҳои зиёди мардум ҳаллу фасл мегарданд. Дар баробари он, ҳуқуқи иҷтимоии мардум ҷиҳати зиндагии онҳо дар шароити созгору мувофиқ мадди назари сарвари мамлакат ва ҳукумат қарор мегирад. Ба таълим ва тарбияи фарзандон бо масъулияти том бархӯрд намудан аҳамияти бештар касб менамояд.
Дар ҷойи дигар Президент чунин изҳор кард: «Қонуни асосии мамлакатамон шаҳрвандонро ӯҳдадор месозад, ки конститутсия ва қонунҳоро риоя карда, ба ҳуқуқ, озодӣ, шараф ва қадри одамони дигар эҳтиром гузоранд». Пас, мо низ вазифа ва ӯҳдадориҳо дорем ва онро бояд бекаму кост иҷро кунем.  Он гоҳ ҳам худро ҳурмат мекунем, ҳам дигаронро.
Ба ақидаи Шавкат Мирзиёев «бояд дар мамлакат чунин фарҳанги ҳуқуқиро ташаккул дод, ки зимни он риояи Конститутсия ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ, шараф ва қадри инсон на вазифа, балки ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти рӯзмарра гардад». Дар ҳақиқат, барои мардуми кишварамон риояи қонунҳо танҳо манфиат меорад. Инро ҳар як шаҳрванд низ бояд эҳсос намояд ва барои дар амал пиёда кардани он саҳм гузорад.
 Банда солҳои зиёд дар донишгоҳи омӯзгорӣ фаъолият намудам ва ба нафақа баромадам. Рӯзе маро директори мактаб Зебо Маҳкамова даъват намуд ва пешниҳод кард, ки агар ба шогирдони мактаб аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сабақ диҳам, хеле кори хуб хоҳад шуд. Вай илова кард, ки таҷрибаи зиёди корӣ дорам ва ин дар тарбияи наслҳои наврас низ хеле мусоидат мекунад. Ҳарчанд аз 50 фоизи нафақаам маҳрум мешудам, ба пешниҳоди ӯ розӣ шудам.
Президент дар маърӯза таъкид кард, ки аз 1 январи соли 2019 миқдори ҳадди пардохти нафақа  аз 8 то 10 ҳадди ақали музди меҳнат афзуда, барои нафақагирони соҳиби кор нафақа дар ҳаҷми пурра пардохт карда мешавад. Барои чунин ғамхориҳои беназир ба сарвари давлат арзи ташаккур мекунам ва талош хоҳам кард, ки ба чунин эътимоду боварии ӯ сазовор гардам.

Зайниддин ИБРОҲИМОВ,
омӯзгори тоифаи олии мактаби рақами 17, шаҳри Ангрен. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: