МАРОСИМИ ДАФН

Имрӯзҳо урфу одатҳои вобаста ба марг ва азо, ҳамчунин чорабиниҳои ёдбуд то ҳадде мураккаб гаштаанд.

Имрӯзҳо урфу одатҳои вобаста ба марг ва азо, ҳамчунин чорабиниҳои ёдбуд то ҳадде мураккаб гаштаанд.
Тасаввур кунед: хонадон яке аз аъзои худро аз даст дод, маросими дафн акнун талафоти дигар, воситаи аз нигоҳи моддӣ хонахаробкун мебошад. Маъракае, ки соҳиби мурда дар рӯзҳои се, панҷшанбе, бист ва чил ташкил менамояд, харҷи калонро талаб менамояд. Ҳол он ки дар русуми исломӣ ба ташкил кардани ин гуна рӯзҳо ишорае нест. Дар китоби «Рад-ул-куфр»-и ирфонӣ гуфта шуда: «... ва аз тарафи аҳли майит ташкил кардани таому зиёфат макруҳ аст, зеро баргузории ин зиёфат хоси рӯзҳои хушист, на рӯзҳои мусибат ва ин бидъати зишт аст». 
Дар китоби «Ҷомеъ-ул-баракот» зикр кардаанд: «Ва дар баъзе ҷойҳо баъд аз се рӯз, бисту чил рӯзу як сол таом пухта, ба дигарон бахшиш мекунанд ва онро «худойӣ» мегӯянд, эътибори шаръӣ надоранд».
Тавре дида истодаем, бегоҳи аввал, серӯзагӣ, бегоҳи ҷумъа, бисту чил ва  сол, ки дар маъракаҳои мо расм шудаанд, натанҳо дар шариати исломӣ ҳамчун талаботи ҳатмӣ вуҷуд надоранд, балки аз ҷониби бузургони мазҳаби ҳанафӣ ҳукми макруҳро гирифтаанд.
Онҳое, ки чунин оинҳоро ба дин нисбат медиҳанд, дар ин масъала ба шариати исломӣ туҳмати ошкоро намудаанд. Албатта, мувофиқи шариати исломӣ инсон бояд худаш дар вақти зинда буданаш садақаву хайрот бикунад. Накӯкорие, ки инсон дар зиндагиаш мекунад, аз садақае, ки пас аз маргаш дар ҳаққи ӯ мекунанд, сад баробар савоби бештар доштааст. Чуноне ки Қуръони Карим фармуда: «Бахшишу садақа кунед аз он чизе, ки ба шумо рӯзӣ додаем, пеш аз он ки марг ба суроғи шумо биёяд...» (сураи «Мунофиқун», 10). Пайғамбарамон Муҳаммади Мустафо (с.а.в.) фармудаанд: «Албатта, агар инсон дар ҳаёти худ як дирҳам хайрот кунад, беҳтар аз садақаи сад дирҳам баъд аз марг аст». («Саҳеҳи Бухорӣ»).
Мувофиқи таълимоти исломӣ одоби азодорӣ чунин аст, ки наздикони майит бояд он рӯз аз навҳа ва доду фарёд, ки онро ҳазрати Пайғамбар «расми ҷоҳилия» номидаанд, худдорӣ намояд. Дар «Саҳеҳи Бухорӣ» омада, ки: «Майит ба сабаби гиряву фиғони баланди зиндаҳо азоб мекашад».
Аксарияти пешвоёни ислом бар онанд, пас аз се рӯз азодорӣ карда нашавад. Дини мубини мо нисбати ҳар амале, ки ба мӯъминон душворӣ мебахшад, муросокор нест. Ҳар фармуда аз ҷониби пешвоён ба осон сохтани мушкили бандагон нигаронида шудааст. Дар Қуръони Карим омадааст: «Худованд ба шумо сабукӣ мехоҳад ва хоҳони душворӣ барои шумо нест» (сураи «Бақара», 185). 

Зиёвиддин СОИЛОВ, 
имом-хатиби масҷиди ҷомеи «Даврон ҳоҷӣ»-и ноҳияи Сӯх.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: