МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ РОҲИ СИМӢ БАРГУЗОР ШУД

  • МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ РОҲИ СИМӢ  БАРГУЗОР ШУД
  • МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ РОҲИ СИМӢ  БАРГУЗОР ШУД
  • МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ РОҲИ СИМӢ  БАРГУЗОР ШУД
  • МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ РОҲИ СИМӢ  БАРГУЗОР ШУД
  • МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ РОҲИ СИМӢ  БАРГУЗОР ШУД

Минтақаи фароғативу истироҳатии Амирсойи ноҳияи Бӯстонлиқ соҳиби роҳи нави симӣ гардид.

Минтақаи фароғативу истироҳатии Амирсойи ноҳияи Бӯстонлиқ соҳиби роҳи нави симӣ гардид. Тавре ки ҷонишини Сарвазир – вазири туризм ва варзиши ҷумҳурӣ Азиз Абдуҳакимов дар маросими ифтитоҳи он изҳор кард, дар мамлакатамон дар радифи инкишофи намудҳои дигари туризм ба туризми  кӯҳӣ низ эътибори махсус дода мешавад. 
– Ӯзбекистон на танҳо бо шаҳрҳои бостонии худ, балки табиати зебову гуворо, кӯҳҳои баланд ва дашту дамани паҳновари худ низ машҳур гаштааст. Новобаста аз мавсим тамоми фаслҳои сол сайёҳону гардишгарони маҳалливу хориҷӣ метавонанд аз ин имкониятҳо фаровон истифода кунанд,– гуфт Азиз Абдуҳакимов. – Роҳи нави симии намуди гондолӣ истеҳсоли ширкати ҷаҳонии Доппелмайр  мебошад ва бо тарҳи наву замонавӣ, ба таври инноватсионӣ сохта шудааст. Роҳи симии Amirsoy-Express аз арматураҳои баландсифати пӯлодӣ иборат аст ва мусоидат менамояд, ки сайёҳону меҳмонон тавассути он худро аз пастӣ ба баландӣ ва аз баландӣ ба пастӣ бароҳат ва бехатар расонанд. 
Кабинаҳои роҳи симӣ шишабандӣ шудаанд ва он имкон медиҳад, ки ҳар мусофир худро дар оғӯши манзараҳои чаҳор тараф эҳсос кунад. 74 кабинаи шишабандишуда дар хидмати мусофирон қарор мегиранд. Ҳар кадоми он бо гунҷоиши 10 нафар сохта шудааст. Дарозии роҳи симӣ аз паст то боло 2 ҳазору 913 метрро ташкил мекунад ва дар як соат метавонад 2 ҳазору 400 нафарро дар муддати ҳамагӣ 9 дақиқа аз як самт ба самти дигар интиқол диҳад.
Сохтмони роҳ 1 майи соли равон оғоз гардида, 15 декабр ба фарҷом расидааст. Маблағи барои сохтмони он ихтисосёфта 15,2 миллион евроро ташкил медиҳад.
Конструксияи роҳи симӣ дорои имкониятҳои гуногун мебошад. Аз ҷумла, гардишгарон метавонанд аробачаҳои кӯдакон ва маълулонро низ тавассути он ба боло интиқол диҳанд.
Роҳи мазкур дар ду марҳила сохта шудааст. Мусофирон баъди тай кардани марҳилаи якум имкони сайру гашт, хӯрокхӯрӣ ва машғулиятҳои дигарро доранд. Дар ҳар як майдончаи саворшавӣ ва фурудоӣ онҳоро ходимони фароғатгоҳ истиқбол мегиранд ва гусел мекунанд. 
Сайёҳон тавассути марҳилаи дуввум то баландии 2 ҳазору 290 метр мерасанд. Он ҷо низ тарабхона ва нуқтаҳои савдо ташкил карда шудааст. Онҳо имкон доранд, ки аз чаҳор тарафи тарабхона, ки дар нуқтаи баландтарини фароғатгоҳ воқеъ гаштааст, аз тамошои мӯъҷизаҳои табиати чаҳор самт бархурдор бошанд.  Ин тарабхона бо гунҷоиши 70 нафар мизоҷ сохта шудааст. 
Ғайр аз ин, дар сохтану мавриди истифода қарор додани 10 роҳи лижатозӣ ва  сноусаворон аз таҷрибаҳои мутахассисони Италия, Олмон, Австрия, Аргентина, Испания ва Дания кор гирифта шудааст. Бо кумаки онҳо дар 900 гектар майдон ба масофаи 16 километр ин роҳи сунъии барфӣ бунёд ёфтааст. 
Дар ноҳияи Бӯстонлиқ бунёд ёфтани чунин як фароғатгоҳи барои чаҳор фасл мувофиқу муносиб ва ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ падидаи хубест, ки аллакай аз тарафи мутахассисону коршиносони зиёд баҳои баланд гирифтааст. Дар чаҳорчӯби лоиҳаи мазкур меҳмонхонаҳои 3 ва 4 ситораӣ бо 200 утоқ сохта хоҳанд шуд. Дар ин ҷо фароҳам овардани таҷҳизоти иҷоравии лижатозӣ, ҳавзи тобистонаи шиноварӣ ва минтақаи дорои тамоми шароити созгор ва амсоли он барномарезӣ шудааст. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: