Маросими муаррифии китоби “Хамсаи дӯстӣ”

“Дар Осиёи Марказӣ тӯли асрҳои зиёд намояндагони қавму миллатҳо ва фарҳангу мазҳабҳои гуногун дар фазои сулҳу осоиш зиндагӣ карда омадаанд. Барои мардумони мо ҳамеша меҳмондӯстӣ, накӯкорӣ, саховатмандӣ ва кушодадилӣ аз хислатҳои хос шумурда шуда, асоси менталитети онҳоро ташкил медиҳад”. Шавкат МИРЗИЁЕВ.

Дар толори “Кохи ҷавонон”-и шаҳри Тошканд маросими муаррифии китоби “Хамсаи дӯстӣ”  баргузор гардид, ки дар дастаҷамъӣ таълиф шудааст. Дар маросими он арбобони давлатӣ, депутатҳои парлумон, олимону шоирон, вакилони марказҳои миллӣ-фарҳангӣ, донишҷӯён ширкат карданд.   
Ҳадафи асосӣ боз ҳам мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстиву рафоқати байни мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар маросими муаррифии китоб маълум шуд, ки дар он роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти панҷ алломаи панҷ миллати маскуни Осиёи Марказӣ маълумот дода шудааст. Ҳамчунин дар пайи он, дастандаркорони китоби “Хамсаи дӯстӣ” зарбулмасалҳои ин халқҳоро гирдоварӣ ва дар фаслҳои ҷудогона барои китобхон пешниҳод кардаанд. Ҳар як баромадкунанда, дар баробари он ки ба муҳтавои китоб саре занад, илова мекард, ки маҳз дар ин солҳои охир муносибатҳои дӯстонаву некҳамсоягӣ ба дараҷаи баланд бароварда мешавад.
– Осиёи Марказӣ бисёр олимону фозилон ва азизу авлиёро, ки ифтихори олам ва тамаддуни исломӣ мебошанд, зодаву парвардааст. Адибону донишмандони бузург  ва мероси бебаҳои онҳо барои муттаҳид намудани тамоми халқҳои минтақа хидмати босазо хоҳад кард, – гуфт яке аз ҳаммуаллифони китоби “Хамсаи дӯстӣ” олим ва сиёсатмадори шинохтаи кишвар Оқил Салимов.
Дар китоб перомуни ҳаёт ва фаъолияти Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Абай (Иброҳим) Қунанбоев, Чингиз Айтматов ва Махтумқулӣ мухтасаран маълумот дода шудааст.   
Журналист ва адабиётшинос Аҳмадҷон Мелибоев зимни суханронӣ ба он нукта таваҷҷӯҳи иштирокчиёни маросимро тамаркуз дод, ки ба пешвози Рӯзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Театри миллӣ дар саҳнаи худ намоишномаи “Рӯдакӣ”-ро ба намоиш хоҳад гузошт. Вай гуфт, дар ин се соли охир бо ташаббусҳои наҷибонаи Шавкат Мирзиёев ва бархӯрдҳои мусбати сарони кишварҳои ҳамҷавор муносибатҳо хуб мешаванд ва робитаҳои фарҳангӣ низ беш аз пеш доман фарох менамоянд. 
Вақте ки навбати суханронӣ ба депутати парлумон, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Хуршед Дӯстмуҳаммад расид, вай дар боби дӯстиву рафоқати мардуми минтақа ривоятҳо ва ҳикоятҳои пандомез нақл намуд. Ба гуфтаи ӯ халқҳои Осиёи Марказӣ ҳамеша бо ҳам дӯст буданд. Вай афзуд, ки ин дӯстиро маҳз мо  боз мустаҳкамтар менамоем, агар ҳама дар атрофи ҳам муттаҳид шавем,  мушти пурқувват ҳосил мешавад ва амну субот ҳамеша пойдор мемонад, муваффақиятҳои панҷ кишвар беш аз пеш афзоиш меёбанд.
– Имрӯз миллатҳои ӯзбек, тоҷик, қирғиз, қазоқ ва туркманро шохаҳои як дарахти бузурги маънавӣ меҳисобанд, ки ин беҳуда нест. Бояд тазаккур диҳам, ки ҳамин нукта дар китоби “Хамсаи дӯстӣ” низ махсус қайд шудааст. Умри ин чанори маънавӣ бошад, бешак, безавол аст. Гузашта аз ин, дар миқёси дунёи имрӯза дигаргуниҳо хеле бошиддат ва ба таври ногаҳонӣ рух медиҳанд. Ин ҳол дар назди аҳли қалам ва фарҳангу адаб вазифаҳои ҷиддӣ мегузорад. Ин вазифаҳо аз он иборатанд, ки фарҳангсолорон, адибон бояд ҳамеша ҳамоиши маънавӣ ва ваҳдату ҳамгароиро талқин намоянд. Ҳамин китоб меваи босамари Ӯзбекистони ҷадид таҳти роҳнамоии Шавкат Мирзиёев аст,– мегӯяд адабиётшинос Амина  Шарофиддинова.
Дар маросими муаррифии китоб шеъру мусиқӣ ва ҳунар низ баҳам омезиш ёфт. Ҳунармандони касбиву худомӯз якчанд намоишномаро ба маърази тамошо гузоштанд, ки аз рӯйи мероси алломаҳо таҳия кардаанд. Он ба забонҳои гуногун рӯйи саҳнаи толори “Кохи ҷавонон” омад. Ҳамчунин овозхонҳо низ ҳунарнамоӣ карданд ва ба ин маросим шукӯҳи тоза бахшиданд.
Дар як гӯшаи ин толори барҳаво намоиши китобҳои бадеӣ, илмӣ ва публитсистӣ низ баргузор шуд. Ин китобҳо бо қалами адибони гузаштаву муосир, шоирону нависандагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ  таълиф шудаанд.
Қобили қайд аст, ки китоби “Хамсаи дӯстӣ”-ро нашриёти “Тасвир”-и Тошканд бо гарнитураи хос мунташир намудааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: