МАРОСИМҲО БАРОИ ХУДНАМОӢ НЕСТАНД

Қишри миёнаҳоли аҳолӣ зимни муҳокимарониҳо мегӯянд, ки бигузор тӯю маросимҳо ихчамтару камхарҷтар гузаранд.

Биринҷ бе курмак намешавад, – гуфтагӣ барин дар ҷомеа ёфт мешаванд шахсоне, ки нисбат ба тартиби гузаронидани тӯю маросимҳо худписандӣ зоҳир менамоянд. Гӯё ин ҳама ҳаракату кӯшиши намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ ба онҳо дахле надорад.
Дар аснои суҳбату мулоқот ҳоло ҳам бархе менозанд, ки «ба фалон тӯйхона ё ресторан фармоиш додам, одами зиёд меғунҷад», ё худ мегӯянд, «фалон миқдор маблағ барои дастурхони тӯй сарф мекунам».
Дар натиҷаи таъсис ёфтани қабулхонаҳои халқӣ маълум гашт, ки дар ҷомеа одамони аз нигоҳи иқтисодӣ ночор низ ҳастанд. Онҳо ҳам фарзанд доранд ва ба ин «одатҳои» сунъӣ, ки соҳибтӯйро ба ботлоқи қарз ва муфлисӣ ғарқ мекунанд, тоб оварда наметавонанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамин ҷиҳатҳоро ба ҳисоб гирифта, иқдом кардааст, ки барои бо назму батартиб гузаронидани тӯйҳо, ба дабдабаю исрофкориҳо роҳ надодан чораҳо андешад. Низоми махсус низ тасдиқ шудааст.
Дар шуури одамон фикре ҷой гирифтааст, ки гӯё тӯйҳо василаи асосии худро бо олиҳимматию валинеъматӣ муаррифӣ намудан мебошанд. Аммо дар асл ин тавр нест. Дар мактаб аъло хондан, донишгоҳро хатм намудан, ба халқу Ватан хидмат кардан, дар ҷомеа мавқеъ гирифтан, бо ахлоқи неку самимӣ аз дили одамон ҷо ёфтан ана инҳост фазилат.
Дасти афтодаҳолу бечораро гирифтан, ба онҳо кӯмак расондан низ аз фазилатҳои ҳамидаи инсонӣ ба шумор мераванд. Дигар ин ки барои ободии манзили зисти худ саъю кӯшиш кардан ҳам аз одатҳои хуби мардуми мост.
Дар маҳаллаамон барои ихчаму камхарҷ гузаштани тӯйҳо якҷоя бо одамони обрӯманди деҳа кӯшиш менамоем. Ба ҷавонон мефаҳмонем, ки бахтро бо худнамоӣ наметавон ба даст овард. Бахт бо якдигарфаҳмӣ, эҳтироми тарафайн, хидмат ба халқу Ватан ва ғайра ба даст меояд. Онҳое, ки ин фармудаҳоро писанд намекунанд, ба иштибоҳ роҳ медиҳанд. Беҳуда нагуфтаанд, оқибати худписандӣ пушаймонист.

Муҳаммадшариф ШАРИФУЛЛОЕВ,
сокини маҳаллаи «Янгидала»-и ноҳияи Мирзочӯл.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: