МАРОСИМҲО – ОИНАИ МАЪНАВИЯТИ МО

Бешубҳа, ҳимматбаландию саховати мардуми моро андоза нест.

 Ин фазилат дар тӯю маросимҳо бештар ба чашм мерасад. Чӣ ҳоҷати пинҳон кардан — сайёҳони хориҷие, ки ба шаҳри бостонии мо ташриф меоранд, тӯю сурҳоямонро дида, тааҷҷуб мекунанд. Албатта, ҳама чиз меъёру андоза дорад. Бо мақсади ёфтани дили дигарон ба худ ҷабр кардан нишонаи оқилӣ нест. Рӯдакии бузург тақрибан 1100 сол муқаддам фармуда буд:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Рӯзгори имрӯза моро водор месозад, ки бобати гузаронидани тӯю маросим ва маъракаҳо рафтореро пеш гирем, ки «ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад». Оқибати он таассуфовар нашавад. Хабардорӣ аз нархи анвои бозор ҳар фардро ҳушёр сохта, тақозо менамояд, ки харҷи «буҷа»-и оилавӣ бояд бо ҳисобу китоби оқилона сурат гирад. 
Ривоят мекунанд, ки Пайғамбари Худо Муҳаммад (с.а.в.) ҳангоми маросими ба шавҳар баровардани духтараш ҳаддеро муайян карда, ба он риоя намудааст, ки он хароҷот барои табақаи камбизоаттарини аҳолӣ низ дастрас буд. Ҳоло ки мамлакати мо рӯ ба тараққӣ оварда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи ба худ хосро соҳиб мегардад, бояд бо назардошти манфиати дигарон кору зиндагӣ кунем. Иллату нуқсонҳоеро, ки баҳри пешравиамон халал мерасонанд, бартараф намоем. 
Боиси хурсандист, ки ҳоло дар ҳудуди мо тӯю маросимҳо асосан камхарҷу замонавӣ мегузаранд. Як қатор маросимҳои нозарур, аз қабили тӯйи фотеҳа, падарош, ҷавобтиён, гаҳворабандони калон ва ғайра аз байн рафтанд. Онҳо кӯча-кӯча нисбатан маҳдуд ба амал меоянд. Чанде пеш ба тӯйҳо, гӯё доирахабар бошанд, даъватӣ ҳам мерафту нодаъватӣ ҳам. Илова ба ин ҳузури бачагони ноболиғ ба соҳибтӯй ташвиш меовард. Ҷавобан ба қарору ҳуҷҷатҳои дахлдор, инчунин Муроҷиатномаи фаъолони Бунёди ҷамоатии хайрияи «Маҳалла» ва Бунёди «Нуроний»-и ҷумҳурӣ моҳи июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи мактаби миёнаи №20-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ш.Рашидов» маҷлиси якҷояи фаъолон ва шӯрои ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои «Қӯрғони Вардонзе», «Янгиқишлоқ» ва «Ш.Рашидов» баргузор гардида, дар он масъалаи камхарҷу замонавӣ гузаронидани тӯю маросимҳо муҳокима ва қарори дахлдор қабул гардид. Дар он тартиб ва тарзи гузаронидани тӯю маросимҳо, меъёрҳои сарфу хароҷоти онҳо муайян карда шуданд. Тӯю маросим кори шахсӣ не, ин масъалаи иҷтимоист, ки ба тақдири мамлакат ва миллат дахлдор аст, таъкид шуд дар он. Аз ин рӯ, вакилони гузарҳо, фаъолон ӯҳдадор карда шуданд, ки тӯю маросимҳоро назорат кунанд. Ба рафтори худсарона ва беписандона роҳ надиҳанд.
Хуб шуд, ки ҳоло ба тӯйҳо ҳофизон бе раққоса меоянд. Дар натиҷа мардуми ҷамъомада аз пулчаспонӣ, аниқтараш аз пулчинии беҳаёёна халос шуданд. Бояд таъкид намуд, ки имрӯз дар деҳот шахсони пулдоре, ки аз дигарон фарқи зиёд дошта бошанд, қариб ки ба чашм намерасанд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, тӯйҳои ин ҷо аз ҳамдигар тафовути ҷиддӣ надоранд. Баръакс оилаҳои серфарзанд ё ҷавонони наврӯзгоре, ки ба манзили нав кӯчидаанд, онҳое, ки бо мардикорӣ «ароба»-и зиндагиро «мелиққонанд» ду маърака – ҳам тӯйи ҳавлӣ, ҳам суннатӣ (хатна)-ро якҷо бо як дег ош ё ҳалиса мегузаронанд ва дуруст ҳам мекунанд. Ҳеҷ кас онҳоро айб намекунад. Баръакс мардуми рӯзгордида «қандаша занад, инсони оқил будааст, ба кӯрпааш нигоҳ карда пой дароз кардааст» мегӯянд. Бо вуҷуди ин дар тӯю маросимҳои деҳот ҳамоно камбудию норасоиҳо мавҷуданд. Дар онҳо миқдори тӯйхӯрон аз меъёр зиёд аст.
Масъалаи дигар — албатта тӯйхонаҳо ташвиши соҳибмаъракаро як андоза осон мекунанд, вале ҳангоми тӯйи арӯсӣ  баъзан тӯйхонаинтихобкунии тарафи арӯс ё ки худи арӯсшаванда хароҷоти тарафи домодро зиёд мекунад. Ба қарибӣ тӯйи як ҳамсояамон дар тӯйхонаи овозадори ноҳия гузашт. Мутаассифона, ҳаво хеле гарм буд. Азбаски тӯйхона ҷавобгӯи мавсими тобистона набуд, мардуми ба обу арақ ғӯтазада, маҷбур шуданд, ки тӯйро партофта раванд. Илова бар ин анвои дастархон бо ҳашамати тӯйхона мувофиқат намекард. Аз ин рӯ луқмаи норозиёнаи чанде ба гӯш мерасид: «Тӯй дар тарабхонаи оддӣ мегузашту тарафи домод як қисм хароҷоти ин тӯйхонаро барои файзи дастархон сарф мекард, хуб мешуд?» 
Дар тӯю маъракаҳо ҳамоно бо баландгӯяк одамонро нороҳат кардани ҳофизон аз байн нарафтааст. Овози аз меъ-ёр баланди онҳо имконият намедиҳад, ки бо ҳамнишинат суҳбат кунӣ. Баъзан чароғҳоро хомӯш карда ба рақс даромадани келину домод бо анъанаҳои миллии мо мувофиқат намекунад.
Бо мақсади ба тартиб даровардани тӯю маросимҳо қабул гардидани қарори якҷояи шӯроҳои Сенат ва Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис «Дар бораи минбаъд такмил додани низоми ба тартиб даровардани баргузоркунии тӯйҳо, тантанаҳои оилавӣ, маърака ва маросимҳо» ва аз соли нав эътибор пайдо кардани он, бешубҳа, баҳри бартарафкунии камбудиҳо хидмат мекунад.

Амрулло АВЕЗОВ,
ҷонишини раиси ҷамоати шаҳрвандони  маҳаллаи «Қӯрғони Вардонзе»-и ноҳияи Шофиркон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: