Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар саммити Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркӣ, ки 15 октябри соли 2019 дар пойтахти Озарбойҷон — шаҳри Боку баргузор шуда буд, ғояи дар ҳар давлати аъзо ба забони модарӣ нашри 100-ҷилдаи намунаҳои «Дурдонаҳои адабиёти туркӣ»-ро ба миён гузошта буд.
Ӯ 11 ноябри соли равон дар гирдиҳамоии самарқандии Шӯрои роҳбарони созмони давлатҳои туркӣ, аз ҷумла, изҳор дошт, ки : «Мо ба наздикӣ 100 ҷилдаи «Дурдонаҳои адабиёти туркӣ»-ро, ки намунаҳои беҳтарини адабиёти кишварҳои аъзои Созмон ва мушоҳидро дар бар мегирад, ба забони ӯзбекӣ чоп кардем. Агар ин хазинаи бебаҳо ба забони модарии халқҳои кишварҳои аъзо ва мушоҳид низ чоп шавад, ба қаробати халқҳои бародар, қабл аз ҳама ҷавонони мо, заминаи мустаҳкам фароҳам меоварад.
Дирӯз дар Институти шарқшиносии Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон муаррифии 100 ҷилдаи «Дурдонаҳои адабиёти туркӣ», ки хеле назаррабо рӯйи чопро дидааст, баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ масъулони идораву созмонҳои давлатӣ, намояндагони Иттифоқи нависандагон, Вазорати фарҳанг, Фарҳангистони улум, Маркази маънавият ва маърифат, шоиру нависандагони саршинос, тарҷумонҳо, олимон, экспертҳо, раисони Марказҳои миллии фарҳангӣ ва ходимони расонаҳои ахбори умум иштирок намуданд.
Дар баромади хеш мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Х. Султонов изҳор дошт, ки нашри 100 ҷилдаи «Дурдонаҳои адабиёти туркӣ» дар ташаккули дипломатияи адабии байни Созмони давлатҳои туркӣ аҳмияти муҳим дорад.
Ба 100 ҷилдаи «Дурдонаи адабиёти туркӣ» намунаҳои беҳтарини адабиёти қадими умумитуркӣ то садаи XXI, яъне шоиру нависандагон ва мутафаккирони саршиноси Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, ҳамчунин кишварҳои мушоҳид — Туркманистон ва Венгрия ворид шудаанд.
— Омода кардани 100 ҷилда кори осон набуд, — гуфт сармуҳаррири маҷаллаи «Жаҳон адабиёти» («Адабиёти ҷаҳон») А. Мелибоев. — Аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, ҷамоаи маҷалла, Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ дар муддати кӯтоҳ кори зиёде анҷом дода шуд. Дар кори тарҷума ва табъу нашр беш аз 200 нафар тарҷумон, қариб 50 нафар адабиётшиносу матншинос, адибон, муҳаррирон ва наққошон саҳм гузоштанд. Нашри 100 ҷилдаи «Дурдонаҳои адабиёти туркӣ» ба маънои томаш таҷассумгари дигаргуниҳои куллии маънавиест, ки дар Ӯзбекситони Нав ба вуқӯъ мепайванданд.
Намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои аъзои Созмони давлатҳои туркӣ — Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва кишварҳои мушоҳид — Туркманистону Венгрия ва як гурӯҳ зиёиёни эҷодкор таъкид намуданд, ки ба дасти нашр расидани дурдонаҳои адабиёти туркӣ ба таҳкими дӯстии азалию абадии халқҳои бародар хидмат хоҳад кард.
Боиси ифтихори роқими ин сатрҳост, ки аз 100 ҷилдаи «Намунаҳои адабиёти туркӣ» осори мондагори нобиғагони адабиёти оламгири форс-тоҷик — Ҷалолиддин Балхии Румӣ ва Низомии Ганҷавӣ низ ҷой гирифтаанд.
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигнори «Овози тоҷик».
Суратгир: А. ИСРОИЛОВ (ӮзА).