МАРТАБАИ УСТОД ДАР ТУЗУКОТИ ТЕМУРӢ

Дар мамлакатамон аз соли 1997 то имрӯз 1-уми октябрро ҳамчун “Рӯзи муаллимон ва мураббиён” ҷашн мегиранд, ки ин намунаи иззату эҳтироми халқ ба омӯзгорону мураббиён мебошад.

Назар ба ривоятҳо, вақте аз саркардаи бузург Искандари Макдунӣ мепурсанд, ки “Чаро Арастуро аз падарат ҳам зиёдтар эҳтиром мекунӣ?”, ӯ ҷавоб медиҳад: “Падарам гӯё маро аз осмон ба замин фаровард. Аммо устодам Арасту аз замин ба осмон бардошт. Яъне, падарам сабабгори ба дунё омадани ман бошад, устодам илму адаб омӯхта, сабабгори баланд шудани мартабаю эҳтиромам шуд”. Ташаккули симои бузургони ҳар як давру замон ба устоду мураббӣ вобаста аст.
Дар ҳадисҳои китоби муқаддаси ислом Қуръони карим низ муносибат, эҳтиром нисбат ба устоду мураббӣ такрор ба такрор таъкид карда шудааст. Аз Имоми Аъзам Абуҳанифа (р.а) чунин ривоят карда мешавад: “ Барои эҳтироми устодам Ҳаммод ба тарафи хонаи он зот поямро дароз накардаам. Ҳол он ки дар миёни хонаи ман ва хонаи устодам ҳафт кӯчаи дигар мавҷуд буд. Баъди вафоти Ҳаммод дар ҳар як намозам дар қатори волидонам ба устодам низ аз Аллоҳ мағфират мепурсам”.
Дар манбаъҳои таърихӣ Амир Темур ҳамчун шогирди тарбиядида ва соҳиби дониши баланд эътироф карда шудааст. Соҳибқирон нисбати се шайх ихлоси баланд дошта, онҳоро пири худ донистааст. Пеш аз оғози ҳар кор маслиҳати онҳоро мегирифт. Онҳо Шамсиддин Кулол, Саййид Барака ва Зайниддин Таёбодиҳо буданд. Амир Темур дар корҳои салтанат, давлатдорӣ, масъалаҳои динӣ ва дигар амалҳое, ки ба мушкилиҳо пеш меомад, албатта, ҳар доим ба онҳо мактуб фиристода, интихоби роҳи дурустро мепурсид. Аз ҷумла, Туғлуқ Темурхон, ки аз авлоди Чингизхон буд, ҳангоми ба Мовароуннаҳр ҳуҷум кардан, аксарияти ҳукмдорони маҳаллӣ ба сӯйи Хуросон ақиб мегарданд. Ҳамон вақт соҳибқирон аз пири худ маслиҳат мепурсад ва ба ӯ бо чунин мазмун ҷавоби мактуб меояд:“Ба назди Туғлуқ Темурхон гурез (ба маънои “рав”) ва тиру туфангашро кашида гир”. Амир Темур ба гуфтаи устодаш амал мекунад ва дар фурсати кӯтоҳ муғулҳоро шикаст дода, ба тарк намудани ҳудуд маҷбур менамояд. 
Дар сохтори давлатдории ҳамон давр, ки Амир Темур ба тамоми ҷаҳон намуна буд, ба чаҳор чиз амал намудани ӯ низ бевосита ба устодаш вобаста буд:  Пирам, Зайниддин Абубакр Таёбодӣ менависанд, ки “Абулмансур (маънои луғавиаш “зафар, ғалабакунанда”, уламо ва машоих ба Амир Темур чунин ном гузошта буданд) Темур, дар корҳои салтанат ба чаҳор чиз амал намо, яъне: 1) машварат (бо худ); 2) машварату маслиҳат (бо дигарон); 3) бо ҳушёриву мулоҳизакорӣ қарори қатъӣ барор; 4) эҳтиёткор бош”. 
Дар баъзе ҳолатҳо Соҳибқирон ба устодони худ итоаткор ҳам буд. Инро дар мактуби ҷавобии Амир Темур ба пири худ, ки дар “Тузукоти темурӣ” оварда шудааст, дидан мумкин: “Ҳар як супориши пирамро, ки дар мактубашон ба ман ирсол намудаанд, баҷо овардам. Корҳои салтанатро ба тартиб дароварда, ба мартабаи салтанатам бо тӯра ва тузук зебу зинат додам. Салтанатамро бо одамони дувоздаҳ тоифа мустаҳкам намудам. Қонуну қоида ва тӯра-тузукҳои салтанатамро низ вобаста ба ин дувоздаҳ тоифа тартиб додам. Ин дувоздаҳ тоифаро дувоздаҳ бурҷи фалаки салтанатам ва дувоздаҳ моҳи корхонаи давлатам ҳисоб кардам”.
Аз инҳо бармеояд, ки Амир Темур ҳар як кори худро бо маслиҳати устодон ба амал мебаровардааст. Дар натиҷаи чунин муносибат ва эҳтироми ӯ ба устодон сохти давлатдориаш тараққӣ карда, давлат аз хиёнаткориҳои дохилӣ дур будааст. Дар баробари ин, таъкид намудан ҷоиз аст, ки Амир Темур ба сифати устоди меҳрубон, соҳиби дониши пухта ва сахтгир ном бароварда буд. Гуфта мешавад, ки Амир Темур ҷамъ 313 шогирд доштааст. Ҳатто саркардаи бузург, ҷанговари садоқатноки Темур ва салтанати темуриён амир Шоҳмаликро ҳам Темур тарбия намудааст. Аз ҷавонӣ ба ӯ салоҳият ва садоқати ҳарбиёнаро омӯзондааст. 
Имрӯзҳо чун дигар давлатҳо дар Ӯзбекистон низ ҳурмату эътибор ба устодону мураббиён ба дараҷаи баланд аст. Вақти бисёри хонанда дар назди устод – муаллим мегузарад. Бинобар ин устодонро доимо қадр намудан лозим. Зеро ояндаи кишваре, ки мисли саркарда Амир Темур устоду мураббиро эҳтиром менамояд, дурахшон, дониш ва ҷаҳонбинии ҷавононаш васеъ мегардад.

Завқибек МАҲМУДОВ,
ходими хурди илмии Институти таърихи Академияи илмҳои Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: