МАЪРУФИ БОҒИ САНЪАТ

Маърака идома дошт.

Маърака идома дошт. Баранда эълон кард, ки навбат ба сароянда – Маъруфҷон. Меҳмонону мизбонон, хидматгузорону ҳангоматалабон ва ҳатто кӯдакони шӯху беқарор ҳам дам ба дарун зада, чашм ба саҳна дӯхтанд. Ҷавони болоқади хушлибос тор дар даст ба ҳозирон бо табассуми малеҳ нигариста,  ба микрофон наздик шуд. 
Ҳама гӯшу ҳуш хомӯш монда, интизори суруди дилошӯб буданд. Ниҳоят, ҳофиз захма ба тор заду савти дилангез ба атроф танин андохт:
Даст бар сӯрох барӣ, аз заҳри мор 
андеша кун,
Пой бар гил мениҳӣ, 
аз захми хор андеша кун.
Чун шиновар нестӣ, по бар лаби 
дарё манеҳ,
Дар миёнаш ғарқ гардӣ, 
аз канор андеша кун...
Рақсу бозӣ тафсиду қалбҳои беқарор ба тапиш даромаданд. Гӯё ҳама дар осмони рӯъё ба парвоз омада буданд. Афсуне ҳамаро фаро гирифта, як ҷаҳон лаззати руҳӣ мебахшид. Санъаткори навҷӯю навписанд Маъруфҷон Каримов сурудро ба итмом расонида, навбатро ба дигарон доданӣ буд, ки мардум бо исрор талаб карданд: «Ҷуфт шавад, ҷуфт!» Шоире фармудааст: «Гар суруд, аз дил барояд, лоҷарам бар дил нишинад». Воқеан, мавриде кас ба эҷодиёту маҳорат, услубу ҳунари волои сароянда диққат диҳад, дилбастагӣ ва муҳаббати ӯро ба санъат дарк мекунад. Завқи баланд, истеъдоди табиӣ, маҳорати андӯхта ӯро маҳбуби дилҳо гардондааст. Мавзӯъҳои бахту саодат, муҳаббати пок, кишвари маҳбуб, Самарқанди қандманд мундариҷаи сурудҳои ҳофизро ташкил медиҳанд. Санъаткори умедбахш дар тӯли фаъолияти ҳунарварии худ кӯшиш ба харҷ додааст, ки ғановату гуногунрангии ҳар як суруд таъмин гардад. Маъруфҷон дар пайравӣ ба устодони санъат Ҷӯрабек Муродов, Далер Назар, Шералӣ Ҷӯраев ҳангоми интихоби матн аввал ба маънӣ ва мазмуни онҳо эътибор медиҳад, сипас, бо назардошти вазну ҳиҷо оҳанг мебандад.
Шояд аз ҳамин сабаб ҳангоми ҳунарнамоӣ кардани ӯ мухлисонаш, алалхусус, устодонаш Маъруфҷон Бозоров, Эркинхон Муҳаммадиев, дӯстони ҷониаш, ҳамкасбонаш ба қавле курта-курта гӯшт мегиранд. Камина низ яке аз мухлисони ӯям. Чанде пеш бо ҳамсинфам Нормурод Каримзода дар як маърака ҳузур доштем ва Маъруфҷон хидмат мекард. Нормурод ба ман гуфт, ки чаро шумо ҳамчун хабарнигори «Овози тоҷик» дар бораи ин ҳофизи тоҷик чизе наменависед?! Сипас суҳбати гарми мо ба вуқӯъ пайваст. Ҳангоми мулоқот ба ӯ суоли анъанавиро додам, ки бо чӣ ангезае по ба ҷодаи ноҳамвори ҳунар ниҳодааст. Вай аз ҷумла изҳор дошт:
– Раҳматӣ падарам – Раҷаббой мухлиси ашаддии ҳофизи номдор Маъруфҷон Бозорови миронқулӣ буданд. – Пас аз ба дунё омаданам ба мақсаде, ки мисли ӯ сароянда шавам, номамро Маъруфҷон гузоштаанд. Солҳои таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 17-уми ноҳияи Самарқанд аъзои маҳфили дастаи ҳаваскор будам. Захма ба тор задану иҷрои сурудро аз аввалин устодам Эркинхон Муҳаммадиев омӯхтам. Муҳаббат ба ин касб каминаро ба Омӯзишгоҳи санъати Самарқанд ба номи Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов овард. Дар як маърака қиблагоҳам маро ба Маъруфҷон Бозоров муаррифӣ карданд. Ана баъд ҳамкору ҳамдил шудем. Сафари аввалини мо ба шаҳри Панҷакент шуд. Тӯйи арӯсӣ буд. Рости гап, баранда номи маро эълон карду дасту поям ба ларза даромад. Як нигоҳи ширини устод ба ман таскин бахшид ва ман чанд суруд хондам. Ҳоло ҳар  гоҳ дар маъракаҳои серодам ширкат варзам, сафари Панҷакенти бостонӣ пеши назар меояд.
Воқеан, асрори комёбии рӯзафзуни эҷодии Маъруфҷон Каримов пеш аз ҳама дар он аст, ки вай пайваста оҳангҳои халқӣ, алалхусус, тоҷикӣ ва ӯзбекиро ҳаматарафа меомӯзаду такмил медиҳад. Аз ин сабаб, ӯ аз байни санъаткорони имрӯзаи Самарқанд яке аз ҳофизони маҳбуб ва овозадор аст. Вай аз устоди «Шашмақом» Ҷӯрақул Солиев, санъаткорони намоён Олимҷон Неъматов, Азим Қувондиқов ва дигарон низ асрори ҳунар омӯхт, ки ба ду забон озод месарояд. Овози фораму ширадор ва дилнишини ӯ сомеони худро сеҳр мекунад. Ҳофизи соҳибҳунар, ки завқи баланду салими бадеӣ дорад, ғазалҳои хубу мувофиқи Шамси Табрезӣ, Хоҷа Ҳофиз, Алишери Навоӣ, Ҳилолӣ, Фузулӣ, Ҷомӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Лоиқ ва дигаронро интихоб мекунад.
Маъруфҷон Каримов на фақат санъаткори варзида, балки пеш аз ҳама инсони хоксору ҳалим, дилкашу ширинсухан аст. Дар айни замон ӯ тарбиягар, устоди санъаткорони ҷавон ва падари чор фарзанд мебошад. Бо ҳамсари меҳрубонаш Дилфуза Сатторова гулдухтараш Меҳрубон, писарҳояш Заррухҷон, Абдураҳим, Аҳмадҷонро мувофиқи талаби давр таълиму тарбия медиҳад. Чанде пеш духтарашро ба хонаи бахт гусел карда буд. Модари меҳрубонаш дуогӯйи ӯянд.
Имрӯзҳо Маъруфҷон маъруфи боғи санъат аст. Мо ба ҳофизи ҳунарманду маҳбуби халқ комёбиҳои нав ба нав таманно дорем ва аз забони шоири шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзода мегӯем:
Рӯдворона зиндагонӣ кун,
Ҷӯш зан, ҷӯш зан, ҷавонӣ кун!

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: