МАЪРӮЗАИ ПРЕЗИДЕНТ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР МАРОСИМИ МУТАНТАНИ БАХШИДА БА 27-УМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛ ШУДАНИ САРҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Ассалому алайкум, ҳамватанони азиз!

Меҳмонони муҳтарам!
Хонумон ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, иҷозат диҳед, ҳамаи шумо, тамоми халқамонро бо ҷашни 27-умин солгарди қабул шудани Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрику муборакбод намуда, орзуҳои беҳтарини худро изҳор намоям.
Дӯстони муҳтарам!
Ҳар як давлате, ки истиқлол ва роҳи тараққиёти худро интихоб мекунад, мақсад ва вазифаҳои муҳимтаринеро, ки фаровонҳолии халқро таъмин мекунанд, дар Конститутсия – Қонуни асосии худ зикр менамояд. Бинобар ҳамин ҳам, мамлакате, ки дорои Сарқонуни ба хоҳишу иродаи халқаш, ниятҳои неки дилу забонаш ҳамоҳанг дорад, ҷониби қуллаҳои баланде, ки муқаррар намудааст, бехато ва ҳамеша пеш меравад. 
Агар ба таърих назар андозем, мебинем, ки суннатҳои тӯли асрҳо ташаккулёфтаи маънавиву ахлоқӣ ва ҳуқуқҳои табиии инсон дар натиҷаи ҷараёнҳои тамаддун ба шакли Конститутсия омадааст. 
Конститутсия дар ҳаёти инсоният бори аввал ҳуқуқҳои зисту зиндагонии озоду мустақил, мулкдорӣ, таълимгирӣ, меҳнат кардан, интихоб намудан ва интихоб шудан, озодии сухан ва эътиқодро ба дараҷаи қадриятҳои олӣ бардошт.
Сарқонуни мо, ки дар ибтидои истиқлоламон қабул шуд, дар муносибатҳои байни шахс, ҷамъият ва давлат ҳуқуқҳои тарафайн ва ӯҳдадориҳо, ҳамчунин кафолати онҳоро дақиқу равшан муайян кард.
Сарқонуни мо сарфи назар аз ҷинс, ирқ, миллат, дин, баромади иҷтимоӣ баробарҳуқуқии шаҳрвандони кишварамонро эътироф кард ва барои кафолати пешрафти замонавии демократия замина фароҳам овард. 
Маҳз барои ҳамин ҳам мо бояд Сарқонуни худро эҳтиром кунем, ҳамаҷониба омӯзем, ба он мунтазам амал кунем, мероси бузурги аҷдодро, ки дар Қонуни асосиамон таҷассум ёфтаанд, ҳамчунин, суннатҳои умумиинсониро дар қалби ҷавононамон ҷойгир намоем.
Ҳамватанони муҳтарам!
Ниёямон Соҳибқирон Амир Темур таъкид кардааст: «Агар давлат дар пояи қонунҳо бунёд наёбад, шукӯҳ, қудрат ва сохтори салтанат маҳв мешавад». Аз ин нуқтаи назар таъмин сохтани устувории Сарқонун ва қонунҳо мизони асосии давлати ҳуқуқбунёди демократиест, ки мо бунёд мекунем. 
Самараи ҳама гуна ислоҳоти демократӣ, гарави асосии оромиву осудагӣ ва тараққиёт низ ба таъмин сохтани устувории Сарқонун ва қонунҳо бевосита алоқаманд мебошанд.
Устувории қонун ин маънои танҳо ва фақат ба Сарқонун, ҳамчунин қонунҳо мувофиқ будани ҳуҷҷатҳоест, ки ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идоравӣ мебароранд, мутобиқ ба кору амалҳои шахсони мансабдор аст. 
Бинобар ҳамин ҳам кадрҳои тамоми зинаҳо, хоҳ вай вазир бошад, хоҳ ҳоким ё шаҳрванди оддӣ бояд Сарқонун ва қонунҳоро пухта донанд, иҷрои онҳоро дуруст ба роҳ монанд, инчунин дар навбати аввал бояд муҳите фароҳам оварда шавад, ки ба ин қоидаҳо тамоми аъзои ҷамъият қатъиян амал кунанд.
Барои он ки мафҳуми «Устувории Сарқонун ва қонунҳо – гарави ҳаёти фаровон» дар шуур ва қалби шаҳрвандонамон амиқ мақом ёбад, ҳамчунин ба эҳтиёҷи иҷтимоӣ бадал гардад, фикр мекунам, бояд ба масъалаҳои зерин эътибор дода шавад.
Якум, баробари ба роҳ мондани иҷрои самарабахши қонунҳо, қалбан дарк кардани муаммоҳои мунтазам, ба муқобили оқибатҳои манфии вайроншавии қонун мубориза бурдан ташаккул додани низоми саривақт бартараф кардани чунин ҳолатҳо бағоят рӯзмарра мебошад. Таассуф, ки ҳанӯз наметавонем, бугӯем, ки ин талабот дар ҷомеаи мо пурра иҷро мегардад.
Танҳо соли равон беш аз 70 қонун, зиёда аз 350 фармон ва қарорҳои Президент қабул шуданд. Ин ҳуҷҷатҳои қонунӣ барои кӣ ва бо кадом мақсадҳо қабул карда мешаванд? Бешубҳа барои фаровонҳолии халқамон.
Чунончӣ, ба қабул шудани Қонун  «Дар бораи шарикии давлативу хусусӣ», ки шарти муҳими муттасил инкишоф додани иқтисодиётамон ба шумор меравад, 7 моҳ пур шуд. Мо бинобар лоиҳаи қонуни мазкур, ки дер боз интизор будем ва аслан талаби ҳаёт мебошад, муддати дароз кор кардем. Ҳуҷҷати мазкур механизми муассири ба ҳаёт татбиқ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон бобати иҷрои вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба шумор меравад.
Ҳоли ҳозир дар баъзе соҳаҳо кори ба амал татбиқ сохтани лоиҳаҳои шарикии давлативу хусусӣ оғоз ёфт. Вале дар нигаҳдории тандурустӣ, таълим, нақлиёт, роҳсозӣ, хоҷагии коммуналӣ барин самтҳо ва аксар ҳудудҳо  то ҳол дар ин бобат ташаббусе эҳсос карда намешавад. 
Агар вазир ё ки ҳоким мазмуну моҳияти қонунро нафаҳмад, дарк накунад, барои ба ҳаёт татбиқ сохтани он ҷоннисорӣ нанамояд, пешбурди ислоҳот, бедор кардани ташаббускорӣ дар байни мардум душвор хоҳад шуд.
Бидуни рухсат, худсарона дар заминҳои корами ҳудудҳо ба роҳ мондани сохтмон, бетартибона вайрон кардани бинову иншоот барин ҳолатҳои нохуш аз қафомонии корҳои назорати иҷрои қонунҳо далолат медиҳанд. Бинобар ҳамин ҳам бояд Парлумон, Ҳукумат ва Суди олӣ барои таъмин сохтани иҷрои қонунҳои қабулшуда механизмҳои самарабахшро истифода баранд.
Дар ин бобат бояд ба мизонҳои омӯзонидани кадрҳо ва зиёд кардани таҷрибаи онҳо, бо усулҳои замонавӣ ба оммаи васеъ расонда додани ахбори  ҳуқуқӣ, донистани қонунҳо ва барои истифодаи онҳо ба фаъолияти роҳбарони мутасаддӣ баҳо додан эътибори аввалиндараҷа дода шавад,
Дуюм, барои расидан ба устувории Сарқонун ва қонунҳо ягон восита аз назорати ҷамоатӣ самарабахштар нест.
Олими бузурги Юнон Афлотун гуфтааст: «Агар халқ ба қонунҳо эҳтиёҷ доштани худро эҳсос карда, онҳоро пухта аз худ намояд, ин фақат ба худи ӯ суд меоварад. Дар акси ҳол ба мақсаде, ки дар  қонун пешбинӣ мегардад, расида намешавад».
Воқеан, агар халқамон бар муқобили вайрон шудани қонун пойдор набошад, идораҳои давлатӣ, шахсони мансабдор ҳар қадар саъй кунанд, таъмин сохтани устувории қонун мушкил мегардад. 
Ҳоло ҷамъияти мо ба маънои пурраи сухан бедор шудааст, акнун мардуми мо ба саъю амалҳои ашхоси мансабҳои гуногун бевосита баҳо додан, озодона ифода кардани фикру андешаҳои худро   меомӯзад.
Дар соле, ки анҷом меёбад, бори аввал Буҷаи давлатӣ васеъ муҳокима гардида, дар рӯҳи рӯшодӣ ва ошкорбаёнӣ қабул шуд. Дар он ҳар як сӯми вазорату идораҳои гуногун барои чӣ ва чӣ хел харҷ мегардад,  дақиқ зикр ёфт. 
Дар пояи фикру андешаҳои шаҳрвандон ва депутатҳоямон барои хариди мебел ва компутер ба мактабҳо аз ҳисоби кам кардани хароҷоти буҷа барилова 50 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шуд. Бояд махсус таъкид кунем, ки чунин ҳолати мусбат дар таҷрибаи мо бори аввал рух медиҳад.
Ё худ аксарияти шумо хабардор ҳастед, ки солҳои охир дар маҳалҳо дарахтон ба тарзи оммавӣ бурида мешуданд. Ин боиси норозигии одамон мегардид. Барои ҳамин ҳам ба наздикӣ бар муқобили бидуни сабаб буридани дарахтон моратория эълон шуд. Ин низ намунаи дорои таъсири пурқувват будани афкори ҷомеа мебошад. 
Ҳамаи ин собит менамояд, ки масъулият ва эҳсоси дахлдории мардум ба ҷараёнҳои иҷтимоӣ зиёд мегардад. 
Дар айни вақт бояд, гуфт, ки назорати ҷамоатӣ набояд «ба воситаи яктарафа» табдил ёбад.
Идораҳои давлатӣ фикру ақидаҳои танқидиро на фақат нисбат ба шаҳрвандон, балки нисбат ба худ низ бояд одилона ва холисона қабул карда, баррасӣ намоянд. Қарорҳое, ки оид ба тағйир додани қиёфаи шаҳр ва деҳот, сохтмон ва ободонӣ бароварда мешаванд, бояд, пеш аз ҳама, дар байни аҳолии ҳудуд муҳокима шаванд ва аз экспертизаи ҷамоатӣ гузаранд.
Мехоҳам боз ба як масъала эътиборатонро ҷалб намоям.
Мувофиқи Сарқонун судҳо дар фаъолияти худ мустақил мебошанд, вале назоратгари ҳақиқии онҳо бояд халқ бошад.
Идораҳои суд ва тафтишот бояд дар бобати қарор нисбат ба ягон амал онро маънидод кунанд, ба муроҷиати ҷамоавии шаҳрвандон эзоҳоти ҳуқуқӣ диҳанд.
Бояд аниқ дарк кард, ки назорати ҷамоатӣ ин танҳо назорати фаъолияти идораҳои давлатӣ нест, балки усули худидоракунии ҷамъият, ба тарзи дигар гӯем, яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷамъияти шаҳрвандӣ ба шумор меравад.
Барои ҳамин ҳам Шӯрои машваратӣ барои рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ, Маркази рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ,  Иттиҳодияи миллии созмонҳои ғайридавлативу ғаритиҷоратӣ соли оянда бинобар ҳар як соҳа ва ҷанба бояд баҳри ташкил кардани низоми муассири ба амал ҷорӣ намудани назорати ҷамоатӣ сару сарвар бошанд ва ташаббус зоҳир кунанд.
Назорати ҷамоатӣ бояд, пеш аз ҳама, дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назорат, соҳаҳои молия, бонк, таълим, нигаҳдории тандурустӣ, хоҷагии коммуналӣ, энергетика ва нақлиёт ҷорӣ карда шавад. Ҳамчунин, маҳсулоти бозор ва маҷмӯъҳои савдо, сифати хидматрасонӣ барин масъалаҳо бояд мунтазам таҳти назорати ҷамоатӣ қарор гиранд.
Сеюм, расонаҳои ахбори оммавӣ бояд барои пойдории қонунҳо воқеан ба «оинаи ҷамъият» табдил ёбанд.
Ислоҳоте, ки ба таъмин сохтани озодии сухан нигаронида шудаанд, тӯли се соли гузашта ҳаёти ҷамъияти моро дигаргун карданд.
Алҳол нирӯи бузурге, ки дар байни халқ истода, мушкилоти иҷтимоии онҳоро нишон медиҳад, вакилони расонаҳои ахбори оммавии мустақил ва холис мебошанд.
Дар натиҷаи ислоҳоти демократиамон расонаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ саъй менамоянд, ки ашхоси мансабдор кори худро бар пояи қонун дуруст ташкил намоянд. Бинобар ҳамин ҳам ба мақсади дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ ба ҷомеа пурра ва зуд расонидани маълумот дар ҳар кадоми онҳо хидмати матбуот ба кор пардохт.
Аслан дар ҷомеаи демократӣ тамоми ходимони давлатӣ бояд ҳамкории наздики иҷтимоиро бо расонаҳои ахбори оммавӣ омӯзанд.
Равшан аст, ки ҳоло баробари расонаҳои анъанавии ахбори оммавӣ Интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ, блогерҳо низ барои ташаккул додани афкори ҷамъиятӣ нақши бузург мебозанд.
Мо бо мақсади дар фаъолияти идораҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ беҳтар кардани омилҳои озодандешӣ ва ошкорбаёнӣ  бояд озодии сухан, иҷрои меъёрҳои конститутсиявии ахбор гирифтан ва паҳн кардани онро пурра таъмин намоем. Барои ин, пеш аз ҳама, бояд қонунгузории оид ба расонаҳои ахбори оммавӣ ташаккул дода шавад, ки мо дар ин бобат  фаъолона кор мебарем.
Вобаста ба ин мехостам ҳам назорати ҷамоатӣ, ҳам расонаҳои ахбори оммавӣ як мақсад, яъне розӣ кардани халқ ва беҳтар намудани ҳаёти ӯро як хел идрок намоянд. 
Ҳар як мақомоти давлатӣ дар саҳифаи шабакаҳои иҷтимоии худ бояд дар хусуси корҳое, ки амалӣ мешаванд, лозим бошад, ҳар рӯз маълумоти муфассал дода раванд.
Боз як бор такрор мекунам, ба тазйиқ нисбати назорати ҷамоатии Ӯзбекистон ва ҳуқуқҳои қонунии вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ дар ҳеҷ гуна шакл роҳ дода намешавад.
Чаҳорум, қонунҳое, ки қабул мешаванд, танҳо дар сурати бо ислоҳот муҷассам шудан натиҷа медиҳанд. 
Ин айни ҳақиқат, аксиома мебошад. Вале баъзе қонунҳоямон ба талабҳои замон мувофиқ нестанд. Аз ҳамин сабаб дар асоси низоми дақиқ кор карда баромадани механизмҳои иҷрои қонунҳо вазифаи рӯзмарраамон мебошад. 
Вазорати адлия аз соли оянда бояд бинобар навсозии қонунгузорӣ ва танзими он ба тарзи куллан нави кор гузарад. Дар ин бобат меъёрҳои Сарқонунамон бояд  ҳамчун пойдевори ҳуқуқӣ хидмат кунанд.
Панҷум, мо ҳар қадар қонунҳои мукаммал наофарему ислоҳот нагузаронем, агар дониш, шуур ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандонамон кофӣ набошад, дастёбӣ  ба натиҷаҳои пешбинишуда мушкил мегардад.
Суханони ҳикматноки олимони ҳуқуқшинос, ки чандин аср пеш гуфтаанд, «дарки ҳуқуқ эҳсоси масъулиятро ривоҷ медиҳад» ҳеҷ вақт аҳамияти худро аз даст намедиҳад. Ба таври дигар бигӯем, эҳтиром ба Сарқонун ва қонунҳои дигар, шуур ва маданияти ҳуқуқии ҳар як шаҳрванд, ба тарзи ҳаёт ва фаъолияти ҳар як шахси соҳибмансаб бояд табдил ёбад. Аммо чунин масъулияти ҳуқуқиро оё имрӯз дар ҳама ташаккул дода тавонистем?
Афсус, ки ба ин савол ҳанӯз ҷавоби мусбӣ дода наметавонем. Барои мисол, ноне, ки бо меҳнати фидокоронаи деҳқононамон ба даст меояд, ба сифати неъмати бузург ва азизи халқамон онро хеле қадр менамояд. Қадри нонро хусусан деҳқон ва фермеронамон, ки офарандаи ризқи рӯзиамон мебошанд, хуб медонанд. 
Аз он ки имрӯз муносибтарин намояндагони онҳоро дар ин толори муҳташам мебинам, хеле хурсандам.
Имсол, ки Рӯзи ходимони кишоварзӣ бо ҷашни Сарқонун дар як рӯз қайд мегардад, ба ин айём файзи дигар мебахшад.
Аз фурсат истифода намуда, тамоми деҳқон ва фермерони диёрро аз таҳти дил самимона табрик намуда, ба онҳо эҳтироми бузург баён намуданро иҷозат диҳед.
Ба мо нон чӣ қадар азиз ва боқадр бошад, деҳқони заҳматкаш ва меҳнати онҳо ҳамон қадар азиз ва боқадр аст.
Дар ҳақиқат, бобо ва момоёнамон, ки ҷанг ва гуруснагиро аз сар гузарондаанд, ба мо аз бачагӣ нонро ба чашм молида эъзоз карданро омӯхтаанд. Ин ба арзиши бузурги мо табдил ёфтааст. Барои  ҳамин ҳам неъмати бебаҳои Офаридгор, эҳсоси қадр намудани тағйироти мусбии ҳаётро дар қалбҳои фарзандонамон аз ҷавонӣ ҷойгир намудан зарур мебошад. 
Ҳоҷати пинҳон кардан нест, ки ба муассисаи олии таълимӣ, ба даст овардани рухсатнома ё литсензия барои шурӯъи фаъолияти соҳибкорӣ, пардохти андоз барин бисёр масъалаҳои рӯзмарраи ҳаётӣ ва ҳал намудани онҳо «сарфи назар намудани қонун» дар шароити мо ба одати бад табдил ёфта буд.
Ҳарчи мураккаб ҳам бошад, барои решакан намудани чунин иллатҳо оҳиста-оҳиста корҳоро ба амал татбиқ менамоем. Аз ҷумла, барои ба кӯдакистон ҷойгир намудани кӯдакон навбати электронӣ, дар қабул ба мактаб ва таълими олӣ тартиби кушод ва ошкоро ба вуҷуд оварда шуд. Инчунин, дар асоси тамоили «даричаи ягона» беш аз сад намуди хидмати давлатӣ расонда мешавад.
Аммо ба туфайли ин тағйирот ҷамъиятамон аз иллатҳои манфӣ, ҳолатҳои нописандӣ нисбати қонун тамоман халос нагаштааст ва барои чунин гуфтан ҳанӯз барвақт аст.
Ошкоро эътироф бояд кард, ки аксарият одамонамон дар ин масъала лоқайд ва бепарво гаштаанд. Мамониати асосии ислоҳоти ҷории мо магар ҳаминҳо нестанд?
Баъзе шаҳрвандонамон хуб медонанд, ки аз идораҳои роҳбарикунанда масъулият талаб намоянд, аммо масъулияти худро дар назди ҷамъият ва қонун, уҳдадории худро фаромӯш менамоянд. Ҳол он ки навсозии Ӯзбекистон, ба зинаи нав бардоштани инкишофи миллӣ ба осонӣ ба вуҷуд намеояд.
Ҳамаатон мебинед, ки то чӣ андоза сахт ва мураккаб набошад, имрӯз имконият ва қувваи зарурӣ, маблағ пайдо намуда, чӣ қадар барнома ва лоиҳаҳои бузургро ба амал татбиқ менамоем. Корхона, роҳ ва пул, кӯдакистон, мактаб ва бемористонҳои нав, иншооти маданият ва варзиш, иморатҳои истиқоматӣ месозем ва, Худо хоста бошад, чунин корҳои мо боз ҳам зиёд мегардад.
Мардумамон мақоле дорад – «Қарс – аз ду даст». Агар фикр кунем, ин мақол ба меъёрҳои Сарқонунамон низ мутобиқ аст. Яъне дар Сарқонунамон якҷоя бо ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонамон, вазифа ва ӯҳдадориҳои онҳо низ дақиқ муайян гаштааст.
Рӯзгордидагон, шаҳрвандони фаъол, хоҳарони азизамон, зиёиён, ҷавонон ислоҳоти имрӯзро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намуда, дар ҷараёни онҳо фидокорона иштирок намуданашон, шахсан ба ман нирӯи зиёд мебахшад. Аз имконият истифода намуда, барои ҳамаатон, барои халқамон барои ҳамин аз таҳти дил миннатдорӣ баён менамоям.
Боварии комил дорам, ки мо чунин ҳаёти ором ва осударо қадр намуда, эҳтиром ва муттаҳидии ҳамдигарро ҳифз карда, бо шукр зиндагӣ кунем, Офаридгор неъмати худро ба мардумамон боз ҳам зиёд менамояд. 
Дӯстони азиз! 
Мо барои инкишоф додани шуури ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқии ҷамъият кори худро бояд муттасил идома диҳем.
Тарбияи ҳуқуқиро бояд аз низоми таълими томактабӣ шурӯъ намуда, дар ин замина аввалин дастурҳоро мисли аллаи модар дар қалбҳои фарзандонамон як умр ҷой  диҳем.
Сарқонунамон ба қомуси ҳақиқии ҳаёт бояд табдил ёбад, ки аз шуур ва қалби ҳар як шаҳрванд ҷой гирифта, ҳуқуқ ва озодиҳои онҳоро пурра кафолат диҳад.
Барои ҳар як соҳа ва самт, тамоми зинаҳои таълим барномаи ба илм такянамудаи такмилёфтаи маданияти ҳуқуқӣ бояд омода гардад. Дар ин бобат, дар навбати аввал, ба омӯзиши Сарқонун бархурди ҷиддӣ бояд намуд. Барои мактабҳои таълими ҳамагонӣ китобҳои дарсии «Алифбои Сарқонун», «Дарсҳои Сарқонун», «Асосҳои Сарқонун» омода карда шавад.
Вазоратҳои адлия, таълими томактабӣ, таълими халқ таълими олӣ ва миёнаи махсус ба ин корҳо масъул мегарданд. 
Ба савияи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии муаллимоне, ки аз ин фанҳо дарс медиҳанд, бояд алоҳида эътибор дода шавад. Инчунин, ба вуҷуд овардани намоишҳо, сериалҳо, филмҳои бадеӣ, асарҳои театрӣ дар бобати тантанаи адолати ҳаётӣ, барқарор гардидани ҳуқуқи қонунӣ аҳамияти калони тарбиявӣ хоҳанд дошт. 
Умуман, инсонҳое, ки барои тантанаи қонун ва адолат мубориза мебаранд, бояд қаҳрамонҳои имрӯз гарданд. Айнан ҳаёти чунин одамон барои шоиру адибон, коргардонҳо, журналистон мавзӯи эҷодӣ хоҳад гардид. 
Ҳамватанони азиз!
Таъмин намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар амал, эъзоз намудани қадру қимати ҳар як шахс, хусусияти ҷудонашавандаи ҷамъияте мебошад, ки мо бо ошкороӣ, озодӣ ва бо адолат бунёд менамоем. Чунин принсип дар Сарқонунамон қатъиян муайян гаштааст.
Дар Сарқонун омадааст, ки халқ манбаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки қоидаҳои мазкур ба тамоюлҳои умумиинсонии демократия асос ёфта, давлат фаъолияти худро фақат бо назардошти  фаровонии инсон ва ҷамъият пеш барад. Инро фақат натиҷаи давраи гузаштаи соли ҷорӣ нишон дод, ки ба Қабулхонаҳои халқӣ беш аз 880 ҳазор муроҷиат расида, беш аз 510 ҳазори он ба таври мусбӣ ҳаллу фасл гаштааст.
Ба ин муносибат ба тамоми роҳбарон бори дигар ёдовар шудан мехоҳам. Ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кунем, ки онҳоеро, ки ба мо умед намуда, бовар кардаанд ва моро чун роҳбар интихоб кардаанд,  розӣ намудан вазифаи асосӣ аст.
Мардум аз мо розӣ бошад – Офаридгор низ аз мо розӣ мегардад.
Беҳуда нест, ки дар Сарқонун инсон, ҳаёти ӯ, озодӣ, шаън, қадру қимат ва дигар ҳуқуқҳои дахлнопазираш чун арзиши олӣ таҷассум гаштааст. Барои ба амал ҷорӣ намудани ин принсип дар мо иродаи қатъии сиёсӣ ва имконоти ногузир мавҷуд аст. Барои ин мо, пеш аз ҳама, вазифаҳои муҳими зеринро ҳал намоем. 
Якум, барои боз ҳам босамар намудани таъмини ҳуқуқи инсон бояд стратегияи миллӣ дошта бошем.
Барои шумо хуб маълум аст, ки дар мамлакат солҳои охир дар ин замина корҳои зиёд ба амал бароварда мешавад.
Дар соли ҷорӣ қонунҳо «Дар бораи маълумот дар бораи шахс», «Дар бораи ҷабрдида, ҳимоя намудани гувоҳ ва дигар иштирокдорони ҷараёни ҷиноӣ» қабул гардиданд. Инчунин конвенсияҳои Ташкилоти байналхалқии меҳнат «Дар бораи меҳнати маҷбурӣ», «Дар бораи инспексияи меҳнат дар саноат ва савдо» ратификатсия гардиданд. Ин мавқеи моро дар бораи қатъиян зид будан ба меҳнати маҷбурӣ ва бар зидди он мубориза бурдан ифода менамояд.
Солҳои охир оид ба авф намудани шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, 8 фармон қабул гардида, беш аз чор ҳазор нафар шахс аз ҷойҳои иҷрои ҷазо озод карда шуданд. Ба сифати давоми мантиқии ин корҳоямон дар ин рӯзҳо ба фармони навбатӣ имзо гузоштам. Бино ба он 92 нафар шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, ки аз кирдори ҷиноиашон аз таҳти дил пушаймон шуда, пурра ба роҳи ислоҳ гузаштаанд, авф гардида, ба ҳаёти озод гардонда шуданд.
Соли ҷорӣ баста шудани колонияи иҷрои ҷазои шаҳраки Жаслиқ намунаи амалии чунин сиёсати инсонпарварона гардид. 
Тартиби додани нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ба шахсони аз озодӣ маҳрумшуда бори аввал дар амалиёт ҷорӣ гардид. Дар натиҷа ба 709 нафар маҳкуми синну соли нафақа, ки дар колонияҳо ҷазоро иҷро менамоянд, нафақапулӣ пардохта шуд.
Мо хатоҳои аввал роҳдодаамонро ислоҳ намуда, дар роҳи таъмин намудани ҳуқуқи нафақа гирифтани ин тоифаи шаҳрвандон, ки дар Конститутсияамон муайян шудааст, қадами аввалро гузоштем.
Соли ҷорӣ чорабиниҳои инсонпарваронаи «Меҳр-1» ва «Меҳр-2» бомуваффақият амалӣ гардонда шуданд. Дар доираи ин чорабинӣ аз майдони низоъҳои ҷангии Шарқи Наздик, Афғонистон 261 нафар шаҳрванд, асосан занон ва бачаҳо ба кишварамон оварда шуданд. Ба онҳо ёрии зарурии тиббӣ ва моддӣ расонда шуд.
Вақте ки сухан дар бораи таъмин кардани ҳуқуқҳои инсон меравад, мехостам таъкид намоям, ки соли гузашта 9 ҳазору 692 нафар, аз ҷумла соли ҷорӣ 5 ҳазору 868 нафар ҳамватанонамон шаҳрвандии Ӯзбекистонро қабул карданд. Аммо, дар ин соҳа бояд корҳои зиёдро ба анҷом расонем.
Аввало, Стратегияи миллиро, ки дар боло зикр кардем, таҳия намуда, дар асоси он бояд дар самти мазкур сиёсатамонро пайваста татбиқ намоем. Дар стратегияи мазкур бояд механизмҳои ба рӯи об баровардани тамоилҳои конститутсионӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон возеҳу равшан муайян карда шавад.
Дар ҷамъият маданияти эҳтиром намудани ҳуқуқу озодиҳои инсонро ташаккул дода, ба воситаи ин бояд нуфузи байналхалқии мамлакатамонро баланд бардошт.
Ба фикрам, дар доираи Стратегияи миллӣ фурсати офаридани низоми беист омӯзондани ҳуқуқҳои инсон, дар мактабҳои таълими умумӣ, муассисаҳои таълими олӣ, марказҳои бозомӯзии кадрҳо ҷорӣ намудани курсҳои махсуси таълимӣ таҳти номи «Ҳуқуқҳои инсон», «Ҳуқуқҳои бача», «Ҳуқуқҳои занон» фаро расидааст. 
Дувум, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба идораҳое, ки танҳо бар манфиати халқ бечунучаро хидмат мекунанд, бояд табдил диҳем.
Дар тӯли 3 соли гузашта низоми ҳимоя кардани ҷабрдидагон, гувоҳҳо ва иштирокдорони дигари ҷараёни ҷиноят офарида шуд. Ба фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатии суду экспертиза рухсат дода шуд. Оид ба рушди соҳа самтҳои устувор ва чорабиниҳои зарурӣ тасдиқ шуданд.
Хабар доред, ки соли гузашта зарурати ба воситаи сабти видео қайд намудани ҷараёни кофтуков, дар ҷойи ҳодисаи содиргардида санҷидани нишондодҳои ба дастовардашуда,  эксперименти тафтиш барин ҳаракатҳои протсессуалӣ дар асоси қонун муайян шуда буд.
Аммо, мулоқот бо аҳолӣ зарурати ба кор бурдани чунин чораҳоро оид ба ҳолатҳои дигаре, ки хавфи ҳуқуқвайронкунӣ доранд, нишон медиҳад. Хусусан, ҷараёнҳои нигоҳ доштани шахс, ба ӯ фаҳмондани ҳуқуқҳои протсессуалӣ, агар вай аз ҳимоячӣ даст кашад, бояд тартиби маҷбурӣ ба сабти видео фуровардани ин ҳолат ҷорӣ карда шавад.
Ба аъзои оилаи шахси аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгиршуда, баъди ба бинои махсус оварда шудани ӯ дарҳол хабар дода шавад. Пешниҳод менамоям, ки инро ба сифати ӯҳдадории пурсуҷӯкунанда, муфаттиш ва дигар шахси ваколатдор дар қонун бояд дақиқ муайян намуд.
Ба ғайр аз ин, ҳолатҳои нигоҳ доштани шахс ва ба кор бурдани чораҳои дигари маҷбурии протсессуалӣ, ки ҳуқуқи онро маҳдуд месозад, бояд ба низоми ҳисобгирии электронӣ гузаронида шавад. Дар ин ҷараён бояд то қадри имкон иштироки омили инсон коҳиш дода шавад.
Аз соли оянда сар карда тартиби аз болои қарори прокурор ба суд муроҷиат кардан ҷорӣ карда мешавад. Ба воситаи ин дар ҷараёни тафтишу пурсуҷӯ имкони таъмин кардани мувозинат, яъне тамоюли парҳез намудан фароҳам оварда мешавад. Чунин тағйироти муҳим низ дар таҷрибаамон бори аввал ҷорӣ мегардад. 
Пӯшида нест, ки пештар идораҳои прокуратура ба мақомоти аз ҳад зиёд пӯшида, аз назорат холӣ, таъбир ҷоиз бошад, ба дараҷаи охирин табдил ёфта буд. Дар натиҷаи ин чӣ қадар одамон ноҳақ ҷабр кашида, ба беадолатӣ рӯ ба рӯ шуданд гӯем, айни ҳақиқат хоҳад буд. То чӣ андоза гарон ва нохуш бошад ҳам, мо ин ҳақиқатро эътироф намуда, ба қарор додани қонуният ва адолат дар ин соҳа шурӯъ намудем.
Боварӣ дорам, ки ҷорӣ намудани таҷрибаи аз болои қарори прокурор ба суд муроҷиат намудан, ки дар мамлакатҳои мутараққии демократӣ амал мекунад, дар мустаҳкам намудани мезони адолат қадами калон гардид.
Таъмин намудани мустақилии ҳақиқии судҳо барои мо вазифаи устувор аст. Хусусан, ба идорае, ки дасти шахси мансабдор расад, табдил додани суд набояд роҳ дод.
Аз ин рӯ, барои дахолат ба кори суд ёки тазйиқ овардан ба суд бояд ҷавобгарӣ пурзӯр гардонда шавад.
Вақтҳои охир аксарияти муроҷиатҳое, ки ба Қабулхонаҳои халқӣ мерасанд, ба камбудиҳои фаъолияти суд, прокуратура, идораҳои корҳои дохилӣ марбут мебошанд. Инро ба ҳисоб гирифта, идораҳои мазкур бояд низоми комилан нави бо халқ кор карданро фароҳам орад. Ҳаллу фасли қонунии ҳар як аризаву шикоят ҳамчун баҳо ба фаъолияти роҳбарони ин идораҳо арзёбӣ мегардад.
Ин гуна дигаргуниҳои навро пеш аз ҳама, халқамон аз ҷумла, ҳамкорони хориҷиамон, ки ба устувории қонунҳои кишварамон бовар карда, сармоя ворид менамоянд, бояд ҳамаҷониба эҳсос намоянд.
Сеюм, ба воситаи такмил додани институти адвокатура таъмин намудани ҳуқуқи инсон бояд ба зинаи нав бардошта шавад.
Оид ба пурзӯр гардондани мақоми ҳуқуқии ин соҳа, васеъ гардондани ваколатҳои адвокатҳо як қатор корҳо амалӣ шуданд. Аммо, мушкилоте, ки ҳалли худро наёфтаанд, зиёданд. Масалан, ба ҳолати ба беш аз 33 миллион аҳолии Ӯзбекистон хизмат нишон додани ҳамагӣ 4 ҳазор адвокат баҳои мусбат додан мумкин аст.
Дар айни ҳол 60 фоизи адвокатҳои мамлакатамонро шахсони синнашон аз 50 гузашта ташкил медиҳанд. Дар байни онҳо ба 70 нафар ҳам нарасидани ҷавонони ба 30 пур нашударо чӣ хел эзоҳ додан мумкин?!
Барои барҳам додан ба ин гуна ҳолатҳои андуҳовар бояд пеш аз ҳама нуфузу мақоми адвокатҳоро баланд бардошта, мустақилии институти адвокатураро таъмин кард.
Дар пешомади наздик бояд консепсияи рушди институти адвокатураро таҳия кард. Ягон идора набояд ба фаъолияти адвокатҳо монеъ гардад. 
Дар айни ҳол талабҳои ихтисос, ки нисбати адвокатҳо гузошта мешаванд, низ бояд дар консепсияи мазкур пурра инъикос ёбад. Дар ин бобат мо бояд таҷрибаи пешқадами давлатҳои мутараққиро ҳамаҷониба омӯзем.
Чорум, озодии виҷдон, ҳамҷиҳатии миллӣ, кушодадилии динӣ, ҳифзи кафолатноки шаҳрвандонамон дар мамлакат ва хориҷ минбаъд низ яке аз самтҳои устувори сиёсати давлатӣ боқӣ мемонад.
Ба ин мақсад имкониятҳои ба амалӣ гардондани зиёрати муқаддаси шаҳрвандонамон вобаста ба дараҷаи назаррас васеъ гардонда шуд. Аз ҷумла, шумораи шахсоне, ки ба зиёрати умра мераванд, аз 10 ҳазор то 30 ҳазор, онҳое, ки ба зиёрати ҳаҷ мераванд, аз 5 ҳазор то 7 ҳазору дусад зиёд гардонда шуда, хароҷотҳои сафар кам карда шуданд.
Умуман, корҳо оид ба таъмин кардани озодии виҷдон, ки солҳои охир дар мамлакатамон амалӣ мегарданд, ба шумо маълум аст. 
Имрӯз мо бо иштироки коршиносони бонуфузи маҳаллӣ ва хориҷӣ бобати таҳрири нави қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» кор пеш мебарем. Қонуни мазкур ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонамонро  бобати озодии виҷдону эътиқод пурра таъмин мекунад. 
Муҳтарам иштирокдорони маҷлис!
Бинобар ҳимоя кардани шаҳрвандоне, ки дар хориҷа кор мекунанд ва аъзои оилаи онҳо низ корҳои низомнок амалӣ мешаванд.
Бинобар масъалаҳои муҳоҷирати меҳнати хориҷӣ комиссияи ҷумҳурӣ ташкил карда шуд. Дар таркиби ҳукумат Департаменти масъалаҳои ҳимоя ва дастгирии ҳуқуқи шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар хориҷа муваққатан меҳнат мекунанд, ташкил гардид.
Аммо хабарҳо дар бораи одамонро фиреб додани баъзе фирмаҳои хусусие, ки барои дар хориҷа кор кардан бо фиристодани шаҳрвандон машғуланд, дар саҳифаҳои матбуот эълон мегарданд. Департамент фаъолияти ин фирмаҳоро бояд қатъӣ назорат кунад.
Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қатъи назар аз дар дохил ё хориҷи мамлакат будан, ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандони худ, сарпарастии онҳоро баъд аз ин ҳам кафолат медиҳад ва ҳама чораҳоро мебинад.
Барои ин, аз ҷумла, хизматҳои консулиеро, ки аз ҷониби ваколатхонаҳои дипломатии мо дар хориҷа амалӣ мешаванд, ба шакли электронӣ гузарондан лозим. То ин ки шаҳрвандони мо дар хориҷа аз дигар шаҳрҳо ба шуъбаҳои консулӣ бевосита худашон омада, сарсон нашаванд. 
Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва адлия соли оянда барои пурра ба кор даровардани низоми мазкур масъул карда мешавад.
Панҷум, барои мустаҳкамкунии баробарҳуқуқии байни занону мардон дар мамлакати мо эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Куллан аз нав ташкил гардидани Кумитаи занону духтарон ва шуъбаҳои ҳудудии он, ба онҳо ваколат ва имкониятҳои иловагӣ дода, барои пурра фаъолият карданашон шароити зарурӣ фароҳам овардан дар ин роҳ қадами нав гардид.
Соли ҷорӣ бинобар моддаи 46-уми Сарқонуни мо қонунҳо «Дар бораи кафолатҳои баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳо барои занон ва мардон» ва «Дар бораи ҳимоя кардани занону духтарон аз тазйиқ ва зӯроварӣ» қабул гардид. Фикр мекунам, ки барои мунтазам амалӣ кардани қонунҳои мазкур назорати парламент ва ҷамоат ниҳоят зарур аст. 
Дар оянда низ ҳимояи модару кӯдак, ҳал кардани муаммоҳои иҷтимоии занону духтарон дар маркази диққати мамлакати мо хоҳад буд.
Вақтҳои охир бисёр бонувони мо дар идоракунии давлат ва ҷамъият, иқтисодиёт, молияву бонк, таълиму тарбия, ҳифзи тандурустӣ, маданият ва соҳаҳои дигар ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ бардошта мешаванд.
Худатон гӯед, дар ҷойҳо дарду ташвиши одамон, аҳволи оила ва маҳалларо аз ҳама кӣ беҳтар медонад, кӣ хубтар ҳис мекунад? Магар бонувони меҳрубону соҳибэҳтироми мо нестанд?
Бидуни шубҳа, барои муайян кардани муаммоҳои иҷтимоӣ ва саривақт ҳал кардани онҳо, баланд бардоштани самарадории идоракунӣ апаву хоҳарони мо мавқеъ ва таъсири калон доранд. Ба ин хотир, мо сиёсати ба баланд бардоштани мавқеъ ва обрӯи занону духтарон дар ҷомеа, ба онҳо бо боварӣ супурдани вазифаҳои масъулиятнок нигарондашударо боз ҳам фаъол идома медиҳем.
Шашум, ҳуқуқи мулкии дар Сарқонун муайяншудаи шаҳрвандон дахлнопазир аст ва доимо дар ҳимояи давлат хоҳад буд.
Мо дар солҳои гузашта дар бобати бартараф кардани маҳдудиятҳои зиёдатӣ дар соҳаи соҳибкорӣ, қатъан маҳдуд кардани ғайриқонунӣ дахолаткунии идораҳои давлатӣ ба фаъолияти онҳо корҳои назаррас анҷом додем. Аз ҷумла, амалиёти заминҷудокуние, ки ба ришвагирӣ роҳ мекушояд, куллан ислоҳ карда шуд. Ин ҷараён, инак, тавассути низоми электронии заминҷудокунӣ амалӣ мегардад. 
Бо оғоз аз 1 январи соли оянда ваколати ҳокимҳо бинобар гирифта мондани заминҳои ба хоҷагии қишлоқи пешбинишуда ба шӯроҳои депутатҳои халқӣ дода мешавад. Ин тағйирот низ яке аз қадамҳои ҷиддӣ дар роҳи таъмини дахлнопазирии мулк мебошад.
Ба ғайр аз ин, қоидаҳо оид ба тартиби нави гирифта мондани замин ва пардохти ҷуброн, фақат бо ризоияти соҳиби мулк гирифтани замин ҷорӣ карда шуд. Дар баробари ин, ҷавобгарӣ нисбат ба шахсони мансабдоре, ки ба қонунҳо дар бораи дахлнопазирии мулк амал намекунанд, қатъи назар аз он ки дар кадом вазифа фаъолият доранд, пурзӯр карда шуд. Ҳамчунин, дар бораи миқдори ҷуброн байни тарафҳо низоъ ба вуҷуд ояд, акнун ин гуна ҳолатҳо фақат бо роҳи суд ҳал карда мешаванд.
Маълум аст, то ҳамин вақт ҳокимон қарорҳоеро, ки ҳуқуқи истифода аз заминро медоданд, худашон қабул мекарданд, вақташ ояд, имкон дошт, ки худ онҳоро бекор кунанд. Акнун фурсати маҳдуд кардани ҳамин ваколат фаро расид. Зеро фақат ба ҳоким додани ин гуна ваколат сабабгори беадолатиҳои гуногун мегардад, ки мисолҳои бисёр инро собит мекунанд. Ин гуна масъалаҳо акнун фақат бо тартиби суд ҳал карда мешаванд.
Агар мабодо аз ҷониби бизнес-омбудсман ҳолатҳои вобаста ба ғайриқонунӣ маҳдуд кардани ҳуқуқҳои мулкии субъектҳои соҳибкорӣ муайян карда шавад, бо дарназардошти манфиатҳои соҳибкор ба он ҳуқуқи ба суд муроҷиат карданро додан лозим аст.
Барои дар соҳа таъмин кардани шаффофият ва ошкороӣ амалиёти дар сайтҳои дахлдор эълон кардани  қарорҳои ҳокимон дар бораи ба шаҳрвандон додани заминро роҳандозӣ кардан лозим.
Мо бо мақсади таъмини кафолати ҳуқуқи мулкии шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ ислоҳотҳоямонро, ки ҷавобгӯи андозаҳои байналхалқӣ мебошанд, баъд аз ин ҳам қатъан давом медиҳем.
Бо як сухан гӯем, барои дар мамлакатамон барпо кардани давлати демократии ҳуқуқӣ ва ҷамъияти озоди шаҳрвандӣ мо бояд дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаётамон назорати конститутсиониро пурзӯр гардонем. Ин бошад, дар натиҷа барои пурра таъмин кардани ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаън, қадру қимати ӯ, дахлнопазирии молу мулк, ҳуқуқи муҳимтарини шаҳрвандон мисли меҳнат кардан, таълим гирифтан, истифода аз ёрии тиббӣ имкон медиҳад.
Ҳамватанони азиз!
Маълум аст, 22 декабри соли ҷорӣ ба Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шӯроҳои депутатҳои халқӣ интихобот баргузор мешавад.
Ин маъракае, ки таҳти шиори «Ӯзбекистони нав – интихоботи нав» баргузор мешавад, дар ҳаёти сиёсии мамлакатамон ҳодисаи басе муҳим аст.
Тибқи Конститутсияамон шаҳрвандон дар идораи корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳуқуқи бевосита, ё  тавассути намояндагони худ, иштирок карданро доранд. Дар интихобот овоз додан ба номзади дилхоҳ ё барномаи пешниҳоднамудаи ягон ҳизб, дастгирии онҳо намунаи рӯшани намояндагии демократист.
Дар давраи кӯтоҳ доир ба интихобот 21-то қонун мураттаб гардида, дар таърихи Ӯзбекистон бори нахуст Кодекси интихоботии ягона қабул карда шуд. Ин дар роҳи таҳким бахшидани қонунгузории миллӣ, такмил додани баргузории интихоботи демократӣ иқдоми муҳим буд. 
Хато намешавад агар гӯем, ки навгонии ба назар намоёни Кодекси мазкур ин аст, ки майдони сиёсӣ комилан ба аҳзоби (ҳизбҳо) сиёсӣ дода шуд. Тибқи он аҳзоби сиёсӣ дар интихоботе, ки барои Палатаи қонунгузорӣ баргузор мешавад, мисли пештара на аз 135, балки пурра – аз 150 ҳавзаи интихоботӣ номзадҳои худро нишон медиҳанд.
Бекор карда шудани квотаи пешбинигардидаи Ҷунбиши экологии Ӯзбекистон низ дар майдони сиёсӣ ба ташаккул додани рақобати солим хидмат менамояд.
Тибқи Кодекси интихоботӣ ҳуқуқи намояндаи ваколатдори ҳизби сиёсӣ низ васеъ карда шуд. Акнун намоянда дар маҷлисҳои комиссияи интихоботӣ ҳангоми супурдани ҳуҷҷатҳо ва санҷидани варақаҳои имзо иштирок менамояд. Ҳамчунин ӯ ҳуқуқ дорад, ки дар қитъаҳои интихоботӣ ҳангоми шумурдани овозҳо иштирок намояд.
Ин ҳама дар ҷараёни интихобот ба афзудани ошкороию шаффофият ва назорати ҷамоатӣ хидмат менамояд.
Имсол барои овоздиҳии озоди шаҳрвандонамон дар маҳалҳо 6 ҳазору 720-то ҳавза ва 10 ҳазору 253-то қитъаи интихоботӣ ташкил дода шуд.
Ҳуқуқи шаҳрвандон оиди интихобкунию интихобшавӣ васеъ, маҳдудкуниҳои дар амал буда бекор карда шуданд.
Тибқи Конститутсияамон ба мақсади таъмини иштироки шаҳрвандон дар интихобот имсол боз як қадами нав гузоштем. Акнун шахсоне, ки ҷинояти вазнин ва фавқулодда вазнин содир накардаанд, низ ҳуқуқи иштирок кардан дар интихоботро ба даст дароварданд. Биноан, дар маъракаи интихоботии пешистода барои иштироки 1 ҳазору 905 нафар шахси аз озодӣ маҳрумгардида низ имконияти қонунӣ фароҳам оварда шуд.
Бешубҳа, Кодекси интихоботии нав ва беш аз 30 қоидаи демократии нави он ба такмили минбаъдаи қонунгузории  интихобот хидмат мекунанд.
Имсол дар мамлакатамон 5-то ҳизби сиёсӣ дар интихобот иштирок менамоянд. 
Халқамон бисёр мехоҳад ба депутатӣ инсонҳое интихоб шаванд, ки мушкилот ва роҳи ҳаллу фасли онҳоро хуб медонанд, донишу малакаи зиёд доранд, дар қабули қонуну қарорҳое, ки ба натиҷабахшии ислоҳотҳо хидмат менамоянд, ҷонбозӣ мекунанд. Биноан, парлумони навамон, ки дар асоси бисёрҳизбӣ интихоб мешавад, дар навбати аввал бояд аз депутатҳое иборат бошад, ки ба ҳифзи манфиатҳои халқу Ватанамон қодиранд.
Дар ҷараёни интихобот иштироки мушоҳидон аз даҳҳо созмонҳои  байналхалқӣ, Институтҳои демократии созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва миссияи комилҳуқуқи он доир ба ҳуқуқи инсон, ҳамчунин, аз беш аз 40 давлати хориҷӣ иштироки беш аз 600 нафар мушоҳидон пешбинӣ шудааст.
Агар халқамон тавассути  интихоботи мазкур ба ислоҳоти имрӯзаамон баҳо диҳад, аҳли ҷомеаи ҷаҳон ба Ӯзбекистони навшудаистода баҳо медиҳад.
Фикр мекунам, ки ҳар як ҳамватанамон қарзи шаҳрвандию конститутсионӣ ва масъулияти худро дар назди тақдиру ояндаи Ватанамон амиқ дарк намуда, барои рушди кишварамон, осудагии халқ, беҳбуди ҳаётамон ва бахту саодати фарзандонамон овоз медиҳад.
Ҳамватанони азизу муҳтарам!
Ҳамаамон медонем, ки имрӯз дунё бо шиддат тағйир меёбад. Хавфу хатарҳое, ки ба тақдиру ояндаи инсоният таҳдид менамоянд, торафт зиёд мегарданд. Дар миқёси ҷаҳон рақобати бераҳмона, зиддиятҳои гуногун, ҷангҳои тиҷоратӣ авҷ мегиранд.
Дар чунин як шароити мураккаб мо бояд танҳо бо такя ба ақлу фаросат, иродаи шикастнопазир ва тавону салиқаи халқамон, нерӯву имкониятҳои худамон, айни ҳол, бо ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеаи ҷаҳон далерона пеш равем. Дар ин бобат Конститутсияамон ҳамеша роҳнамо ва сарманшаи қудрату тавоноии мост.
Мо имрӯз дар назди худ мақсадҳои бузург гузошта, марраро баланд гирифтем.
Ислоҳотҳои демократӣ дар Ӯзбекистон ранги муқаррарӣ гирифт ва ҳеч кас, ҳеч нерӯ моро аз роҳи интихобкардаамон гардонда наметавонад.
Ин – ҳаёти имрӯз, талаби замони имрӯз аст.
Ин – майлу хоҳиши халқи сермиллат, фарохдил, меҳнаткаш ва олиҷаноби мост.
Ва мо чунин сиёсатеро, ки манфиатҳои асосӣ ва орзуҳои неки халқамонро ифода менамояд, хастанопазирона идома медиҳем. На танҳо давом медиҳем, балки онро ба зинаи наву баланд мебардорем.
Ба мо халқу ватанамон, аҳли ҷомеаи ҷаҳон боварии калон дорад.
Ба ана ҳамин боварӣ ҳамаҷониба сазовор гардида, қотеъона  пеш меравем, ба мақсадҳои бузургамон дар якҷоягӣ, албатта, мерасем.
Иҷозат диҳед, аз фурсат истифода бурда, ба сафирони муҳтараме, ки дар чорабинии имрӯза иштирок менамоянд, ташаббусҳои нек ва ислоҳотҳои моро тақвият мебахшанд, ба намояндагони созмонҳои байналхалқӣ аз номи худам ва халқамон арзи сипос намоям.
Шуморо, тамоми халқамонро бо айёми муборак – Рӯзи Конститутсия бори дигар самимона муборакбод менамоям.
Ба ҳамаатон тандурустӣ, бахту саодати оилавӣ, дар хонадонҳоятон осудагӣ ва файзу барака мехоҳам.
Барои эътиборатон ташаккур!
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: