МАЪРӮЗАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ҶАМЪОМАДИ БИСТУМИ УМУМИИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИС

Ассалому алайкум, аъзои муҳтарами Сенат!

Иштирокдорони муҳтарами маҷлиси умумӣ!
Пеш аз ҳама мехоҳам изҳор намоям, ки имрӯз барои он ки бо шумо, азизон вохӯрда, шуморо сиҳҳату саломат ва бо кайфияти хуш мебинам, мамнунам.
Аз имконияти мазкур истифода бурда, ба шумо эҳтироми баланд ва орзуҳои самимии худро изҳор менамоям.
Ҷамъомади кунунии умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар зинаи нави тараққиёти миллӣ, дар замоне, ки дар тамоми соҳа ва самтҳо ислоҳотҳои шадиди демократӣ бо суръати баланд идома доранд, баргузор мегардад.
Алҳол халқи сермиллати кишвари мо мувофиқи мақсад ва вазифаҳое, ки Стратегияи амалиёт мушаххас намудааст, кор мебарад, ҳамҷиҳатона ва бо қатъияту фидокорӣ меҳнат мекунад.
Барои забти марраҳои бузурге, ки дар наздамон гузошта шудаанд, тамоми қудрат ва имкониятҳои давлату ҷамъияти мо сафарбар мегарданд. Бахусус, баҳри такмил додани сохтори давлат ва ҷамъият, таъмин сохтани устувории қонун ва минбаъд ислоҳсозии низоми суду ҳуқуқ, инкишоф додани иқтисодиёти миллӣ ва озодкунии он, беш аз пеш ривоҷ додани соҳаҳои иҷтимоӣ, мустаҳкам кардани амният, ҳамгироии байнимиллӣ ва кушодадилии динӣ, ҷорӣ кардани сиёсати самарабахши хориҷӣ барин самтҳои устувор эътибори махсус дода мешавад.
Дар пояи мулоқоти доимӣ ва мунтазам бо халқ, ки ҳоли ҳозир миқдори умумии он аз 33 миллион нафар гузашт, ҳуқуқҳо, озодӣ ва манфиатҳои қонунии аҳолӣ таъмин мешаванд, дар ин соҳаҳо қадамҳои нав гузошта шуданд. Чунончи, барои дар соҳаи иқтисодӣ муносибатҳои ҳақиқии иҷтимоии бозаргониро ҷорӣ кардан, ба соҳибкорӣ ва рушди мулки хусусӣ роҳи васеъ кушодан, ташкил намудани корхонаҳои истеҳсолии замонавӣ ва инфрасохторҳо эътибори аввалиндараҷа дода мешавад. Ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, бунёди хонаву манзилҳои замонавӣ, роҳ ва пулҳо, кӯдакистонҳо, мактабҳо ва донишкадаву донишгоҳҳо, шифохонаҳо, барпо намудани масканҳои маданияту санъат ва варзиш, хулоса, барои ба ҳаёти ободу фаровони халқамон муваффақ шудан, ӯро ба низоми фаъолияти роҳбарон ва мутасаддиёни тамоми дараҷаҳо розӣ кардан табдил меёбад.
Бешубҳа, ҳамаи мо хуб медонем, ки барои татбиқ сохтани ислоҳоти миқёсан бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву ҳуқуқӣ парлумони миллӣ — Олий Маҷлис ва палатаи болоии он Сенат, фаъолияти шумо, сенаторони муҳтарам аҳамияти бағоят муҳим дорад.
Мо ҳангоми Сенат гуфтан, пеш аз ҳама, нирӯеро тасаввур мекунем, ки барои ба амал баровардани салоҳияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва мадании парлумони миллӣ саъй мекунад, ифодагари воқеии манфиатҳои халқ ва пуштбони ҳақиқии ӯст.
Агар дар хотир дошта бошед, ду сол муқаддам, яъне 12 июли соли 2017 мо бо шумо, ноибони муҳтарами халқ вохӯрда, дар асоси талаботи ҷиддии даврони шиддатнок барои беш аз пеш такмил додани фаъолияти парлумон  вазифаҳои муҳимтаринро муайян карда будем. Ман хуб дар ёд дорам, дар ҳамон мулоқот фикри «Бояд парлумони мо ба мактаби ҳақиқии демократия, ташаббускор ва иҷрогари асосии ислоҳот табдил ёбад» ба миён гузошта шуда буд.
Барои ба амал татбиқ намудани ин ғояи барномавӣ дар Муроҷиатномаҳои мо ба Олий Маҷлис низ ба масъалаҳои вобаста ба ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кунунии Ӯзбекистон, инкишоф додани парлумони миллӣ эътибори махсус дода шуда буд, ки инро хуб медонем. Дар ин бобат, аз ҷумла, дар ҷамъият ва ҳаёти давлат зиёд кардани мақом ва нуфузи палатаҳои Олий Маҷлис, дуруст ва пурсамар ба роҳ мондани кори онҳо ва барои ин фароҳам овардани шароит, хуб кардани таъминоти моддиву ташкилии фаъолияти депутатҳо ва сенаторон чораву тадбирҳои муҳим андешида шуданд. Бояд эътироф намуд, ки дар даврони сипаришуда барои баробари эҷоди қонун назорати таъсирбахши парлумониро ҷорӣ намудан, ба маҳалҳо баромада омӯхтани мушкилоте, ки аҳолиро ба ташвиш овардаанд ва азият медиҳанд, ҳаллу фасли онҳо ҳам аз нуқтаи назари қонунӣ ва ҳам амалӣ як қатор корҳои сазовори эътибор амалӣ гардиданд. 
Мо аз рӯзи аввали оғози фаъолияти худ бо шумо, вакилони муҳтарами халқ дар қатори тамоми вазифаҳои муҳим эътибори махсус доданро ба ду масъалаи асосӣ зикр карда будем. Масъалаи якум, агар ҳифзи оромиву осоиштагии ҷамъиятамон бошад, масъалаи дуюм ин ҳифзи саломатии аҳолӣ аст.
Ҳамаи мо дарк мекунем, оромиву саломатӣ ин барои ҳар як инсон ва тамоми халқи мо неъмати бузургест, ки онро наметавон ба ягон чиз чену баркаш кард. Бинобар ҳамин ҳам, мо агар дар ана ҳамин ду соҳа аҳволро батамом тағйир диҳем, ба натиҷаҳои хуб ноил гардем, ман аминам, ки вазъият ва муҳити иҷтимоии ҷамъияти мо куллан дигаргун мешавад.
Барои ин мақсад мо ба аъзои парлумон эътимоди бузург зоҳир намуда, ба Палатаи қонунгузорӣ - дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, ба Сенат бошад, барои дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ислоҳотро ба амал баровардан, сарварӣ карданро пешниҳод карда будем. 
Ҳоли ҳозир барои пурсамар ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ, татбиқ намудани профилактикаи ҳуқуқвайронкунӣ, баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии аҳолӣ, дар тафаккури шаҳрвандон устувор сохтани тамоили ҳуқуқии «Қонун — устувор, ҷазо барои ҷиноят муқаррар» саҳми аъзои Сенат хеле бузург аст.
Алҳол худи ҳаёт тақозо дорад, ки барои навсозии мамлакат ва бозсозии он, озодкунии тамоми соҳаҳои ҷамъияти мо, беш аз пеш баланд бардоштани дараҷаи ҳаёт ва зиндагии халқамон, дар арсаи байналхалқӣ баланд бардоштани обрӯву эътибори Ӯзбекистон ва дигар вазифаҳои бағоят рӯзмарраву муҳим нақш ва таъсири Сенат зиёд гардад. Ҳангоми дар ин хусус ҳарф задан ман мехоҳам эътибори шуморо ба як қатор масъалаҳои муҳиме, ки бояд бинобар фаъолияти Сенат ҳаллу фасли худро ёбанд, ҷалб намоям.
Якум, бояд зикр намуд, ки дар фаъолияти қонунгузории Сенат дар дуруст ташкил кардани кор серталабиву ҷонсӯзӣ, ташаббускориву қатъият намерасад.
Чунончӣ, дар давоми солҳои 2015-2018 аз ҷониби палатаи болоӣ 140 қонун қабул шуда бошад, мазмуну муҳтавои аксарияти ин қонунҳо баъд аз дар Сенат дида баромадан ба дараҷаи эҳсосшаванда тағйир наёфтаанд. 
Маълум аст, ки дар зинаи ибтидоии муҳокимаи қонунҳо аз нуқтаи назари манфиатҳои миллӣ ва ҳудудӣ бояд аъзои Сенат дар муҳокимаи мазкур фаъол иштирок кунанд. Мутаассифона, дар фаъолияти гурӯҳҳои корие, ки бо ин мақсад созмон дода шуда буданд, ҳолатҳои назари сатҳии баъзе аъзои Сенат мушоҳида мегардад.
Сенат ба ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ молик набошад ҳам, ин ҳол барои пешниҳоди таклиф баҳри мукаммал кардани қонунҳо монеа намегардад. Бояд эътироф кард, ки аз ҷониби вакилони палатаи болоӣ барои таҳлили амиқи мушкилоти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва маданӣ, масъалаи ворид кардани таклифҳо доир ба инкишоф додани қонунгузорӣ, мутаассифона, кор ба дараҷаи талабот нест.
Дуюм, аз ваколатҳои амалии вобаста ба назорати парлумонии Сенат пурра истифода бурда намешавад. Дар давоми 4 соли гузашта аз ҷониби Сенат пешниҳод шудани танҳо 10 пурсиши парлумонӣ низ тасдиқи ин гуфтаҳо мебошанд.
Дар шароити кунуние, ки назорати самарабахши парлумонии фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия тақозо мегардад, ҳолати мазкур, бешубҳа, моро қонеъ намесозад.
Дуруст аст, ки вақтҳои охир аз ҷониби Сенат шунидани ахбори роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии давлат, ба маҳалҳо баромада омӯхтани истифодаи амалиёти ҳуқуқ 131 чораҳои назоративу таҳлилӣ баргузор шуданд. Вале натиҷаи ин чорабиниҳо паст буда, аксарияти онҳо танҳо барои гузаронидани чорабинӣ, яъне ба ном ташкил мешаванд.
Корҳои такмил додани амалиёти истифодаи ҳуқуқ ва қонунгузорӣ дар доираи назорати парлумонӣ муайян гардидани муаммоҳои мунтазам, дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, суду ҳуқуқ ва ғайра қаноатбахш нестанд. Бахусус, дар ин соҳа омӯхтани талабҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ва қонунгузории давлатҳои пешқадами хориҷӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами ҳуқуқии онҳо дар фаъолияти Сенат дигаргунӣ эҳсос намегардад.
Сеюм, ҳамаамон медонем, ки Сенат — ин палатаи ваколатдори ҳудудии Олий Маҷлис аст. Вале дар фаъолияти Сенат ба инобат гирифтани манфиатҳои ҳудудҳо, умуман, дида баромадани масъалаҳои вобаста ба ҳудудҳо то ба наздикӣ аз эътибор соқит буд, ки ин ба ҳеҷ кас пӯшида нест.
Аз ҷониби палатаи болоӣ барои аз субвентсия (дотатсия) баровардани ҳудуди муайян ягон бор ахбори ҳоким шунида нашудааст. Танҳо соли 2018-ум бори аввал дар таърихи Сенат шунидани ҳисоботи ҳокими вилояти алоҳида бино бар инкишоф додани ҳудудҳо ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, ҳисоботи ҳокимони вилоятҳои Андиҷон, Бухоро, Фарғона бобати инкишоф додани ҳудудҳо, ҳамчунин, ҳисоботи фаъолияти Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ шунида шуданд.
Вале ин ҳанӯз кифоя нест.
Дар айни вақт соатҳои дар боло зикршудаи парлумонӣ ва қарорҳои қабулгардида ба ҳокимият ва идораҳои давлатии маҳаллӣ асосан бо супоришҳои дорои мазмуни умумӣ маҳдуд мешаванд. Дар онҳо вазифаҳои дақиқи аз ҷониби Сенат ҳаматарафа ва пухта тайёргардида, супоришҳое, ки ба ҳудудҳои мазкур барои ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ, сабук кардани мушкилоти аҳолӣ нигаронида шудаанд, ифода намеёбанд.
Баробари ин корҳои татбиқи назорат аз болои иҷрои қарорҳо низ суст амалӣ мешаванд.
Чаҳорум, маълум аст, ки ба зиммаи Сенат вазифаи ба роҳ мондани ҳамкории амалӣ бо шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ, зиёд кардани самаранокии корҳои онҳо низ гузошта шудааст. Бино бар масъалаи мазкур дар палатаи болоии мо комиссияи махсус ҳам таъсис дода шуд. 
Дар самти мазкур дар ибтидо чорабиниҳои муайян амалӣ шуда бошанд ҳам, солҳои охир аз ҷониби Сенат бобати пурзӯр кардани фаъолияти шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ мунтазам кор бурда намешавад. Ҳол он ки савияи касбии шӯроҳои депутатҳои маҳаллӣ ва саводнокии ҳуқуқии онҳо, дуруст ва пурсамар ба роҳ мондани фаъолияти депутатиашон, агар гӯем, ки ба талаби замон мувофиқат намекунад, муболиға намешавад. Бахусус, мо ният дорем дар оянда ҳокимияти иҷроия ва ваколатдори ҳокимонро ҳамчун роҳбар алоҳида-алоҳида ҷудо кунем, дар ин бобат табиист, ки ҳамкории Сенат бо шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ беш аз пеш меафзояд.
Панҷум, боз як масъалаи муҳим - ин ба пурзӯр кардани фаъолияти самти байналхалқии Сенат вобаста аст. 
Ба ҳамаамон равшан аст, ки дар арсаи байналхалқӣ баланд бардоштани обрӯву эътибори давлати мо, ба роҳ мондани сиёсати фаъоли хориҷӣ низ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими Сенат мебошанд. Дар ин бобат аз ҷониби Сенат, бахусус, ҷонишини якуми Раис Содиқ Солиҳович Сафоев корҳои зиёде амалӣ мешаванд, ки бояд эътироф кунем. 
Дипломати шинохта С.Сафоев, ки дорои таҷрибаи калони ҳаётӣ ва сенаторӣ мебошад, барои пурзӯр намудани алоқаҳои ҳамкории босамар ва бисёрҷанба бо парлумонҳои давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ, барои ба ҷомеаи ҷаҳон расондани моҳияти ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои сиёсат, иҷтимоиву иқтисодӣ, маданиву гуманитарӣ бо ҷонбозӣ фаъолият менамояд.
Фақат дар ҳамин соли ҷорӣ бо иштироки Сенат ва шафоати он беш аз 50 анҷуман, семинар ва суҳбатҳои «мизи мудаввар»-и байналхалқӣ баргузор гардид.
Аммо вақте ба Палатаи болоӣ дар бобати кори байналхалқии он ва натиҷаҳояш яклухт баҳо диҳем, мебинем, ки ҳанӯз имконияти сафарбарнагардида мавҷуд аст. Аз он ҷумла ҳанӯз реҷаи кор, ки муддати аниқ ва дарозмӯҳлатро дар назар дошта бошад ва бо Иттифоқи байнипарлумонӣ, Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи байнипорлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва аз номи Ӯзбекистон бо дигар ташкилотҳои байналхалқии парлумонӣ, ки Олий Маҷлис аъзо мебошад, Сенат барои худ стратегияи корро бояд муайян намояд.
Умуман дар доираҳои байнипорлумонӣ ташрифоти расмии сенаторон ба хориҷи кишвар бояд пухта ба нақша гирифта шуда, масъалаҳои таҷдиди назари музокирот бо шарикони хориҷӣ қаблан бояд дақиқ муайян карда шавад. Агар оддӣ бигӯем, вақти он расидааст, ки ба ташрифот дар доираи ҳамкориҳои парлумонӣ аз нуқтаи назари натиҷагирии баланд бояд муносибат кард.
Ғайр аз ин, дар бобати «харитаҳои роҳ», ки оид ба масъалаҳои сармояи хориҷӣ ва савдои хориҷӣ тасдиқ гаштаанд, назорати порлумонӣ ҷорӣ карда шуда, дар ин замина фаъолияти Сенат боз ҳам такмил дода шавад, ки ин мувофиқи мақсад мебуд.
Иҷрои шартномаҳои байналхалқие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо гаштааст, бо тартиби назорати порлумонӣ мунтазам омӯхтанро ба роҳ бояд гузошт.
Дӯстони азиз!
Маълум аст, ки дар ҳаёти ҳар як мамлакату ҳар як халқ мафҳум ва арзишҳои мисли «Шахс – Оила – Ҷамъият – Давлат» нақши ҳалкунанда дорад. Бе симои зан, ки ҳалқаи ибтидоӣ ва асосии ҷамъият ба шумор меравад, оиларо аслан тасаввур кардан мушкил аст.
Халқи мо аз қадим ба зоти муқаддаси Модар, занону духтарон ҳамеша эҳтироми бузург зоҳир намудааст. Эҳтироме, ки нисбати зан зоҳир мегардад, ин пеш аз ҳама, эҳтиром нисбати оила ва ояндаи ҷамъият мебошад.
Агар аз ин нуқтаи назар нигоҳ кунем, «Дараҷаи маданияти ҳар гуна ҷамъияти рӯи замин аз муносибати он нисбати зан муайян карда мешавад» – ин ҳикматест, ки маънои хеле амиқ дорад.
Дар ин даврони ҷаҳонишавӣ озодии зан ва ҳуқуқи он, ҳимояи манфиатҳои қонуниаш боз ҳам аҳамияти муҳимро молик мегардад. Хусусан афзудани фаъолияти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву ҳуқуқии занон ба талаби давр табдил меёбад.
Имрӯз дар ниҳоди ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии мамлакатамон қариб 1400 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд. Аз байни занону духтарон дар Сенати Олий Маҷлис  – 17 нафар сенатор, Палатаи қонунгузорӣ 21 нафар депутат фаъолият доранд. Дар шӯроҳои маҳаллӣ бошад, беш аз 23 фоизи вакилони халқ аз ҷумлаи занону духтарон аст.
Моҳи майи соли ҷорӣ дар саросари ҷумҳурӣ интихоботи раисони ҷамоатҳои шаҳрвандӣ баргузор шуд, ки дар онҳо 1025 нафар занон ба лавозими раёсати идораҳои деҳшӯро интихоб гардиданд.
Дар корхонаҳои мухталифи диёрамон низ аз ҷумлаи занон роҳбарон зиёд мегарданд. Ин нишондод соли 2017 44,2 фоизро ташкил намуда бошад, соли 2019 ба 45,3 фоиз расид.
Саҳми занону духтарон дар низоми тандурустӣ ва соҳаи хидмати иҷтимоӣ беш аз 82 фоиз, илму фан, таълиму тарбия, маданият ва санъат – 72 фоиз, хоҷагии қишлоқ беш аз 45 фоиз, дар саноат 38 фоизро ташкил менамояд. Дар тамоми воҳидҳои соҳибкории мамлакат 29 фоизи таркиби онро занони корчаллон ташкил медиҳанд.
Мехоҳам дар ин маврид суханони котиби генералии СММ Антонио Гутерреш, ки 11-17 марти соли ҷорӣ дар маҷлиси 63-юми комиссияи СММ оид ба аҳволи занону духтарон, ки дар он ҳайате аз мамлакатамон иштирок дошт, оварам. «Дар ҳар ҷое, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ занону духтарон фаъол иштирок намоянд, дар он ҷо иқтисодиёт инкишоф ёфта, барқарорӣ мустаҳкам мегардад ва фаровонии шаҳрвандон меафзояд».
Имрӯз ба ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои занон дар Ӯзбекистон, ноил гардидан ба иштироки пурраи занон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии мамлакат, баробарии ҷинсӣ ва таъмини саломатии репродуктив ба сиёсати давлат ҷомеаи ҷаҳон, аз он ҷумла СММ, Ташкилоти байналхалқии меҳнат, ЮНИСЕФ, Ташкилоти  тандурустии ҷаҳон барин муассисаҳои бонуфузи байналхалқии ихтисосӣ баҳои баланд медиҳанд. Ба чунин тағйироти мусбие, ки моро руҳбаланд намуда, нерӯи  тоза мебахшад, пеш аз ҳама дар ҳаёти ҷамъияти мамлакат ҷойгоҳи муносибро ишғол намудани занону духтарон, корҳои фарогире, ки барои боз ҳам баланд намудани нуфузи иҷтимоии онҳо нигаронда шудааст, пойдевори мустаҳкам будани ҳамаи инро бояд таъкид кард.
Дар давраи кӯтоҳи гузашта дар ин бобат 2 фармон, 2 қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 6 қарор ва 4 фармоиши Ҳукумат қабул гардиданд ва онҳо муттасил ба амал татбиқ мегарданд. Албатта аз ҳамаи ин шумо хуб воқиф ҳастед. Аз ин рӯ ман дар ин замина таваққуф кардан намехоҳам.
Аз ҳама муҳимаш, ин самти устувор ҳамеша дар мавриди эътибори мо қарор мегирад. Аз он ҷумла ҳимояи иҷтимоии занон, бошуғлфарогирии онҳо, шароити муносиб фароҳам овардан барои фаъолияти соҳибкории онҳо, бо манзил таъмин карданашон корҳои зиёд ба амал татбиқ мегарданд.
Барои мисол, дар доираи ба амал татбиқ намудани барномаи «Ҳар як оила – тадбиркор» барои ривоҷ додани соҳибкории оилавӣ аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ барои ташкил намудани кори худ 12 ҳазору 651 нафар зан ба миқдори беш аз 1 триллиону 235 миллиард сӯм соҳиби кредит гардид. Ҳамзамон аз ҳисоби фонди ҷамоатии дастгирии занон ва оила аз оилаҳои камтаъмин ба 1949 нафар хоҳаронамон ба миқдори 42 миллиард сӯм кредит ҷудо карда шуд.
Вақтҳои охир дар бобати бо манзили иқоматии замонавӣ таъмин намудани занони аз лиҳози иҷтимоӣ эҳтиёҷманд низоми нав ба вуҷуд оварда шуд. Аз рӯи ҳамин низом 1564 нафар занону духтарон нафақат бо ҷойи истиқомат, балки бо ҷойҳои кор низ таъмин карда шуда, боварии онҳо ба фардо мустаҳкам гардид, ки ин хеле муҳим аст.
Чи хеле ки хабар доред, имрӯз корҳое, ки дар доираи «Панҷ ташаббуси муҳим» оғоз ёфтааст, торафт доман густурда, мардумамон ин ҷунбишро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ менамоянд. Хусусан доир ба бо кор фаро гирифтани занону духтарон дар заминаи ташаббуси панҷум солҳои 2019-2020 дар ҳар як ноҳия сохтмони корхонаҳои бофандагӣ ва барои занон ба вуҷуд овардани қариб 57 ҳазор ҷойҳои нави кор дар назар дошта шудааст. Ин лоиҳаҳо натиҷаҳои нахустини худро мебахшанд. Аммо барои баланд бардоштани самараи онҳо ҳанӯз корҳои зиёдро бояд анҷом диҳем.
Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!
Диққати шуморо мехоҳам боз ба як масъалаи дигар нигаронам. Дар бобати фаъолияти иҷтимоиву сиёсии занон, охирин пурсишҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки бино бар он 70,2 фоизи пурсидашудагон иброз намудаанд, ки барои фаъол намудани ҳаракати иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву ҳуқуқии занони мамлакат шароити ногузир ба вуҷуд оварда шудааст. 81,5 фоизи пурсидашудагон иброз кардаанд, ки  дар ба амал татбиқ намудани фаъолияти занон дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё сиёсӣ ҳеҷ шахсе ва ҳеҷ ягон ҳолати дигар халал расонда наметавонад.
Дар ин маврид маро як ақидае, ки дар зеҳнамон реша давондааст, ба фикр намудан водор месозад. Мо ҳамеша зан – ин модар, бонуи оила гӯён таъриф мекунем. Албатта ин дуруст. Аммо имрӯз ҳар як зану духтар назораткунандаи ҷараёнҳои демократӣ нест, балки иштирокдори фаъол ва ташаббускор бояд бошад.
Бояд рӯйирост бигӯям, ба сабаби  муддати дуру дароз ба ин масъала эътибор надоданамон, яъне ба дарду ташвиши апаву хоҳарони азизамон аз паси панҷа нигаристанамон, ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоие, ки тӯли солҳо ҷамъ шудаанд, осон нашуда истодааст. Вале, сарфи назар аз мушкилиҳо, барои шароити мусоиди кору зиндагӣ фароҳам овардан ба апаву хоҳарони азизамон, мо тамоми нерӯву имкониятамонро сафарбар менамоем. Зеро, такрор мегӯям, агар зан, модар хушбахт бошад, оила хушбахт аст, оила хушбахт бошад, ҷамъияту давлат мустаҳкам мегардад.
Ба мақсади дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоиамон беш аз пеш таҳким бахшидани мавқеву нуфузи занони муҳтарамамон бояд вазифаҳои зеринро ба амал татбиқ намоем:
Якум, даҳ сол қабл аз ин дар таркиби аъзои Сенат ва депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ миқдори занону духтарон беш аз 20 фоизро ташкил медод. Ҳоло ин нишондиҳанда дар палатаи болоӣ ба 17 фоиз, дар палатаи поёнӣ ба 16 фоиз фуромадааст. Ин далели чист?
Ҷавоб равшан: ҳизбҳои сиёсиамон барои ба сафҳои худ ҷалб кардани занони донишманд, ташаббускор ва ташкилотчӣ, афзудани фаъолнокии сиёсию иҷтимоии онҳо ба таври бояду шояд эътибор надода истодаанд. Ҳол он ки бино ба маълумоти  СММ, намояндагии занон дар парлумонҳои саросари дунё меафзояд ва соли 2018  ин нишондиҳанда  24,3 фоизро ташкил додааст.
Ба шумо хуб маълум аст, ки бинобар таҷрибаи демократияи ҷаҳон дар қонунгузории интихоботии мамлакатамон дар интихоботи Палатаи қонунгузорӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ барои нишон додани номзадҳо аз ҷумлаи духтарону занон квотаи 30 фоизӣ муайян карда шудааст.
 Дар кишварамон апаву хоҳароне, ки бо ақлу заковат, дониши амиқ, таҷрибаи кофии ҳаётӣ, меҳнати таҳтидилона ва фазилатҳои инсонии худ ба дигарон намунаи ибратанд, бисёранд. Имсол дар интохоботе, ки барои Олиий Маҷлис ва шӯроҳои маҳаллӣ баргузор мешаванд, чунин занони оқилаву меҳнатқарин ва сатҳи сиёсиашон баланд тавону салиқаи худро ошкор намуда, депутату сенатор интихоб шаванд, итминонам қавист, ки давлату ҷамъиятамон бурд хоҳад кард.
Агар ба парлумон ва шӯроҳои маҳаллӣ чунин занон бисёр интихоб шаванд, дар ҷараёни қонунгузорӣ домани имкони ба назари эътибор гирифтани манфиати занону духтарон фарохтар мегардад.
Дуюм, дар низоми Олий Маҷлис ягон кумитае нест, ки бо мушкили занон, бевосита, сарукор дошта бошад.
Ногуфта намонад, соли 2017-ум комиссияи Палатаи қонунгузорӣ доир ба мушкилиҳои Оила ва занон созмон дода шуда буд. Аз чӣ бошад, ки ин сохтор кор накард, вазифаҳои дар Низоми он пешбинишуда рӯйи коғаз монданд. Ин аст, ки имрӯз дар Палатаи қонунгузориву Сенат сохтори муайяне нест, ки бо таҳким бахшидани оила, ҳифзи модару кӯдак, таъмини ҳифзи ҳӯқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии занон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷамъият сарукор дошта бошад.  
Сеюм, дар тӯли ду соли пушти сар монда дар доираи андозаҳои байналхалқӣ 15-то санади меъёриву ҳуқуқии барои иҷро пешбинишуда имзо шуд. Аммо қонунгузорандагон, ба ҷойи он ки бо вазифаи асосии худ машғул шаванд, то имрӯз «хобанд». 
Бояд фаъолу ташаббускор бошем. Дар ояндаи наздик бояд ду қонунро, яке «Дар бораи кафолати ҳуқуқ ва имониятҳои баробари мардону занон», дигаре «Дар бораи ҳимоя кардани занон аз тазйиқу зӯровариҳо» қабул намоем.
Чаҳорум, дар мамлакатамон институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ босуръат ривоҷ меёбанд. Аммо аз беш аз 9 созмони ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ҳамагӣ 376-тоаш  бо мушкили занон сарукор дорад. Албатта, ин кам аст.
Иштироки ин созмонҳо, дар масъалаҳои дастгирии занони шароити иҷтимоияшон вазнин, пешгирии қонуншиканӣ дар байни занону духтарон ва бо шуғл фаро гирифтани онҳо, назаррас нест.
Онҳо танҳо бо ба номаш бо гузаронидани ҷамъомаду тадбирҳо шуғл варзида меоянд.
Барои куллан беҳтар гардондани ин аҳвол ба самтҳои асосии фаъолияти Сенат масъалаҳои зерин ворид карда шаванд ба мақсад мувофиқ мебуд.
Аввало, оид ба мустаҳкам кардани оила, ҳифзи модару кӯдак, таъмин намудани ҳуқуқу озодӣ, манфиатҳои қонунии занон, вусъат додани иштироки занон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маданӣ бояд эҷодкории қонун ва назорати парлумонро пурзӯр гардонд. Барои ин бобати чӣ гуна қонунҳоро қабул кардан, кадом қонунҳоро тағйир додан, шаҳрвандон, интихобкунандагон аз шумо, сенаторони муҳтарам таклифу тавсияҳои аниқро интизоранд.
Боз як масъалаи муҳим - аз бо кор таъмин намудани занон, фароҳам овардани шароити муносиб барои касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намудани занону духтарон, ривоҷ додани малакаи корчаллонии онҳо, ба соҳибкорӣ васеъ ҷалб намудани занону духтарон иборат мебошад.
Вазифаи муҳими навбатӣ - ба мустаҳкам намудани сиҳатии бонувон, кӯмак расондан ба баланд бардоштани маданияти тиббии оилаҳо, пурзӯр гардондани самарабахшии корҳои маърифиву тарбиявӣ, ки дар маҳалҳо, хусусан маҳаллаҳо байни занону духтарон амалӣ гардонда мешаванд, вобаста мебошад. Ба фикрам, ҳамаи мо хуб дарк менамоем, ки дар ин бобат хусусан ба ҳаёт тайёр кардани духтарбача, ба онҳо омӯзондани дониши замонавӣ ва касбу ҳунар, ба воситаи  ба соҳаҳои  илму фан, маданият ва санъат, варзиш васеъ ҷалб намудан, намоён кардани қобилияту салоҳияти онҳо аҳамияти муҳим дорад.
Дар қатори онҳо гирифтани пеши роҳи иллатҳои ногувор, ки ба шаъни бонувони меҳру оқибатдор ва покдили мо намезебад, яъне қонуншиканиҳо байни занону духтарон, аз ҷумла, ҳолатҳои савдои одам, ҷудошавии оилавӣ, никоҳҳои барвақт, қасд кардан ба ҷони худ ҳамеша бояд дар маркази эътиборамон қарор дошта бошад. Дар ин бобат оид ба таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон иҷро намудани ӯҳдадориҳои байналхалқӣ, ки мамлакатамон ба зиммааш гирифтааст, низ вазифаи устувор ба ҳисоб меравад.
Корҳоеро, ки вақтҳои охир бинобар омурзиши роҳгумзадагон ва ба ҳаёти солим баргардондани онҳо, мустаҳкам намудани муҳити осоиштагиву ҳамҷиҳатӣ дар оила, маҳалла ва ҷамъият оғоз намудаем, бояд пайваста идома диҳем.
Барои ба амал татбиқ намудани чунин вазифаи ниҳоят муҳим ва рӯзмарра дар Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис додани сохтори нав — Кумитаи  оид ба масъалаҳои занону духтарон ва баробарии гендериро пешниҳод менамоям.
Муҳтарам аъзоҳои Сенат!
Ба ҳамаатон маълум, ки Ниғматилла Тӯлқинович Йӯлдошев аз соли 2015 инҷониб дар вазифаи Раиси Сенат кор мекунад. Дар тамоми муваффақияту натиҷаҳои дар тӯли давраи гузашта аз ҷониби Сенат ба даст овардашуда, албатта, ӯ ҳиссаи муносиб дорад.
Ман дирӯз ба Фармон дар бораи ҳамчун Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин намудани Н. Йӯлдошев имзо гузоштам. Ба ин муносибат вай аз вазифаи Раиси Сенат пеш аз муҳлат озод карда шуд.
Муҳтарам Ниғматилла Тӯлқинович, ба шумо дар ин вазифаи масъулиятнокатон муваффақият мехоҳам.
Муҳтарам Сенаторон!
Акнун бояд Раиси нави Сенатро интихоб намоем. Ҳамаи мо хуб дарк менамоем, ки ба зиммаи соҳиби ин вазифа чӣ гуна талабҳои баланд гузошта мешавад.
Раиси Сенат, аввало, шахсе бояд бошад, ки мазмуну моҳияти ислоҳоти демократиеро, ки дар мамлакатамон татбиқ мегардад, амиқ дарк намояд, дар таъмин намудани устувории қонуну адолат дар ҳаёти иҷтимоӣ, бобати ҳамоҳанг ривоҷ додани институтҳои ҷамъиятиву давлатӣ соҳиби донишу салоҳият, тафаккури ҳуқуқӣ, қобилияти калони ташкилотчигӣ буда, ба дар дараҷаи талаботи нави имрӯза ташкил кардани фаъолияти Сенат қодир бошад.
Дар ин бобат бисёр фикр кардем, амалиёти парламентаризми ҷаҳонӣ ва таҷрибаи давлатҳои демократии мутараққиро низ омӯхтем.
Бо назардошти тамоми фикру таклифҳои изҳоршуда инчунин  мувофиқи моддаи 86-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ба вазифаи Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон номзадии Танзила Камаловна Норбоеваро таклиф менамоям.
Ӯ дар соли 1956 дар вилояти Андиҷон таваллуд ёфтааст, маълумоташ олӣ, Донишгоҳи давлатии Тошкандро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз омӯзгорӣ дар мактаб оғоз намуда, ҳамчун котиби шӯрои Ҳизби халқии демократии ноҳия, мудири шубаи Шурои марказии ҳизби мазкур, аз соли 1995 то соли 2010 дар Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вазифаҳои масъул кор кардааст.
Дар солҳои 2010-2016 дар вазифаи раиси шурои федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон фаъолият нишон дод. Аз соли 2016 инҷониб дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон - Раиси кумитаи занону духтарони Ӯзбекистон кор мекунад.
Т. Норбоева дар куҷое кор накунад, бо меҳнатдӯстӣ, дониш ва таҷриба, серталабӣ ва фазилати ташкилотчигиаш, бо масъулият адо намудани вазифаи супурдашуда, хоксориаш дар байни ҷомеаи мамлакатамон ба обрӯву эътибори муносиб сазовор шудааст.
Хоҳиш менамоям, ки номзадии Танзила Камаловна Норбоеваро барои тасдиқ намудан ба вазифаи Раиси Сенат ба овоз гузошта шавад.
Муҳтарам Сенаторон!
Боварии комил дорам, ки ҳамаатон таҳти роҳбарии Раиси нави Сенатамон барои рушди Ватанамон, таъмин кардани фаровонии халқ, ояндаи равшани Ӯзбекистони азизамон худатонро дареғ надошта, бо қувваву ғайрати бузург меҳнат мекунед.
Дар роҳи ин мақсади нек ба ҳамаатон сиҳатӣ, фаъолияти масъулиянокатон комёбӣ ва омад металабам.
Барои эътиборатон ташаккур.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: