МАРВОРИДИ СИНАМОИ ТОҶИК

Актрисаҳо бисёр, вале коргардонҳо аз ҷумлаи бонувон хеле кам. Филмофарзанҳо, ки ба эътирофи умум сазовор шудаанд, ангуштшумор. Нигине, ки байни онҳо ҷудо шуда меистад, фикр мекунем, Марворид (Маргарита) Қосимова мебошад, ки ӯро барҳақ аввалин режиссёрзан дар Осиёи Марказӣ мешуморанд.

Актрисаҳо бисёр, вале коргардонҳо аз ҷумлаи бонувон хеле кам. Филмофарзанҳо, ки ба эътирофи умум сазовор шудаанд, ангуштшумор. Нигине, ки байни онҳо ҷудо шуда меистад, фикр мекунем, Марворид (Маргарита) Қосимова мебошад, ки ӯро барҳақ аввалин режиссёрзан дар Осиёи Марказӣ мешуморанд.
Яке аз чеҳраҳои намоёни синамои тоҷик ҳоло ба зинаи ҳаштоду панҷуми умр қадам мегузорад, вале ҳамон рӯҳан бардам буда, бо тақозои зиндагӣ дар Белорус зиндагию эҷод мекунад.
Марворид Қосимова дар Сталинобод (Душанбеи ҳозира) чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Вай соли 1962 Институти давлатии умумииттифоқи кинематографияи Маскавро ба итмом расонд. Наздик 30 сол дар “Тоҷикфилм” заҳмат кашид ва аз сафи кинорежиссёроне ҷой гирифт, ки маҳсули эҷодашон дар хориҷ низ қалби миллионҳоро тасхир намудааст.
Ҳанӯз вақте донишҷӯ буд, Марворид филми ҳуҷҷатие таҳия намуд бо унвони “Қалби яқини Помир”. Маҳорати хуби таҳиягарии ӯ баъдан дар “Бародари ман Ғулом”, “Ибни Сино”, “Зебо”, “Сарчашма”, “Саҳифаҳои албоми куҳна”, “Кишвари ман”, “Роҳи баробари умр”, “Бо роҳи охирин”, “Фарёд”, “Роҳи сафед” барин филмҳои ҳуҷҷатӣ ба зуҳур омад. Киножурнали ҳаҷвии “Калтак”-ро аксарияти мо бо таваҷҷуҳу завқ тамошо кардаем. Қисмати зиёди ин киножурналро низ Марворид Қосимова таҳия намудааст.
Филмҳои бадеии ин коргардони номвар, айни замон, дурдонаҳои бебаҳо нафақат дар “Тоҷикфилм”, балки дар фонди тиллоии синамои умумииттифоқ қарор гирифтаанд. Хусусан, панҷоҳ-шаст соли охири синамои тоҷикро бе офаридаҳои ӯ – “Тобистони соли 43-юм”, “Ҷӯра-саркор”, “Роҳҳо гуногун мешаванд”, “Чор нафар аз Чорсанг”, “Бофандадухтар”, “Буд-набуд дар синфи якум”, “Имрӯз ва ҳамеша”, “Пайи динозавр куҷо мебарад?”, “Марди мутааллиқи ду зан”, “Ишқ баъди сад сол” тасаввур кардан душвор.
Модару модаркалони Марворид Қосимова аз Русия буданд. Модаркалонаш Олга ва бобои модариаш Дмитрий     дар хонадони зиёиҳо тарбия ёфтаанд. Дар солҳои пурошӯб, аниқтараш, баъди табаддулоти октябрӣ (1917) Дмитрий парронда шуд. Олга бо чаҳор духтари хурдсол душвориҳои сахт аз сар гузаронд. Бо вуҷуди ин баҳри тарбия ва таълими хуб гирифтани онҳо аз таҳти дил ҳаракат кард. Онҳоро ба шавҳар дод. Яке аз духтаронаш ба тоҷикписар ҳамқисмат шуду дар Сталинобод зиндагӣ ихтиёр намуд. Духтарчадор шуд, Марворид ном гузоштанд.  
Олга Ивановна тарбияи наберагонро низ то андозае ба зиммаи худ гирифта буд. Дар байни набераҳо ба Марвориди тоҷикистонӣ, ки зиндадилу серҳаракаттар ба назар метофт, меҳри ҷудогона дошт. Вайро бо худ ба Русия овард. Бо ҳидояти ӯ духтарча ба омӯхтани балети классикӣ машғул гашт. Дар мактаби мусиқӣ фортепианонавозиро ёд гирифт. Забони англисиро балад гашт. Набераю бибӣ асосан бо ин забон муомила мекарданд. Марворид вақт ёфта дар маҳфилҳои бадеӣ ширкат менамуд, нақшҳо мебозид. Тамошои филмҳои ҳунариро дӯст медошт. Орзуи актрисагӣ дар дил мепарварид. Дар арафаи мактабро хатмкуниаш қарибон хостанд шарқшинос шавад. Тоҷикдухтар, ки ҳаст, форсиро амиқтар фаро гирад. Баъди соҳиби номаи камол шудан вай ба Маскав омад. Мехост ба шуъбаи шарқшиносии факултаи филологии Донишгоҳи давлатии Маскав ҳуҷҷат супорад, вале орзуе, ки дер инҷониб дар қалб мепарварид, ӯро рост ҷониби ИДУК (ВГИК) раҳнамун намуд. Имтиҳонҳои қабулро бомуваффақият супурд. Дар ИДУК таълими ҳунариро дар устохонаи А. Довженко ва М. Чаурели, ки ситорагони синамои шӯравӣ буданд, фаро гирифт. Л.Гурченко, Л. Федосеева, В.Туров, Л. Шипетко барин ҳамдарсҳояш оянда дар равнақи санъати кино саҳми муносиб ҳамроҳ карданд.
Баъди хатми боргоҳи ҳунар Марворид роҳи зодгоҳро пеш гирифт. Устодони санъати худӣ аз ҳаракатҳояш ба тавфиқёбии ӯ амин гаштанд ва бо боварӣ гуфтанд кинои тоҷик аз вай ояндаи дурахшонро умедвор шуданаш мумкин. Хато накарда будаанд онҳо. Дебюти Марворид дар “Тоҷикфилм” бо унвони “Тобистони соли 43-юм”, ки соли 1967 рӯйи экран дид, аз ҷониби ҳаводорони синамо ва мутахассисони соҳа баҳои хеле баланд гирифт.  
Баъдтар ҳар филме, ки офарид,  аз бозёфтҳои тозаи “Тоҷикфилм” эътироф ёфт. Аз ҳама бештар “Ҷӯра-саркор”, “Имрӯз ва ҳамеша” барин картинаҳояш маълуму машҳур гардиданд.
Коргардони сермаҳсул дар “Туркманфилм” низ якчанд кинокартина таҳия намуд. Баробари ҳамин барои кино сенарияҳо навишт. Дар “Муҳаббати нахустини Насриддин», “Ҷинояткорон ва адвокатҳо” барин филмҳои бадеӣ нақшҳо бозидаву чун актрисаи бомаҳорат низ худро нишон дода, дар олами садранги синамо “маликаи чиҳил шаҳри ҳунар” буданашро собит намуд.
Вале пастию баландӣ доштааст зиндагӣ. Чи баҳунар ва чи беҳунарҳоро ба ҳар кӯе, ки хост, медаровардааст. Баҳунарҳо бештар азоб мекашидаанд...
Нооромиҳои ибтидои солҳои навадум дар Душанбе зиндагии осудаи ҳунарварзани шаҳирро низ халалдор сохт. Навбатпоиҳо барои хариди нон... Дар яке ин гуна ҳолатҳо ноҷавонмарде ба сари модари ҳаштодсолааш даст бардошт. Баъди чаҳор моҳи ин ҳодиса, баъди як митинги серодам, автомобиле рост сӯяш ҳаракат кард. Гурехтан хост, натавонист. Бо ҷароҳати вазнин чанд моҳ дар беморхона бистарӣ гашт.
Яке аз дӯстони ҷавониаш В. Туров сим зад ва ҳол пурсид. Хории Марворид омад. Оби дида кард. Гуфт, ки ба шикамам не, ба қадрам мегирям. В. Туров, ки замонҳое дар Маскав ҳамдарс буданду он вақт дар Минск зиндагӣ мекард, гуфт: “Дар ҷойҳои мо низ зиндагӣ хуб не. Вале ту модари худ бигир ва биё. Ҳамроҳ кор мекунем. Буридаи нонро баҳам мебинем”.
Ҳамин тавр, Марворид Қосимоваро тақдир ба Белорус пайваст. Бо кинои ин сарзамин ҳамкорӣ намуд. Иттиҳоди кинематографистҳои ин кишвар ба узвият пазируфт. Таҳти ҳамдастӣ бо Николай Еременко филме таҳия намуд бо унвони “Писар барои падар”. Ин картина дар озмуну ҷашнвораҳои байналхалқӣ, аз қабили “Кинотавр”, “Глобуси булӯрӣ”, “Пироҳан барои бал”, ки дар Куриёи Ҷанубӣ, Сербия ва Чехия баргузор шуданд, пирӯзӣ ба даст овард.
Марворид Қосимова чанд сол дар Академияи давлатии санъати Белорус дарс дод. Роҳбари бадеии курси “Режиссураи филмҳои бадеӣ” қарор гирифт. Якчанд кинорежиссёр омода намуд, ки аз байнашон А. Гринко ва Д. Денок ҳоло дар олами кино чеҳраҳои шинохтаанд.
Солҳои 2008 ва 2015 М. Қосимова соҳибаи медал ва орденҳои дараҷаи байналхалқӣ гардид.
Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон Марворид Қосимова ҳоло дар Минск зиндагӣ кунад ҳам, рӯҳан худро дар диёри падарӣ ҳис карда, меҳри мардуми одии тоҷикро, ки ҳар замон паёмакҳо ба номаш мефиристанд, ба ягон гавҳари дунё иваз намекунад. Тоҷикон низ бо “марворид”-и синамои худ мефахранд.
М. ШОДИЕВ.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: