Намангонро беҳуда диёри гулҳо нагуфтаанд.
Намангониён аз қадимулайём ҳаёти худро бе гул тасаввур карда наметавонанд. Ягон хонадон, корхона ва муассасае нест, ки дар гирду атрофи он гул парвариш карда нашавад. Оре, дар ҳар кӯчаву гузари ин вилояти водии Фарғона парвариши гул ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин сол то сол шумора ва намуди гулҳое, ки гулпарварон парвариш мекунанд, меафзояд.
63-сол мешавад, ки дар шаҳри Намангон гузаронидани Иди гул ба ҳукми анъана даромадааст. Дар он, на фақат аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, балки аз якчанд мамлакати хориҷӣ низ ташрифи меҳмонон ва дӯстдорони гул пешбинӣ мешавад. Тантанаҳои ҷашнвора аз дарвозаи рамзии вилоят бо иштироки мошинҳое, ки бо гулҳои рангоранг муҷаҳҳаз шудаанд, оғоз меёбад.
Шаҳру ноҳияҳо дар он бо рамзи ҳудуд ва урфу одатҳои худ, ки бо гулҳо ифода кардаанд, иштирок мекунанд. Аз ҷумла, янгиқӯрғониён кӯҳҳоро, чустиён якчанд намуди ҳунармандиро, попиён бошанд, «Қамчиқ»-ро, нориниён мавҷи дарёро, учқӯрғониён моҳиҳои фарелро бо гулҳои рангоранг ифода мекунанд. Корхонаву ташкилот низ «бренд»-и худро бо тарҳи гулҳо пешкаш мекунанд.
Иди гулҳо нафақат дар Боғи маданият ва истироҳати ба номи Заҳириддин Бобур, балки боз дар «Афсоналар водийси», дар мавзеи «Янги Ӯзбекистон» ва «Адиблар хиёбони» низ баргузор мегардад. Дар ин ҳудуд бо иштироки санъаткорони номдор ва маҳаллӣ барномаҳои консертӣ ба роҳ монда мешаванд. Ҳамчунин гузаронидани якчанд чорабиниҳои маданию маънавӣ дар назар дошта шудаанд.
Қобили қайд аст, ки сармоягузорони хориҷӣ, ки дар вилоят бо соҳибкорӣ шуғл меварзанд, якчанд намуди гули кишвари худро дар ин ҷо намоиш медиҳанд.
Соли ҷорӣ «Ҷашнвораи гул» бо дарназардошти андеша ва дархости меҳмонон як моҳ не, 40 рӯз – аз 19 май то 23 июн давом мекунад.
Марҳабо, ба Намангон, ба диёри гулҳо!
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.