МАРҲАБО, БА САМАРҚАНД!

Чанде пеш дар ҷаласаи видеоселекторие, ки роҳбари давлатамон иштирок кард, масъалаҳои рушди салоҳияти соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла, ҳолати имрӯзаи рафтуои сайёҳон дар ҳудудҳо таҳлилу баррасӣ шуданд.

Тавре ки дар маҷлис зикр шуд, аз оғози сол то ба имрӯз миқдори сайёҳони хориҷӣ нисбат ба дигар вилоятҳо ба Самарқанд бештар будааст.
Солҳои охир соҳаи сайёҳӣ бо суръати баланд рушд мекунад, бахшҳое аз соҳаи сайёҳӣ, ки солҳо бо вуҷуди дар нақша пешбинӣ шудан пешравӣ надоштанд, ҳоло рӯ ба рушд овардаанд. Дар замири ин саъю кӯшишҳо, ки бо ташаббуси Президент амалӣ мешаванд, ободии Ватан, таъмини шуғли аҳолӣ ва афзоиши даромади онҳо муҷассам аст.
Имрӯз дар вилояти мо 13 навъи сайёҳӣ (зиёратӣ, экскурсиявӣ, гастрономӣ, тиҷоратӣ, экологӣ, этнографӣ, кӯҳӣ-экстремалӣ, деҳотӣ, варзишӣ, корчаллонӣ, таълимӣ, тиббӣ ва транзитӣ) вуҷуд дорад. Дар вилоят 60 маскани зиёратӣ, 42 гастрономӣ, 14 этнографӣ, 26 экологӣ, 16 деҳотӣ ва 21 мавзеи тиббии сайёҳӣ амал мекунад.
Барои саёҳати меҳмонон ба Самарқанд аҳамияти меҳмонхонаҳо хеле калон аст. Ҳоло дар вилоят 488 меҳмонхонаи гуногун, ки метавонанд ба 14 ҳазор нафар меҳмон хидмат расонанд, фаъолият доранд. Танҳо соли ҷорӣ 32 меҳмонхонаи нав боз шуд, ки онҳо барои 4248 нафар меҳмон пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, моҳи сентябр 13 меҳмонхонаи нав фаъолияти худро ба роҳ монданд. То охири сол боз 7 меҳмонхонаи нав ба истифода супурда мешавад, ки онҳо метавонанд ба 840 нафар хидмат расонанд.
Аз январ то 15 сентябри соли ҷорӣ ба Самарқанд аз 114 кишвари ҷаҳон 553 ҳазору 68 нафар сайёҳ ташриф овард.  Умуман, соли гузашта ба ин ҷо аз Русия 213 ҳазор, аз Тоҷикистон 125 ҳазор, аз Қазоқистон 72 ҳазор ва аз Туркия қариб 18 ҳазор нафар меҳмон омад.
Алҳол сайёҳони хориҷӣ дар Самарқанд ба ҳисоби миёна 2,6 рӯз мемонанд. Ин нишондиҳанда соли гузашта ба 2 рӯз баробар буд. Сарфу харҷи якрӯзаи онҳо 152 доллари ИМА, сарфу харҷи сайёҳони маҳаллӣ 550 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад. Солҳои охир барои ҷаззобии бештари сайёҳӣ, намоиши урфу одатҳои миллӣ дар ҳудудҳо деҳаҳои сайёҳӣ низ ташкил мешаванд. Ҳоло шумори чунин деҳот дар вилоят 5 адад аст. Инҳо Конигил, Тирсак, Чоштепа, Андоқсой ва Оқсой мебошанд. Дар ин масканҳо ба сайёҳон тақрибан 100 хонаи меҳмонқабулкунӣ хидмат мерасонанд.
Илова бар ин, ҳоло дар вилоят 192 ширкати сайёҳӣ, 410 нафар роҳнамо - тарҷумонҳо фаъолият доранд. 144 автобус ва 136 микроавтобуси махсус барои сайёҳон хидмат мекунанд. Воситаҳои нақлиётӣ метавонанд якбора ба 7200 нафар сайёҳ хидмат расонанд.
Мувофиқи нишондиҳандаҳои ҳафтаина ба Самарқанд 8634 нафар сайёҳ бо ҳавопаймо, 14600 нафар аз тариқи роҳи оҳан ва 23890 нафар бо автобусу мошинҳои хусусӣ омадаанд.
21-уми сентябр ширкати ҳавопаймоии Flydubai-и Аморати Муттаҳидаи Араб дар миёни шаҳрҳои Дубай ва Самарқанд нахустин парвозро анҷом дод.
Мувофиқи нақша дар оғоз дар ин самт парвозҳо ҳафтае ду бор ва минбаъд чор бор амалӣ мешаванд. Айни ҳол байни шаҳрҳои Самарқанд ва Андиҷон низ парвозҳо роҳандозӣ шуданд.
Мо лоиҳаҳои калони сармоягузорӣ низ дорем. Бахусус, дар ҳудуди назди зиёратгоҳи Ҳазрати Довуд ба арзиши 12 миллион доллар роҳи канат сохта мешавад. Дар чорчӯби ин лоиҳа дар ҳудуди 8 гектар маҷмӯаи сайёҳӣ бунёд мегардад.
Ҳамчунин, то соли 2025 дар ноҳияи Тайлоқ таъмиру тармими мақбараи Имом Доримӣ анҷом меёбад, дар ҳудуди он масҷиди нав, китобхона ва дарсхонаҳо сохта мешаванд. То моҳи сентябри соли 2023 ширкати «Bro Beans» дар ноҳия меҳмонхона, маркази логистика ва маскани истироҳатӣ сохта, ба истифода месупорад.
Мутаассифона, баробари комёбиҳо камбудиҳо низ ҳастанд. Ҳоло барои ҳалли онҳо чораҳо меҷӯем. Масалан, масканҳои таърихӣ ва музейҳои вилоят ҳамагӣ аз 50 дарсади имкониятҳои худ босамар истифода мебаранд.
Инчунин, дар вилоят 98 маскани мероси мадании босалоҳият мавҷуд буда, дар ҳоли ҳозир танҳо 51-тои онҳо ба самтҳои сайёҳӣ дохил шудаанд. Дар назди масканҳои мероси маданӣ таваққуфгоҳ барои мошинҳо кам аст.
Медонем, меҳмонҳои хориҷӣ мехоҳанд аз ҳар фурсати рӯз босамар истифода баранд, истироҳат кунанд. Афсӯс, ки ҳоло дар вилоят барои истироҳату фароғати шабонаи онҳо мавзеъҳои истироҳатӣ кам мебошанд.
Дар маҷлисе, ки роҳбари давлат барпо кард, баргузор кардани ширкати тарғиботии «Самарқанд — дарвозаи сайёҳии Ӯзбекистони Нав» муқаррар шуд ва мо дар ин самт корҳои амалиро оғоз кардем.
То поёни сол дар маркази сайёҳӣ баргузор кардани анҷуман ва форум, мусобиқаҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 8 ва 9-уми октябр дар ин ҷо мусобиқаи Ҷоми триатлони Осиё ва фестивали байналмилалии гастрономӣ барпо шуд, 24-27-уми октябр Ҳафтаи технологияи ахбору коммуникатсияи Ӯзбекистон, дар моҳи ноябр форуми иқтисодӣ ва мулоқоти навбатии роҳбарони кишварҳои туркизабон, марафони Самарқанд барпо хоҳад шуд.
Фикр мекунем, татбиқи ин лоиҳаҳо ва гузаронидани тадбирҳои сатҳи байналмилалӣ дар Самарқанд барои беҳтар гардидани салоҳияти сайёҳии шаҳри бостонӣ хидмат мекунанд. Вале мо имрӯз ҳам метавонем тамоми меҳмонони хориҷӣ ва маҳаллиро бо дили пур «марҳабо, ба Самарқанд» бигӯем.

Рустам ҚОБИЛОВ,
ҷонишини ҳокими вилоят, 
сардори Садорати сайёҳӣ ва мероси мадании 
вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: