МАРҲАБО, БАҲОР!

1. Яке аз асосгузорони новеллаи тоҷик

1. Яке аз асосгузорони новеллаи тоҷик

Устод Айнӣ бо қисса ва романҳои тоҷик дар адабиёти давраи навин асос гузошта бошад, таҳаввулоти назми бештар аз ҳазору дусадсолаи мо дар адабиёти муосир бо ашъори баландғояи Лоҳутӣ шукӯҳи тоза ёфт. Новеллаи  тоҷик молик ба таърихи бостон аст, вале бо таъсири адабиёти Аврупо дар ибтидои қарни бистум ин жанри хурди эпикӣ шакл, мазмун ва моҳияти замонавӣ ба худ гирифт ва ривоҷ ёфт. Яке аз асосгузорони жанри новелла дар адабиёти, ба истилоҳ, шӯравии тоҷик нависанда Ҳаким Карим мебошад.
Медонем, ки адибони номвари тоҷик Турсунзода, Улуғзода ва дигарон баъди таҳсили ибтидоӣ дар зодгоҳ ва як андоза ошноӣ ба олами адабиёт ба Тошканд омада, хонда ва маълумоти олӣ гирифтаанд. Тошканд Ҳаким Каримро низ бегона набуд – вай дар Донишкадаи хоҷагии  кишоварзии маркази ҷумҳурии мо таҳсил намуд. Баъд барои кор ба Маскав рафт, дар Нашриёти халқҳои шӯравӣ фаъолият намуд. Пасон ба Тоҷикистон баргашт, ба рӯзноманигорӣ пардохт. Ҳанӯз аз оғози солҳои бистуми қарни гузашта ба эҷоди бадеӣ машғул шуд ва аз аввали солҳои сиюм бо даъват ва маслиҳатҳои устод Айнӣ ҷиддан ба майдони адабиёт қадам гузошт. Дар маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» (ҳоло «Садои Шарқ») ҳикояҳои ӯ дар мавзӯъоти гуногун ба табъ расиданд.
Фаъолияти адабии нависанда бештар аз як даҳсола давом намуду халос. Бо вуҷуди ҳамин пурмаҳсул эҷод кард ва маҷмӯаҳои насрӣ аз қабили «Садои гузашта» (1933), «Ҳикояҳои майда» (1935), «Ҳикояҳои устоди «Дарознах» (1935), «Оқшуда ва ҳикояҳои дигар» (1936), «Ҳикоятҳо» (1940) аз ӯ мерос монданд.

2. Манзил 

Ҳавлии падарии худ дар маҳаллаи Кӯпруки Баланди Хуҷандро ба ихтиёри хоҳараш гузошта, Ҳаким Карим баъди хонадоршавӣ ба Сталинобод (ҳоло Душанбе) роҳ пеш гирифт. Домоду арӯси ҷавон (Ҳаким Карим ва Бонухонум) дар ҳавличае воқеъ дар кӯчаи ба номи Орҷоникидзе зиндагӣ карданд.
Соли 1936 яке аз биноҳои навбунёди дуошёнаро, ки низ дар кӯчаи Орҷоникидзе ҷой гирифта буд, ба ихтиёри Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон вогузоштанд. Аҳли оила  иборат аз панҷ нафар (Ҳаким Карим ва ҳамсараш, падару модар ва додараш) ба манзили замонавӣ кӯч бастанд. Вале дар квартирае, ки барои онҳо ҷудо гашт, аҳли оилаи шоир Суҳайлӣ Ҷавҳаризода низ ҷой гирифт. Аҳли ду хонадон аз як дар даромада, аз як ошхона истифода мекарданд. Дегу табақ – як, дастурхон – як. Дӯстӣ буду меҳру оқибат...
Сотим Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Иқромӣ ва дигар адибони тоҷик, ки он вақт ҷавон буданд, бо аҳли байти худ дар ин Бинои меҳр истиқомат мекарданд.
Чун ба хонаи додар ё хоҳар аз дари манзили якдигар медаромаданд. Адибон мисле бародару додар, завҷаҳои онҳо – апаву хоҳар.
Навиштаҳои худро ба якдигар мехонданд, маслиҳатҳояшонро аз якдигар дареғ намедоштанд, эрод ва таклифҳои бидуни ғараз пазируфта ва норасоиҳо ислоҳ меёфтанд, касе аз касе намеранҷид. Бегоҳирӯзҳо, баъди фориғ шудан аз вазифаҳои давлатӣ, ҳама рӯи кати чӯбине, ки дар саҳни бино гузошта шуда буд, нишаста дами беғам мезаданд. Латифагӯӣ авҷ мегирифт. Хандаҳо аз дили беғаш ба онҳое, ки ҳузур доштанд, умри тоза мебахшид. 
Вале афсӯс, ба зиндагии осоиштаи аҳли қалам мисле чашм расид. Табъид ва нооромӣ дар тамоми мамлакат осудагии мардумро халалдор сохт. Туҳмат ба гиребони адибони тоҷик низ часпид.

3. «Гуноҳи ман чист?»

Балои ногаҳонӣ аввал дари драматург Ғанӣ Абдуллоро кӯфт. Шаби дуюм Рашид Абдулло, шаби сеюм Ҳаким Каримро гирифта бурданд. Ба куҷо ва чаро? Дар ибтидо ба ин гуна саволҳо ҷавоб ёфтан осон набуд.
Аввал аҳли қаламро дағалона аз хонаашон бароварда ва зӯран ба ҷои номаълум гирифта бурда бошанд, баъдтар барои гирифта бурдани ҳамсари онҳо омаданд. Занҳо ҳайрон. Бо гиряву нола мепурсиданд: «Гуноҳи ман чист?»
Завҷаи Ҳаким Карим Бонухон Мақсудова низ дар вазъи пуризтироб аз шинелпӯшони таппончадор бо ин савол рӯй овард. Ҷавоб доданд: «Гуноҳат ин ки зани Ҳаким Карим ҳастӣ».
Тифли шашмоҳа дар бағал дошт Б. Мақсудова. Номаш Абдуҳалим. Вақте ба дари ҳабсхона наздик шуданд, нафаре кӯдаки парпечро аз дасти модар зада гирифт ва ӯро ба ҳабсхона тела дод: «Даро!»
Зану шавҳар, ҳамин тавр, бештар аз як сол зиндагии бадтар аз зиндони маҳбасро ба сар бурданд. Б. Мақсудова аз Ҳ. Карим 15 рӯз пештар ба озодӣ баромад. Вале дунё ҳамон ба назараш торик. Фикри хаёлаш ба Абдуҳалим.
Ӯ куҷост? Зинда ҳаст?
Ҳаким Кариму ҳамсараш дар ҷустуҷӯи фарзанди ягонаашон сар ба куҷоҳо назаданд. Вале касе ҷавоби аниқ намедод. Ниҳоят, шуниданд, ки фарзанди хурдсоли ҳабсшудагонро дар фалон кӯдакистон нигоҳ медоранд. Дарҳол он кӯдакистонро ёфта, Абдуҳалимро пурсуҷӯ сохтанд. Вале   аз он ҷо ҳам ноумед  қафо гаштанд. 
Зане номаълум онҳоро сӯяш имо кард. Пичиррос зад: «Илтимос, аз даҳони ман баромадани ин хабарро касе нафаҳмад». Дили зану шавҳар тунд тапид: «Гап занед, зинда ҳаст ё не?». Зан базӯр даҳон кушод: «Ба шумо сабр диҳад». Маълум гашт Абдуҳалим шаш моҳ пештар сахт шамол хӯрда ва шушаш варамида, дар ҳамин кӯдакистон вафот карда будааст. «Наход...» – ба худ ларзиданд зану шавҳар. Аз ин ҳам рӯзи сиёҳ ҳаст? Фиғонкашон омаданд ба хона. Фарёдзанон.

4. Диловар ва Ҷанговар

Дар Сталинобод истода натавониста, ба Хуҷанд кӯчиданд. Саломатии ҳарду ҳам хуб нест. Духтурон онҳоро ба Кисловодск фиристоданд. Табобат ва истироҳат то ҷое нафъ бахшид. Баъди бозгашт ба зодгоҳ Ҳ. Карим боз қаламу коғаз ба даст гирифт. Боз менависед? – суол кард ҳамсараш. Посух дод: «Бо кана ситеза  карда, пӯстин насӯзанд». Дард ва алам гӯё аз навиштан мегирифт. Шабу рӯз паси миз менишаст ва «қитир-қитир». Панҷумин китоби ҳикоёташ соли 1940 бо ҳуруфи лотинӣ аз чоп баромад ва ба адиб рӯҳ бахшид, ӯро ба олами адабиёт баргардонд. Аз «боло» супориш доданд Горкий ва Чеховро тарҷума кунад. Пазируфт. Ҳамчунин тарҷумаи «Таърихи ВКП(б)»-ро ба вай супурданд. Баргардониши «Антидюринг»-ро низ ба хубӣ ӯҳда кард. Бонухонум ҳамеша паҳлӯяш. Зане, ки бештар аз як сол дар маҳбасҳои заҳ ва торик низ соҳиби сарашро танҳо нагузошт, дар корҳои эҷодии ӯ низ қадри тавон кӯмак месохт. Фарзанди дуюм Диловар таваллуд ёфту дарди Абдуҳалим андак дур гашт. Июни соли 1941 ҷанг сар шуд ва Ҳаким Карим ба комиссариати ҳарбӣ рафт, ки ба фронт сафарбар кунанд. Чашмаш, ки дуруст намедид, рад карданд. Вале истодагарӣ намуд адиби тоҷик. Мегуфт: «Ман бар арсагоҳ меравам ва ҷанг мекунам. Ҳамин ҷанг нишон медиҳад, — кӣ дӯсти халқ ҳасту кӣ душмани халқ!»
Аз Ҳ. Карим ба Бонухонум ҳамагӣ се нома омад: яке аз Хавост, дувумӣ аз кадом истгоҳи як шаҳри дур, савумӣ – аз ҷанггоҳ. Бонухонум обистан буд. Шавҳар навишт: «Духтар шавад Дилором гузоред. Писар бошад – Ҷанговар».
Ҳамин тавр, 7 январи соли 1942 писар ба дунё омад ва номашро Ҷанговар гузоштанд.
Ба фронт дар ин бора мактуб навиштанд, вале нома соҳибашро наёфта, ба Хуҷанд гашта омад. Чаро хат соҳибашро наёфт?
Дили Бонухонум ва падаршӯяш Абдукаримамакро гургон тала карданд.
Тинҷӣ бошад?

5. Ҳаким Карим кадом сол вафот кард?

Дар тарҷумаи ҳолаш зикр ёфта, ки «Ҳаким Карим дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок шудааст». Соли вафоташ аниқ не. Куҷо дафн шуданаш низ. Аз байн солҳо гузаранд ҳам Бонухонум ба азо кушодан розӣ намешуд. 
«Шояд ӯ зинда аст. Дар ҷанг чиҳое рӯй намедиҳад. Рӯзи азояшон даромада омадаҳо каманд?»

6. Марҳабо, баҳор!

Ҳамин тавр, Бонухонум Мақсудова чанд сол шавҳарашро интизорӣ кашид. Вале ӯ барнагашт. Диловар ва Ҷанговар – зори падар.
«Таронаи алам»-ро мемонд як ҳикояи Ҳаким Карим бо унвони «Марҳабо, баҳор». Падаргумкардаҳо онро бо эҳсосе хонда ва оби чашм мекарданд.
Ду норасида ва ду дида ба роҳи Бонухонум низ. «Ёд дорӣ? Ман кӯдак будам. Падарам ҷуфт меронд. Офтоби ҷаҳонтоб ҳанӯз рост наомада буд, ки олам ба чашмам тира гашт. Говҳо дар миёнҷои замин ҳайрону маъюс истода буданд. Вай, падарам, паси онҳо дароз кашида хобида буд... Ана, баҳор ман барои чӣ туро дӯст надоштам. На, ман хато кардаам.
Маро бубахш, баҳор!»
Дӯстдорони адабиёт мегӯянд, агар Ҳаким Карим – нависандаи ҷанговари тоҷик, ҳикояи дигар наменавишт ҳам танҳо бо «Марҳабо, баҳор» дар адабиёти мо мавқеъ медошт.

М.ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: