МАРҲАЛАИ НАВ ДАР ҲАМКОРИИ БАЙНИМИНТАҚАВӣ ВА ЭНЕРГЕТИКӢ

Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев бори аввал дар таърихи муносибати дуҷониба Форуми ҳамкории байниминтақавии «Ӯзбекистон – Русия» ташкил гардид. Дар кори форум, ки дар Ӯзэкспомарказ ба вуқӯъ пайваст, беш аз ҳазор нафар намояндаи Русия – сарони минтақаҳо, роҳбарони ширкат ва корхонаҳои бузурги саноатӣ иштирок доштанд.

Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев бори аввал дар таърихи муносибати дуҷониба Форуми ҳамкории байниминтақавии «Ӯзбекистон – Русия» ташкил гардид. Дар кори форум, ки дар Ӯзэкспомарказ ба вуқӯъ пайваст, беш аз ҳазор нафар намояндаи Русия – сарони минтақаҳо, роҳбарони ширкат ва корхонаҳои бузурги саноатӣ иштирок доштанд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин аз ин форум боздид ба амал оварданд.
Мо муносибати молики хусусияти босубот ва эътимоднокро бо Федератсияи Русия – шарики стратегӣ ва иттифоқчиамон олӣ арзёбӣ карда, онро самимона қадр менамоем. Созмондиҳии форум ва дараҷаи баланди намояндагӣ боз як далели равшани манфиатдории бузурги тарафайн ва зарфияти боиқтидори ҳамкории мо ба шумор меравад, гуфт роҳбари давлати мо.
Ӯзбекистон ва Русия ба робитаҳои байниминтақавӣ эътибори калон медиҳанд. Вақтҳои  охир чунин робитаҳо суръати баланд касб менамоянд. Беш аз 40 ташрифоти тарафайн ба амал оварда шудааст. Танҳо моҳҳои сентябр-октябр роҳбарони тамоми 14 минтақаи мамлакатамон аз 26 воҳиди ҳудудии Федератсияи Русия боздид ба амал оварданд. Ба туфайли ин бозорҳои нав барои фурӯши маҳсулот кушода шуда, ҷойҳои кор офарида шуд, дар аҳолӣ манбаи иловагии даромад ба вуҷуд омад. 
Президент Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки маҳз роҳбарони минтақаҳо ва соҳибкорон самтҳои дақиқи ҳамкориро мушаххас менамоянд.
Ногузирии шиддат бахшидани кӯшишҳо дар бобати ба вуҷуд овардани иқтидорҳои муштараки баландтехнологӣ, вусъат додани кооператсия барои тавлиди маҳсулоти харидоргир ва азхуд намудани бозор дар мамлакатҳои сеюм таъкид ёфт.
Вусъатнокӣ касб намудани алоқаҳо дар дараҷаи минтақаҳо зинаи муҳими маҷмӯи робитаҳои дуҷониба ба шумор мераванд. Аз ин рӯ мо бешубҳа ташаббуси Шавкат Мирзиёевро дар бобати баргузор намудани чунин форум дар Тошканд маҳз дар доираи ташрифи имрӯз бо қаноатмандӣ дастгирӣ намудем, гуфт Владимир Путин.
Ҳамин тариқ дар асоси муоҳидаҳои бадастомада дар минтақаҳои Ӯзбекистон ба вуҷуд овардани кластери муштараки бофандагӣ бо иштироки ширкатҳои вилояти Иваново, дар вилояти Сурхондарё ташкил намудани агрокомплекси замонавӣ доир ба гузориши маҳсулоти меваву сабзавоти тоза ба бозори Маскав, якҷоя бо вилояти Сведловск бунёд намудани корхонаи истеҳсоли металлоконструкисияи сабук ва вазнин дар вилояти Қашқадарё, якҷоя бо шарикони Тотористон роҳандозӣ кардани истеҳсоли поруи кимёӣ дар вилояти Тошканд ва доруворӣ дар Қароқалпоқистон, истифодаи имконоти инфрасохтори марказҳои умдаву тақсимотӣ дар минтақаи Маскав, Бошқирдистон, вилояти Оренбург ва дигар воҳидҳои ҳудудии Федератсияи Русия барои гузоштани маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст. Чунин лоиҳаҳо зиёданд.
Натиҷаи асосии чунин ҳамкорӣ дар байни минтақаҳои ду мамлакат – ба вуҷуд омадани муносибати шарикии мустаҳкам ва дарозмуддат аст.
Дар форум масъалаҳои амалии ҳамкории соҳибкорӣ, аз он ҷумла лоиҳа ва барномаҳои мушаххас муҳокима гардиданд. Дар поёни гуфтугӯҳо дар доираи форум шартнома ва қарордодҳо ба миқдори 2 миллиард доллар ба имзо расиданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳар сол баргузор намудани форуми байниминтақавиро пешниҳод намуд.
Президенти Русия таъкид кард, ки баргузор намудани Форуми ҳамкории байниминтақавии ҳарсолаи Ӯзбекистону Русия ба мустаҳкам намудани алоқаҳои байни мамлакатҳоямон саҳми зиёд гузошта, дар рушди нафақат муносибати тарафайни тиҷоративу иқтисодӣ, балки инсонпарварӣ низ нақши муҳим хоҳад дошт.
Дар Ӯзэкспомарказ инчунин маросими тантанавӣ бахшида ба оғози татбиқи лоиҳа дар заминаи сохтмони якумин нерӯгоҳи атомӣ дар мамлакатамон баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин тугмаи рамзии оғози татбиқи ин лоиҳаи бузургро пахш намуданд.
Мутахассисони Агентии «Ӯзатом» ва Корпоратсияи давлатии «Росатом», ки маросимро дар низоми видеоконференсия мушоҳида менамуданд, дар бораи шурӯи мутолиаҳои муҳандисӣ барои интихоби майдони сохтмони нахустин НЭА дар Ӯзбекистон эълон намуданд.
Имрӯз мо самти нави стратегиро дар ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия – рушди энергияи атомро боз менамоем. Ин лоиҳа кластери навро ташаккул дода, татбиқи он ба минбаъд тараққӣ додани зарфияти саноатӣ ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави кор дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат мусоидат хоҳад кард, таъкид кард роҳбари давлати мо.
Бино бар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои истифодаи энергияи атом бо мақсади сулҳ Агентии тараққиёти энергияи атом дар назди Девони Вазирон ба вуҷуд оварда шуд.
Бо корпоратсияи «Росатом», ки дар ҷаҳон аз лиҳози миқдор ва домани лоиҳаҳои хориҷӣ мақоми аввалро ишғол менамояд, ки ин иборат аз бунёди 34 энергоблок дар 12 мамлакат буда, дар бораи сохтмони нерӯгоҳи энергияи атомӣ дар Ӯзбекистон аҳду паймон ба амал омад. НЭА аз ду энергоблоки насли «3+» ҳар яке ба иқтидори 1200 МВт иборат мебошад, ки аз ҳама замонавӣ ва бехатар ба шумор меравад. Ин ба тамоми талаботи МАГАТЭ ҷавоб медиҳад.
Энергияи атом аз лиҳози экологӣ пок ба шумор меравад. НЭА гази ифлос тавлид намекунад. Дар натиҷаи ба кор андохтани нерӯгоҳи энергияи атом ҳаҷми зиёди гази табиӣ сарфа мегардад. Ҳаҷми ба атмосфера партофтани ангидриди карбон то 14 миллион тонна ва оксиди азот ба 36 ҳазор тонна кам мегардад.
Ӯзбекистон мутобиқан ба ӯҳдадориҳои байналхалқии қабулнамудааш, чун давлати узви МАГАТЭ ба масъалаҳои бехатарии ядроӣ эътибори аввалдараҷа медиҳад. Зимни татбиқи лоиҳа тамоми талаботи байналхалқӣ нисбати сохтмони НЭА ҷиддан риоя хоҳад гардид.
Мутахассисони МАГАТЭ ташаббуси Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи татбиқи Барномаи миллии истифодаи энергияи атом бо мақсади сулҳ дастгирӣ намуданд ва дар кӯмаки ҳамдастӣ дар татбиқи он изҳори омодагии ҳамаҷониба намуданд.
Бино бар қарордодҳои қаблан бадастомада дар бораи дар Тошканд кушодани филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии ядроии «Институти муҳандисиву физикии Маскав» қарор қабул гардид. Дар соли ояндаи таҳсил филиали ИМФМ аввалин донишҷӯёнро қабул менамояд.
Корпоратсияи «Росатом» аллакай аз соли хониши ҷорӣ дар Маскав таҳсили 30 нафар донишҷӯи ӯзбекистониро дар ин мактаби олии маъруфи ҷаҳон ташкил намуд.
Донишҷӯёни мо дар ИМФМ таҳсил намуда, мутахассисони баландмалака гардида, кори бехатари НЭА-ро таъмин менамоянд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: