29 ноябр дар Тошканд Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Мардумони Осиёи Марказиро риштаҳои қадимаи бародарӣ, муштаракоти таърихӣ, арзишҳои маънавӣ ва маданӣ, шабоҳати забонӣ ва тинатӣ муттаҳид менамояд. Агар дигар хел ифода намоем, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ҳамеша паҳлӯи ҳам зиста, ҳамдигарро дастгирӣ мекарданд. Рушди устувор ва ояндаи дурахшони мардумонамонро, ки соҳиби мероси умумии таърихӣ ҳастанд, бе якдигар тасаввур кардан имконнопазир аст.
Аз ин боис роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев дар барномаи пешазинтихоботии худ ба минбаъд мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкории муфиди тарафайн бо тамоми давлатҳо – пеш аз ҳама бо мамлакатҳои ҳамсоя эътибори алоҳида нигаронда буд.
Ин мақсадҳо дар Стратегияи амалиёт аз рӯи панҷ самти бартариноки тараққиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 инъикос гаштаанд. Ба сифати самти бартаринок ба амал татбиқ намудани сиёсати хориҷии амиқандешидашудаву муфиди тарафайн ва амалӣ, мустаҳкамсозии муҳити бехатарӣ, субот ва некҳамсоягӣ, ҳаллу фасли масъалаҳое, ки бо делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадоти давлатӣ иртибот доранд, муайян гаштаанд.
Дар муддати кӯтоҳи гузашта дар ин самт қадамҳои таърихӣ гузошта шуд. Чунин мушкилоти муҳим мисли убури сарҳад, истифодаи об ҳаллу фасл гардиданд. Сарҳадҳо кушода шуда, равуои ҷонибҳо зиёд гардид.
Президенти мамлакат пеш аз ҳама ба мамлакатҳои ҳамсоя ташрифи давлатӣ ба амал овард. Шарикии стратегӣ бо Туркманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон муқаррар карда шуд. Ҳуҷҷатҳои муҳим оид ба минбаъд амиқсозии шарикии стратегӣ бо Қазоқистон ба имзо расиданд.
Ин азми Ӯзбекистон, ки бо тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ сарҳади умумӣ дорад, ба муҳит дар минтақа таъсири мусбӣ дошт.
Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ташаббуси хубе мебошад, ки ба минбаъд амиқсозии муҳити некҳамсоягӣ, дӯстии байни халқҳо нигаронда шудааст.
Агар ба таърихи ҳамоиши мазкур назар афканда шавад, Президент Шавкат Мирзиёев дар ин бора дафъаи аввал аз минбари Созмони Милали Муттаҳид зикр намуд. Дар баромади худ дар ҷамъомади 72-юми Ассамблеяи Генералии СММ моҳи сентябри соли 2017 роҳбари давлат гуфт: «Ӯзбекистон, ки дар қалби Осиёи Марказӣ қарор дорад, бевосита аз он манфиатдор мебошад, ки минтақа маҳалли субот, рушди устувор ва некҳамсоягӣ гардад. Осиёи Марказии осуда, аз лиҳози иқтисодӣ шукуфон – мақсади муҳим ва вазифаи ҳалкунандаи мост. Ӯзбекистон қатъиян ба гуфтугӯ, ҳамкории муфид ва мустаҳкамсозии некҳамсоягӣ омода аст».
Дар анҷумани байналхалқӣ, ки моҳи ноябри ҳамон сол дар Самарқанд зери шафоати СММ бо номи «Осиёи Марказӣ: гузаштаи ягона ва ояндаи умумӣ, ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор ва гул-гулшукуфии ҳамдигар» баргузор гардид, барои ҳалли масъалаҳои муҳим дар Осиёи Марказӣ аз тариқи муттаҳид сохтани кӯшишоти мамлакатҳоямон дар асоси принсипи масъулияти умумӣ Президенти мамлакат ташкил намудани мулоқотҳои мунтазами машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро пешниҳод намуд.
Ин ташаббусро тамоми давлатҳои минтақа ва ташкилотҳои байналхалқӣ дастгирӣ намуданд. Бо пешниҳоди Элбошӣ Нурсултон Назарбоев нахустин Мулоқоти машваратӣ 15 марти соли 2018 дар Қазоқистон баргузор гардид. Дар он масъалаҳои рушди ҳамкории сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ байни мамлакатҳои минтақа, муборизаи муштарак бар зидди терроризм, ифротгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, мустаҳкамсозии бехатарӣ ва суботнокӣ дар Осиёи Марказӣ муҳокима гардиданд.
Ба сифати дастгирии пешниҳоди роҳбари давлат 22 июни соли 2018 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қатъномаи махсус доир ба Осиёи Марказӣ қабул гардид, ки он боз як руйдоди таърихӣ гардида, барои рушди ҳамкории минтақа пойгоҳи мустаҳкам гузошт.
Бо ташаббуси Президенти мамлакат дар сиёсати хориҷии Ӯзбекистон принсипи «Осиёи Марказии осуда ва шукуфон – вазифаи муҳим» ба ҳаёт татбиқ гардид. Минбаъд мустаҳкамсозии муносиботи дӯстона ва боварибахш бо тамоми ҳамсоягон ба яке аз вазифаҳои бартаринок бадал гардид.
Қазоқистон яке аз шарикони тиҷоратии асосии Ӯзбекистон ба шумор меравад. Соли 2018 ҳаҷми табодули мол байни мамлакатҳоямон 50 фоиз афзуд ва аз 3 миллиард доллар гузашт. Аз моҳи январ то октябри соли ҷорӣ ин нишондод 2,9 миллиард долларро ташкил намуд.
Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории дуҷониба босамар кор мекунад. Дар мамлакатамон бо иштироки сармояи Қазоқистон 766 ва дар Қазоқистон қариб 200 корхона бо иштироки резидентҳои Ӯзбекистон фаъолият дорад. Инчунин ҳаҷми боркашонии автомобилӣ ва роҳи оҳан зиёд гардид. Дар байни шаҳрҳои бузурги мамлакатҳоямон равуои автобус ва самолёт роҳандозӣ шудааст.
Инчунин робитаҳо бо Қирғизистон васеъ мегардад. Аз он ҷумла агар соли 2018 ҳаҷми табодули мол аз 481 миллион доллар гузашта бошад, дар даҳ моҳи гузаштаи соли ҷорӣ ин рақам якбора афзуда, ба 703 миллион доллар расид.
Оид ба ҳамкории дуҷониба комиссияи байниҳукуматӣ фаъолият дорад. Дар Ӯзбекистон бо иштироки намояндагони Қирғизистон 150 ва дар Қирғизистон бо иштироки сармояи Ӯзбекистон 51 корхона фаъолият дорад. Робитаҳои байниминтақавӣ, ҳамкории саноатӣ низ муттасил инкишоф меёбад.
Дар солҳои охир инчунин ҳамкорӣ бо Тоҷикистон фаъол гардид. Барои мисол, агар соли 2018 ҳаҷми табодули мол байни мамлакатҳо аз 389 миллион доллар гузашта бошад, дар даҳ моҳи гузаштаи соли ҷорӣ ин нишондод қариб 30 фоиз афзуда, 408 миллион долларро ташкил намуд.
Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ фаъолият дорад. Дар ҳар ду мамлакат даҳҳо корхонаҳои муштарак фаъол мебошанд.
Равобит дар соҳаҳои маданиву инсонпарварӣ ва сайёҳӣ васеъ мегарданд.
Чорабиниҳои асосии ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 29 ноябр дар қароргоҳи Кӯксарой ба амал омад. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо меҳмонони ҳамоиш вохӯрӣ гузаронд.
Дар аввали вохӯрӣ бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон - Елбоши Нурсултон Назарбоев меҳмони олимақомро самимона хайрамақдам гуфта, бори дигар барои дастгирии ташаббуси Ӯзбекистон дар бобати баргузор намудани мулоқоти сарони мамлакатҳои минтақа изҳори миннатдорӣ намуд.
Бо кӯшишоти муштарак дар солҳои охир муносибати наздики анъанавии байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба дараҷаи сифатан нав бардошта шуда, бо муҳтавои амалии аниқ ғанӣ гардонда шуд.
Дар навбати худ Элбошӣ Нурсултон Назарбоев таъкид кард, ки баргузории мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев, ки нахустини он соли 2018 дар Нур-Султон баргузор гардида буд, ба минбаъд мустаҳкам гардидани ҳамкории бисёрҷанба дар минтақа мусоидат намуда, барои пешбурди лоиҳаҳои дақиқи якҷоя майдони босамар ба шумор меравад.
Дар мулоқот дар заминаи масъалаҳои муҳими муносибати дуҷониба, масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор ба амал омад.
Дар вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков сарони ду давлат бо қаноатмандии том муттасил васеъ гардидани муносибатҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ва таҳкими дӯстии бисёрасринаву некҳамсоягиро таъкид намуданд.
Робитаҳои фаъолонаи ҷонибҳо дар дараҷаҳои гуногун, болоравии мусбии табодули амвол, табодули муттасили гуманитарӣ махсус таъкид гардиданд.
Дар заминаи масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналхалқӣ табодули афкор ба амал омад. Ҷонибҳо изҳори бовар намуданд, ки мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд дар бобати минбаъд фаъол намудани робитаҳо ва мустаҳкамсозии муносибати дӯстона, некҳамсоягӣ ва ҳамкории муфиди тарафайни байни мамлакатҳои минтақа саҳми назаррас хоҳад гардид.
Дар вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суръати мусбии ҳамкории бисёрҷанбаи байни ду мамлакат, ки ба дараҷаи шарикии стратегӣ баромадааст, бо қаноатмандии том таъкид гардид.
Ба шарофати кӯшишоти муштарак имрӯз муносибати тиҷоративу иқтисодӣ фаъолона инкишоф меёбад. Ҳаҷми савдои тарафайн афзуда, ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф пурзӯр гардида, табодули маданиву гуманитарӣ зиёд мегардад.
Дар мулоқот истиқболи инкишоф додани ҳамкории байни мамлакатҳои бародари мо муҳокима гардида, инчунин масъалаҳои сиёсати минтақавӣ ва байналхалқӣ баррасӣ гардиданд.
Сарони ду мамлакат барои минбаъд мустаҳкамсозии муносибати дӯстона, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон изҳори моилӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ бо Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибати дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, истиқболи инкишоф додани онро муҳокима намуданд.
Сарони ду мамлакат инчунин дар заминаи масъалаҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Баъд аз ин Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт.
Баъд аз маросими суратгирӣ вохӯрии сарони ҳайатҳо дар доираи танг ба амал омад. Дар он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон - Элбошӣ Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ширкат намуданд.
Дар ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев нутқ эрод кард.
Роҳбари давлати мо ҳамтоёни худро самимона хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки ин мулоқот воқеан талаби рӯз буда, азми самимии халқҳоямонро барои инкишоф додани шарикӣ, мустаҳкамсозии дӯстӣ ва некҳамсоягӣ, якҷоя ҳаллу фасл намудани масъалаҳои умумӣ таҷассум месозад.
Ба шарофати иродаи сиёсӣ ва кӯшиши муштараки роҳбарони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ калиди бисёр масъалаҳои мураккаб ва ғайримуқаррарӣ пайдо гардид. Аз ҳама муҳимаш ин тағйироти мусбӣ аз ҷониби аҳолии минтақаамон дастгирӣ гардида, инчунин дар ҷаҳон баҳои баланд гирифт.
Ҳамзамон шароити имрӯзаи зудтағйирёбандаи вазъият дар ҷаҳон, ташаннуҷ пайдо намудани таҳдид ба амният ва пурзӯр гардидани омилҳои ба инкишофи босубот таъсири манфирасонанда ногузирии мустаҳкам намудани шарикиро дар асоси эътимоди ҳамдигар ва танзими кӯшишот тақозо менамояд.
Аз ин лиҳоз мулоқоти кунунӣ дар бобати гуфтугӯи минтақавӣ дар дараҷаи олӣ марҳалаи сифатан навро боз менамояд.
- Бо инояти Худованд мо ҳамсоя ҳастем. Таърих ва сарнавишт, ояндаи халқҳои мо ба ҳам хеле вобаста мебошад. Ва ин қувваи бузурги муттаҳидкунандаи тамоми минтақа ба шумор меравад, - гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлат ба масъалаи ҳамоҳангсозии фарорасидаи назари ягонаи ҳамкории ҳамаҷониба дар Осиёи Марказӣ эътибор нигаронд ва чандин ташаббусҳои муҳими дигарро пешниҳод кард.
Ин пеш аз ҳама амиқсозии робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мебошад. Муҳим аст, ки бартарияти рақобатноки минтақаи худро то ҳадди имкон ба кор андозем, ки молики бозори калон, захираи назарраси табииву ашёи хом ва инсонӣ мебошад. Имконотро якҷоя муайян намуда, лоиҳаҳои ҳамкориро дар ҷанбаҳои гуногуни иқтисодиёт бо мақсади ташаккул додани занҷири нархи изофа, васеъ намудани тиҷорати дохилиминтақавӣ, ба вуҷуд овардани ҷойҳои кор ногузир аст.
Ӯзбекистон аллакай имрӯз омода аст, ки дар ҷанбаҳои мошинсозии кишоварзӣ, автомобилсозӣ, саноати электротехникӣ, бофандагӣ ва сектори аграрӣ фаъолона ҳамкорӣ намояд.
Самти навбатии муҳим - мустаҳкамсозии алоқамандии нақлиёт ва муайянсозии потенсиали транзити минтақа.
Таъкид ёфт, ки низоми нақлиёти Осиёи Марказӣ пеш аз ҳама бояд коммуникатсияи мураттаби дохили минтақаро таъмин намояд ва ҳамчунин барои мавҷи транзити рӯзафзун бо истифода аз инфрасохтори замонавии бавуҷудоянда хидмати босамар расонад.
Сеюм - васеъ намудани ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика бо назардошти манфиатҳои дарозмуддати минтақа. Омодагии Ӯзбекистон дар заминаи баррасии имконот барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар заминаи ба вуҷуд овардани инфрасохтори энергетикии замонавӣ дар минтақа бо дарназардошти эътибори алоҳида ба афзудани саҳми манбаъҳои эҳёгардандаи энергия изҳор гардид.
Дар ҷумлаи самтҳои ҳарчи бештар истиқболноки ҳамкорӣ татбиқи зарфияти зиёди сайёҳии мамлакатҳоямон вуҷуд дорад. Роҳбари давлат ногузирии ташаккул додани рамзи ягонаи сайёҳии шинохташавандаи Осиёи Марказиро бо маҳсулоти ҷолиби сайёҳии хоси барои минтақа умумӣ таъкид кард.
Шавкат Мирзиёев инчунин таҳия намудани муносибатҳои ҳамоҳангшударо нисбат ба ҳалли масъалаҳои истифода аз об дар асоси манфиатҳои умумии дарозмуддат пешниҳод намуд, аҳамияти ҳамоҳангсозии кӯшишоти мамлакатҳои минтақаро, ки ба ҳамдастӣ барои дарёфти сулҳ, мусолиҳаи миллӣ ва барқарорсозии иқтисодии Афғонистон нигаронда шудааст, таъкид намуд.
Дар гуфтугӯҳои ҳайатҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи васеъ масъалаҳои мустаҳкамсозии бехатарӣ, бартарафсозии мамониатҳои тиҷоратии байни давлатҳо, пеш бурдани лоиҳаҳои калон, ки ба такомули инфрасохтори энергетикӣ ва васеъ намудани имконоти транзити минтақа нигаронда шудааст, баррасӣ гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки баргузор гардидани Мулоқоти машваратӣ бори дигар шабоҳати манфиатҳои ҷонибҳоро собит месозад, ки мамлакатҳоямон барои гуфтугӯи ошкоро дар бобати масъалаҳои муҳими рушди минтақавӣ ва қабул намудани қарорҳои муштарак омода мебошанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар бобати дастгирӣ намудани табодули фаъол ва робитаҳо дар дараҷаи минтақаҳои мамлакатҳоямон ва ҳамчунин мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои муштарак дар соҳаҳои илм, таълим, сайёҳӣ, маданият ва варзиш аҳду паймон намуданд.
Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои камшумори ҷаҳон мебошад, ки дар он халқҳои бародар дар тӯли асрҳо дар фазои сулҳ ва мусолиҳа истиқомат доранд.
Дар ҳамоиш махсус таъкид гардид, ки аз ин нуқтаи назар ҳамоишҳои ҳарсола дар таркиби мулоқотҳои машваратии сарони давлатҳо аҳамияти муҳимро моликанд. Махсус бояд таъкид кард, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ имрӯз ба дараҷаи комилан нави рушди гуфтугӯи минтақавӣ дар дараҷаи олӣ баромаданд.
Дар поёни ҳамоиш Изҳороти муштарак қабул гардида, Тартиби омодагӣ ва баргузор намудани мулоқотҳои машваратӣ маъқул дониста шуд.
Бо пешниҳоди Президенти Туркманистон роҳбарони давлатҳо Нахустин Президенти Қазоқистон – Элбошӣ Нурсултон Назарбоевро бо як овоз Раиси ифтихории Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ интихоб намуданд.
Мулоқоти машваратии ояндаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ соли 2020 дар Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.
Дар брифинг барои вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки гуфтугӯҳои имрӯза дар вазъи анъанавии дӯстона ва рӯҳи ҳусни тафоҳуми комил баргузор гардида, он боз як далели равшани иродаи қатъии сиёсӣ ва моилии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба мустаҳкамсозии эътимод ва некҳамсоягӣ дар минтақа гардид.
Пас аз гуфтугӯҳои босамар сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Хиёбони меҳмонҳои ифтихорӣ дар қароргоҳи Кӯксарой ниҳолҳои дарахт шинонданд. Ин дарахтон месабзанд ва рамзи дӯстӣ ва ҳамкории мустаҳками Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон мегарданд.
Дар нимаи дуюми рӯз сарони давлатҳо аз Маҷмӯи ёдгории илмиву маърифатии ба номи Ислом Каримов дидан намуданд. Ба пойгоҳи ёдгории Нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон гулдаста гузошта, хотираи дурахшони ӯро пос доштанд.
Бо ҳамин Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба поён расид.
Матназар ЭЛМУРОДОВ, хабарнигори ӮзА.