МАРҲАЛАИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУН

Мувофиқи Барномаи «Ҳафтаи мустаҳкамсозии арзишҳои миллӣ дар маҳаллаҳо» Вазорати дастгирии маҳалла ва оила, Маркази маънавият ва маърифат ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳо озмун-азназаргузаронии «Тарғиботчии одоби духтарон» ба амал омада буд.

Ба қарибӣ дар мадрасаи «Нодирдевонбегӣ»-и шаҳри Бухоро марҳалаи вилоятии ин озмун баргузор гардид. Дар он ғолибони зинаи шаҳру ноҳияҳо (аз ҳар як ҳудуд якнафарӣ) аз рӯйи ду шарти озмун бо ҳам мусобиқа карданд. Бинобар ҷамъбасти қувваозмоиҳо ҷойи аввал ба намояндаи шаҳри Когон Заррина Қобилова, ҷойи дуюм ба вакили ноҳияи Қарокӯл Гулзира Холбоева ва ҷойи сеюм ба духтари ғиҷдувонӣ Шаҳло Маъмурова насиб кард. Ғолибони тадбир бо диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои шуъбаи вилоятии Фонди «Маҳалла» ҳавасманд гардонда шуданд.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: