МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ГУЗАШТАН БА «ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ» – ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ТАРАҚҚИЁТ

Сафари сарвари давлатамон ба вилояти Ҷиззах ба дурнамои рушди минбаъдаи иқтисодиёти соҳа, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ такони бузург мебахшад.

Дар рушди иқтисодиёти минтақа ба «энергетикаи сабз» мавқеи алоҳида дода мешавад. Ин бошад, дар оянда барои рушди тадриҷии «иқтисодиёти сабз» замина фароҳам меорад.
Мисоли одӣ, ҳоло ба хонаҳои деҳқон дар хоҷагиҳои фермерӣ панелҳои офтобӣ низ насб карда мешаванд. Ташаббусҳои соҳибкорон дар мавриди бунёди неругоҳҳои офтобии 5, 10, 15 мегаватта барои эҳтиёҷоти худ низ дастгирӣ меёбад. 
Танҳо тавассути ин дар соли 2023 30 мегаватт неруи барқ ҳосил карда шуда, 28 миллион киловатт-соат қувваи барқ тавлид карда мешавад. Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки дар соли 2023 дар ноҳияи Зафаробод 2 неругоҳи хурди барқии иқтидори умумиаш 2 мегаватт бунёд шуда, имсол онҳо метавонанд 2 миллиону 400 ҳазор киловатт-соат неруи барқ ҳосил кунанд.
Аз иқтидори 10 ҳазор километр шабакаи обёрикунӣ ва каналҳо истифода бурда, дар вилоят метавон ба сохтмони неругоҳҳои хурди обии иқтидораш 3 мегаватт шурӯъ кард.
Дар соли 2023 аз ҳисоби насби панелҳои офтобии 5 мегаватта дар биноҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ 5 миллион киловатт-соат неруи барқ таъмин карда хоҳад шуд.
Барои ин бо иштироки бонкҳо ширкати алоҳида ташкил карда мешавад. Ин ширкат дар Ҷиззах бо харҷи 5 миллион доллар дар 250 бино панелҳои офтобӣ насб карда, бо «энергияи сабз» таъмин хоҳад кард. Дар минтақаи саноатӣ ва биноҳои соҳибкорон иқтидорҳои 15 мегаватта ҷойгир карда мешаванд. Бонкҳо ба соҳибкорон 100 миллиард сӯм захираҳои вом ҷудо мекунанд.
Ба хонадони шаҳрвандон барои манбаъҳои азнавбарқароркунандаи энергия панели 8 мегаватта насб карда, ҳар як киловатт қувваи барқи аз эҳтиёҷ зиёдатӣ аз ҷониби давлат ҳазорсӯмӣ харид карда мешавад. Ин тариф ҳоло 295 сӯмро ташкил медиҳад.
Бесабаб ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус дода намешавад. Гуфта шуд, ки норасоии неруи барқ дар минтақа дар соли 2022 ба 123 миллион киловатт-соат расида, ин рақам дар соли 2023 ба 156 миллион киловатт-соат мерасад. Дар вилоят камаш барои 2 ҳазор мегаватт энергияи аз нав барқароршаванда салоҳият вуҷуд дорад. Ҳамин тариқ, дар Ҷиззах соли 2023 270 мегаватт иқтидори неруи офтобӣ ба истифода дода мешавад ва аз ин рӯ 236 миллион киловатт-соат неруи барқ тавлид шуда, камчинӣ аз ҳисоби изофа пӯшонда мешавад. Аз ин ҳисоб, умуман 71 миллион метри мукааб газ сарфа карда мешавад. 
Дар вилоят ба роҳ мондани лоиҳаҳои калонмиқёси «энергияи сабз» пешбинӣ шудааст. Масалан, аз ҳисоби 200 миллион доллар сармояи бевоситаи ширкати «Масдар»-и Аморати Муттаҳидаи Араб дар Ғаллаарал неругоҳи бузурги офтобии иқтидораш 220 мегаватт ба кор андохта шуда, имсол 60 миллион киловатт-соат неруи барқ тавлид мешавад. Соли оянда ин неругоҳ ба иқтидори пурра баромада, 500 миллион киловатт-соат қувваи барқ ҳосил намуда, 20 фоизи эҳтиёҷоти вилоятро таъмин мекунад.
Якҷоя бо Бонки осиёии рушд дар Фориш лоиҳаи бузурги неругоҳи офтобии иқтидораш 150 мегаватт оғоз мешавад. Ин неругоҳ бо иқтидори пуррааш 370 миллион киловатт-соат қувваи барқ ҳосил мекунад.
Сарвари давлатамон бобати минтақаҳои саноатии Ҷиззах ҳарф зада, дар назди шахсони масъул вазифа гузошт, ки дар моҳи сентябр аз ҳисоби 80 миллион доллар сармоя заводи электромобил ба кор дароварда шавад.
Ин мисолҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки марҳила ба марҳила гузаштан ба «иқтисодиёти сабз» яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди минтақа мегардад.

Эркин ХОЛМАТОВ,
сарвари раёсати экология ва 
ҳифзи муҳити зисти вилояти Ҷиззах.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: