МАРҲИЛАИ НАВБАТИИ САБУК КАРДАНИ ШАРОИТИ КАРАНТИН МУАЙЯН ШУД

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 май бахшида ба чораҳои минбаъд сабук кардани шароити карантин ва барқарор намудани фаъолияти иқтисодӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 май бахшида ба чораҳои минбаъд сабук кардани шароити карантин ва барқарор намудани фаъолияти иқтисодӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Бо назардошти беҳтар гардидани вазъи эпидемиологӣ дар кишвари мо аз 22 апрел тадриҷан сабукгардонии шароити карантинӣ оғоз ёфт. Бо мақсади идомаи ин кор вазъият дар маҳал омӯхта шуда, аз ҳар як соҳа ва ҳокимиятҳо пешниҳодоти асоснок гирифта  шуданд.

Дар ҷамъомад корҳои пешистода баррасӣ шуданд, ки аз рӯи натиҷаҳои таҳлил ва пешниҳодҳо анҷом дода мешаванд.

Ба ғайр аз соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва сохтмон тадриҷан аз нав барқарор намудани фаъолияти субъектҳои соҳаи хидматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар ноҳияҳои  вазъи эпидемиологиашон  мусбат бояд ба кор даровардани мағозаҳои ғайриозуқаворӣ, пешниҳоди хидмати ташхиси тиббӣ, таксиҳо, корҳои дӯзандагӣ, таъмири техникаи маишӣ ва таъмири пойафзол, сартарошхонаҳо бо муқаррар намудани талаботи дахлдори санитарӣ барои онҳо иҷозат дода шавад. Илова бар ин, стикерҳо бекор карда шуда, ба истифодаи мошинҳои шахсӣ иҷозат дода мешавад.

Аммо, азбаски хатари коронавирус ҳоло пурра бартараф карда нашудааст, маҳдудиятҳо оид ба объектҳои оммавӣ ҷамъ омадани одамон, аз ҷумла намоиши театрҳо, чорабиниҳои консертӣ ва варзишӣ, тантанаҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ чанд муддат боқӣ хоҳанд монд.

Ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ ҳаллу фасл намудани дар кадом минтақаҳо ва дар кадом шароит барқарор намудани хидматрасонӣ супурда шуд.

– Бо беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ мо аз байн бурдани маҳдудиятҳоро идома медиҳем. Баръакс, агар вазъ бадтар шавад, мо чораҳои карантинро дубора барқарор хоҳем кард, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Таваҷҷӯҳи махсус ба дастгирии корхонаҳо барои таъмини фаъолияти мӯътадили онҳо зоҳир карда мешавад. Бо ин мақсад сарвари давлат ба Фармон "Дар бораи чораҳои таъҷилӣ оид ба дастгирии саноати бофандагӣ ва дӯзандагиву трикотажӣ" имзо кард.

Тибқи фармон:

– бо мақсади дастгирии минбаъдаи корхонаҳои бофандагӣ ва кластерҳо, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот гузариш ба нархҳои байналмилалии биржа татбиқ карда мешавад, ки арзиши аслии ашёи хомро 10 фоиз кам мекунад;

– мӯҳлати пардохти ниҳоии нахи пахта, ки дар бозори дохилӣ фурӯхта мешавад, аз 1 апрел аз 90 то 150 рӯз дароз карда мешавад;

– андози арзиши иловагӣ ҳамин ки молҳои аз ҷониби корхонаҳои бофандагӣ содиркардашаванда мамлакатро тарк намоянд, пурра баргардонида мешавад;

– 64 намуди ашёи хом ва материалҳои барои саноат муҳим, аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд.

Инчунин ба нақша гирифта шудааст, ки содироти маҳсулоти тайёр якбора афзоиш ёфта, миқдори зиёди  кластерҳои ҳозиразамони бофандагӣ ва дӯзандагии шумораи кормандонашон на кам аз 1 ҳазон нафар, ки таҳти бренди байналмилалӣ фаъолият хоҳанд кард, созмон дода шаванд.

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳо оид ба дастгирии минбаъдаи фаъолияти содиротӣ» қабул шуд.

Мувофиқи он, номгӯи маҳсулоте, ки ба хароҷоти боркашониашон ёрии моддӣ дода мешавад, аз 52 намуди ҳолоина то 86 намуд васеъ карда шуд. Ба рӯйхат 32 намуди маҳсулоти сабзавот ва полезӣ, инчунин меваҳои тару тоза, яхкардашуда ва консервшуда дохил карда шудааст.

Бо ин механизм барои пӯшонидани хароҷоти нақлиётӣ метавонанд беш аз 2000 корхона – содиргарон истифода баранд. Барои ин аз буҷа 360 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.

– Ҳадафи ин тадбирҳо зудтар барқарор кардани фаъолияти корхонаҳо, афзоиши бемайлони содирот, фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои созмон додани ҷойҳои корӣ мебошад. Аз ин рӯ, роҳбарони тамоми дараҷаҳо бояд дар ҳар як ноҳия ва маҳалла пайваста ғояҳо ва ташаббусҳои навро ворид карда, ба масоили беҳбуди зиндагӣ, афзоиши шуғл ва даромади мардуми оддӣ ва бахусус мардуми камбизоат сару кор гарданд, гуфт роҳбари давлат.

Дар ҷамъомад инчунин масъалаи муайян кардани минтақаҳое баррасӣ гардид, ки дар онҳо чораҳои карантинӣ сабуктар карда мешаванд.

Ба Вазорати тандурустӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамоҳангӣ бо ҳокимиятҳо сатҳи карантинро дар ҳар як ноҳия ва шаҳр муайян намуда, вобаста ба тағйир ёфтани вазъият дар маҳалҳо дараҷаи карантинро зуд иваз кунанд. Зарурати риоя намудан ба  қоидаҳои муваққатии санитарӣ, меъёрҳо ва стандартҳои гигиена, ки 23 апрел дар давраи пандемия тасдиқ шудааст, зикр гардид.

Қайд карда шуд, ки акнун бояд барои фаъолияти муътадили бахшҳои иқтисодӣ ва соҳибкорон дар давраи пас аз пандемия шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Ба Вазорати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ супурда шуд, ки якҷоя бо роҳбарони соҳаҳо, ҳокимони вилоятҳо ва бонкҳо намудҳо ва ҳаҷми кӯмакро ба корхонаҳо то 1 июн муайян кунанд ва нақшаи амалиёти пас аз бӯҳрониро барои ҳар як корхона таҳия кунад. Дар ин маврид, бобати додани қарзҳои иловагӣ ба корхонаҳо барои сармояи гардон, мусоидат дар иҷрои ӯҳдадориҳои содиротӣ ва афзоиши ҳаҷми субсидияҳои давлатӣ барои заминҳои наздиҳавлигӣ ва гармхонаҳо эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.

Масъалаи таъмини даромадҳои андоз низ баррасӣ шуд. Дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ дурнамои дахлдор 102,7 фоиз иҷро шудааст. Зикр гардид, ки минбаъд даромади буҷа афзоиш меёбад, ба шахсони масъул супоришоти дахлдор дода шуданд.

Сарвари давлат бори дигар ба бехатарии озуқаворӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, оид ба таъмини мунтазами расондани маводи ғизои асосӣ ба аҳолӣ ва нигоҳ доштани мӯътадилии нархҳо чораҳо муайян намуд.

Дар ҷамъомади видеоселекторӣ корҳои дар Ҷумҳурии Қарақалпоқистон ва шаҳри Тошканд анҷомёфта баррасӣ шуданд. Вазирон ва ҳокимон аз рӯи масъалаҳои баррасишуда маълумот доданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: