МАРҲИЛАИ НИҲОИИ ОЗМУН НАТИҶАГИРӢ ШУД

Бо ташаббуси Кумитаи занону духтарони ҳокимияти вилоят ва дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи занони соҳибкори Ӯзбекистон, Иттиҳодияи бонкҳо ва бахши вилоятии Бонки марказӣ таҳти унвони «Азиз ва ягонаӣ, Ӯзбекистон!» озмуни вилоятии «Анор-2018» баргузор гардид.

Дар марҳилаи ниҳоӣ бисту як нафар занону духтарони шаҳру деҳ ширкат ва барои пирӯзӣ дар он даъвогарӣ карданд.
Мувофиқи натиҷагирии ҳайати доварони озмуни «Анор-2018» номинатсияи «Лоиҳаи беҳтарини соҳаи саноат»-ро сарвари ҷамъияти саҳҳомии «Мухлис текстил»-и шаҳри Хонобод Санобархон Раҳимова ба даст овард. Дар самти кишоварзӣ соҳиби номинатсияи «Лоиҳаи беҳтарини соҳаи хоҷагии қишлоқ» роҳбари хоҷагии фермерии бисёрсоҳавии «Кужган олтин даласи»-и ноҳияи Асака Маҳфузахон Аҳмедова эътироф гардид.
Ҳамчунин ғолиби номинатсияи «Лоиҳаи беҳтарини соҳаи сервис» директори иҷроиявии маркази ғайридавлатии бачагони «Billi»-и шаҳри Андиҷон Хуршеда Камолиддинова дониста шуд. Дар доираи озмуни мазкур ба занону духтароне, ки ба нишондиҳандаҳои баланд ноил шудаанд, лоиҳаҳои инноватсионии асоснокро ба маърази доварон тақдим кардаанд, сертификатҳое супурда шуданд, ки барояшон имкони гирифтани кредитҳои дарозмуддатро фароҳам меорад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти АНДИҶОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: