МАРҲИЛАИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Ин озмуни анъанавӣ дар ҷумҳурӣ ҳар сол барои ҷоизаи Президент роҳандозӣ мешавад.

Дар озмуни марҳилаи вилоятии имсолаи “Ташаббус-2018» аз панҷсаду сӣ нафар танҳо наваду се нафар соҳибкорон, ҳунармандон ва фермерҳо ширкат карданд. Онҳо дар зинаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ пирӯзиро ба даст овардаанд. 
Дар озмун  беш аз бист намуди маҳсулот ба маърази тамошо ва ҳукми доварон гузошта шуд. Соҳибкорону ҳунармандон ва фермерҳо собит намуданд, ки аз имкониятҳо босамар истифода бурдаанд ва қудрату салоҳияти онро низ доранд, ки маҳсулоти худро ба хориҷи кишвар содир намоянд.
Гуфта мешавад, ҳиссаи бисту ду ҳазор субъекти хусусии тиҷорати хурд дар таркиби маҳсулоти ҳудудии холиси вилоят шасту як фоизро ташкил мекунад. Ин субъектҳо дар баробари тараққии иқтисод, ҳамчунин дар коҳиши сафи бекорони вилоят низ нақши муҳим мебозанд.
Дар озмун аз рӯи панҷ номинатсия ғолибон муайян карда шуданд. 
Ба гуфтаи иддае аз  ғолибони озмуни марҳилаи вилоятии «Ташаббус-2018» чанд сол муқаддам онҳо барои пешрафти кор ба кӯмакҳои молӣ ва қарзҳои дарозмуддат ниёз доштанд, аммо дар айни ҳол салоҳияти иқтисодии онҳо хеле пешрафт кардааст ва дар фикри он ҳастанд, ки маҳсулоти худро ба хориҷи кишвар содир намоянд.
 — Ҳамаи ин пирӯзиҳо бар асоси рақобати солим, истифодаи ғояҳои инноватсионӣ ва меҳнати пурсамар ба даст омадааст. Мо бояд саноатро ривоҷ диҳем ва ба он ноил шавем, ки маҳсулоти мо дар беруни мамлакат низ харидорони худро пайдо кунад. Мо барои расидан ба чунин мақсадҳои худ тамоми имкониятҳоро пурсамар истифода мебарем, – мегӯяд роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Айюбхон текстил»-и ноҳияи Данғара Дилшода Усмонова, ки «Соҳибкори беҳтарини сол» шинохта шудааст.
Президенти мамлакат соҳибкорони ҷавонро аз ҳар нигоҳ дастгирӣ мекунад ва барояшон тамоми шароити кориро фароҳам овардааст. 
– Танҳо аз мо тақозо мегардад, ки боз ҳам беҳтару бештар ғояҳои инноватсиониро дар истеҳсолот корбаст намоем, ҷиҳати коҳиш ёфтани сафи ҷавонони  бекор ҳисса гузорем. Он гоҳ сазовори номи соҳибкор шуда метавонем, – изҳор намуд  роҳбари корхонаи хусусии «Меҳригиёҳ»-и ноҳияи Учкӯприк Х.Нуриддинов.

Файзулло ИБРОҲИМОВ,
мухбири ҷамоатии «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: