МАСЪАЛАИ «ГАРДИШИ ДАҲР» ДАР РУБОИИ УМАРИ ХАЙЁМ

Ғиёсиддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ аз зумраи олимони маъруфи қарни ХI мебошад.

Вай файласуф, риёзидон, ҳайатшиноси номии форс-тоҷик буда, бо илмҳои тиб, назарияи мусиқӣ ва ҷуғрофия низ шуғл варзидааст. Ҳарчанд Умари Хайём дар замони худ ҳамчун олими мутафаннин ном бароварда, дар равнақи илмҳои гуногун (риёзӣ, физика, ҳайат (фалсафа), ҷуғрофия, астрономия (фалакиёт), таъриху мусиқашиносӣ саҳми арзанда гузоштааст ва рисолаҳои илмии ба дурдонаҳои ганҷинаи илмиву мадании умумибашарӣ мутааллиқро таълиф намудааст, вале ӯ маҳз бо рубоиёти дилнишинаш шуҳраи офоқ гардидааст.
Рубоиёти Умари Хайём дар мавзӯъҳои гуногуни ҳаёти воқеӣ нигорида шуда, дар бештарини ҳолатҳо бо хулосаҳои илмӣ ва афкори фалсафиаш омезиш меёбад.
Сабку услуби баёни Умари Хайём салису сабук ва силсилаи образҳояш содаву ҳаётӣ буда, забонаш равону фасеҳ аст.
Қайд бояд кард, ки тасвири шоиронаи Умар Иброҳими Хайём дар назари аввал чун баёни одии воқеаву ҳодисаҳои муқаррарӣ менамояд. Вале касе, ки ба мантиқу афкори аъмоли нигоранда зеҳн мемонад, мефаҳмад, ки мақсаду мароми ӯ дигар аст. Барои мисол яке аз рубоиҳои ӯро меоварем:
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре 
будааст,
Гарданда фалак бар сари коре 
будааст.
Зинҳор қадам ба хок оҳиста 
ниҳӣ,
К-он мардумаки чашми 
нигоре будааст.
Ба назар чунин менамояд, ки мазмуни байти аввали рубоӣ як сухани муқаррарист, яъне пеш аз мо ҳам шабу рӯз вуҷуд доштаасту фалаки гарданда машғули коре будааст. Ба моҳияти маънии ин байт бо чашми басират назар андозем, пай мебарем, ки мақсаду мароми нигоранда дигар аст.
Пӯшида нест, ки Умари Хайём дар шаҳри Нишопур расадхона дошт. Вай дар расадхона ҳаракати ҷирмҳои осмониро мушоҳида мекард. Дар натиҷаи мушоҳидаҳо тақвиме тартиб дода буд. Маълум аст, ки аз мулоҳизаҳо хулосаҳои илмӣ ҳосил мешавад. Дар байти аввали рубоии фавқуззикр хулосаи илмии ба илми ҳайат мансуби шоир ба тарзи бадеӣ ба дасти тасвир дода шудааст, ибораи «гарданда фалак» ба маънии дунёи гарданда, яъне замони мутассил тағйирёбанда истифода шудааст.
Умари Хайём аз мушоҳидаи ҳаракати сайёраҳои системаи Офтоб мефаҳмад, ки ҷирмҳои осмонӣ на танҳо дар гирди меҳварашон давр мезананд, балки дар гирди Офтоб низ гардиш мекунанд. Масалан, сайёраи Замин ҳам дар гирди меҳвараш ва ҳам дар гирди Офтоб давр зада, шабу рӯзро ба вуҷуд меоварад.
  Дар гирди Офтоб давр задани Замин бошад, боиси ивазшавии фаслҳои сол мегардад. Аз ин рӯ, фалак – осмон, дунё – ҷаҳон, қазову қадар ҳам гарданда аст. Маънои мисраи аввали рубоии мазкур – «Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будааст» он аст, ки ивазшавии шабу рӯз – гардиши айём кори имрӯзаву дирӯза набуда, балки аз он рӯзгоре, ки Замин ба вуҷуд омадааст, дар амал аст. Аз маънии ин мисраъ бармеояд, ки ивазшавии шаб ба рӯз ва рӯз ба шаб аз рӯзи аласт дар амал буда, аз ин гардиш рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо паси сар мешаванд, вале аз гардиши Замин дар даври Офтоб ивазшавии фаслҳо бо фаслҳо, солҳо бо солҳо, асрҳо бо асрҳо ва амсоли инҳо ба вуҷуд меоянд, ки маънии мисраи «Гарданда фалак бар сари коре будааст» ишора ба ин маънист. Пас, маънии байти аввали ин рубоӣ он аст, ки ҳодисаи бадалшавии шаб ба рӯз ва рӯз ба шаб азалӣ буда, ба гардиши фалак – гардиши айём вобаста аст. Ин гардиш бесабаб нест, зеро ки вай кори бадалшавии шабу рӯз ва ивазшавии солҳоро ба солҳо иҷро мекунад. Ба фикри шоир гарданда будани фалак маҷозан масъалаи гардиши қазову қадарро низ ифода мекунад. Ин маънӣ дар байти дуюм мавриди нигориш қарор гирифтааст. Мақсад ва мароми Умари Хайём бо омезиши афкори фалсафиаш дар ин байт ба тасвири бадеӣ дода шудааст. Дар мисраи аввали байти дуюм калимаи «зинҳор» нидо буда, ба маънии «эҳтиёт кун!» омадааст. Пас, маънии мисраи мазкур – «Зинҳор ба хок қадам оҳиста ниҳӣ» – ба хок (замин) қадамҳои худро оҳиставу эҳтиёткорона гузор мебошад. Сабаби оҳиставу эҳтиёткорона қадам неҳ (гузор) гуфтани шоир дар мисраи дуюми ин байт – «К-он мардумаки чашми нигоре будааст» ибрози назар мегардад. Дар ин рубоӣ матлаби фалсафии шоир – «Шайъ фонӣ нест, балки вай аз як шакл ба шакли дигар мегузарад» мавриди тасвир қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, гардиши фалак на танҳо гардиши айём, балки гардиши тақдиру қисмат низ мебошад. Ба қавли шоир ба дунё омадан, ба камол расидан ва даври қоматхамидагиро паси сар карда фавтидани инсон низ гардиш аст. Мувофиқи ин гардиш дар қабр инсон ба хок бадал мешавад. Бо гузашти рӯзгор қабрҳо фурӯ рафта, қабристон ба замини ҳамвор табдил меёбад ва аз хоки он хиштрез хишт мерезаду кӯзагарон кӯза месозанд, яъне ҷисми одамӣ нест намешавад, балки шакли худро тағйир медиҳад. Ин фикри фалсафии шоир дар рубоии дигари ӯ барҷастатару рӯшантар ба тасвир дода шудааст:
Ба кӯзагаре парер кардам 
гузаре,
Аз хок ҳаменамуд ҳар дам 
ҳунаре.
Ман дидам, агар надид ҳар 
бебасаре,
Хоки падарон ба кафи ҳар 
кӯзагаре.
Мо ин ҷо тафсири ин рубоиро ба таври муфассал наоварда, ба мақсади тафсили шарҳи мисраи чоруми рубоии мавриди тафсирамон ба баёни маънии байти дуюми он мепардозем: Аз маънии байт бармеояд, ки ҳар бебасаре, яъне нобиное (шахси аз ҳақиқати ҳол бехабар) аз хоки падарон, яъне аз ҷисми ба хок табдилёфтаи гузаштагонамон кӯза сохтани кӯзагарро намебинад (намедонад), вале ман дидам (медонам). Ин буд, ки «ман дидам» гуфтани шоири фалсафимашраб ба он маънист, ки ӯ ба чизҳои дигар табдил ёфтани ҷисми фавтидагонро, яъне гардиши даҳр – тақдирро медонад. Мувофиқи ақидаи фалсафии шоир ҳамаи узвҳои фавтидагон ба хок табдил меёбанд. Масалан, ин маънӣ дар рубоии зерини Умари Хайём ба тариқи зайл ба риштаи назм кашида шудааст:
Ин кӯза чун ман ошиқи зоре 
будаст,
Дар банди сари зулфи 
нигоре будаст.
Ин даста, ки дар гардани ӯ 
мебинӣ,
Дастест, ки бар гардани ёре 
будаст.
Дар ин рубоӣ кӯза ҳам ифодагари ошиқи нигоре буда, дастае, ки дар ду тарафи гардани кӯза ҳаст, як вақтҳо дастони ошиқе будааст, ки гардани нигореро ба оғӯш мегирифт, яъне бар гардани дилдори гулрухе баста мешудаанд. 
Инак, бармегардем ба тафсири рубоии аввал: маънии мисраи дуюми байти дуюм – «К-он мардумаки чашми нигоре будаст» ба он маънист, ки узвҳои ҷисми одами фавтида низ ба хок табдил меёбанд. Аз ҷумла, маънои ибораи мураккаби «мардумаки чашми нигоре» он аст, ки гавҳараки чашми нозанинон, ки дар он сурати чизҳо инъикос мегарданд, низ ба хок табдил меёбанд. Мардумаки чашми нигор ба хок бадал шуда бошад ҳам, ба дунё, ба мардум бо меҳру муҳаббати азалиаш менигарад. Сабаби таъкиди «қадамро оҳиставу эҳтиёткорона гузор»-и шоири фалсафимаслак ба ин маънист, ки акси қадамҳои гузоштаи мардумро хоки мардумаки чашми нигор ҳамоно сабт мекунад.
Ҳамин тавр, рубоии мавриди тафсири Умари Хайём тасвири одии воқеаву ҳодисаҳои муқаррарии ҳаёти воқеӣ набуда, ҳодисаҳои олами ҳастӣ дар он тавассути омезиши хулосаҳои илмӣ ва андешаҳои фалсафии шоир ба тасвири бадеӣ дода шудаанд.

Малик КАБИРОВ, 
номзади илмҳои 
филология,
устоди Донишкадаи давлатии педагогии
Чирчиқи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: