МАСЪАЛАИ ҶАЛБИ САЙЁҲОН ДАР МЕҲВАРИ БАҲСИ КОНФРОНС ҚАРОР ГИРИФТ

Бо ташаббуси ширкати ҳавонавардии ҶС «Uzbekistan Airways» дар толори майдони ҳавоии шаҳри Самарқанд конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

Конфронси сайёҳии «DISCOVERING UZBEKISTAN» намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ, сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, инчунин намояндагони корпусҳои дипломатӣ, вазорату идораҳо ва васоити ахбори оммаро ҷамъ овард.
Ҳадаф аз баргузории ин конфронс маълумот дар бораи маҳсулоти туристӣ бо номи «Ӯзбекистон» ва боз кардани кишвари мо ба рӯйи сайёҳони хориҷӣ, инчунин зиёд намудани шумораи парвозҳо ба кишварҳои Аврупо, Осиё ва Шарқи араб мебошад.
Дарвоқеъ, Самарқанди бостонӣ аз шаҳрҳои қадимаи Ховарзамин маҳсуб меёбад, ки солона ҳазорҳо нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба он ташриф меоранд ва аз ҷойҳои таърихӣ ва ёдгориҳои меъмории он боздид менамоянд.
Раиси ҶС «Uzbekistan Airports» Раъно Ҷӯраева афзуд, ки мо бояд барои хориҷиён минтақаҳои беҳтарини туристии худро нишон диҳем ва фаҳмонем, ки боздид аз кадом ҷойҳо бештар ба онҳо таассурот боқӣ мегузорад.
– Пӯшида нест, ки Самарқанд аз имкониятҳои фаровони туристӣ бархурдор мебошад. Тарғиботу ташвиқот мавҷи сайёҳони маҳалливу хориҷиро ба ин шаҳри бостонӣ ва минтақаҳои дигари туристии мамлакати мо афзоиш хоҳад дод, – изҳор намуд Раъно Ҷӯраева.
Ноиби вазири туризм ва мероси фарҳангӣ Улуғбек Аъзамов ба он нукта таваҷҷӯҳи аҳли конфронсро ҷалб намуд, ки Самарқанд беҳуда барои баргузории ин конфронс интихоб нашудааст. Он дар чорроҳае қарор дорад, ки дарвозаи туризм меноманд ва сайёҳ тавассути он метавонад худро ба ҳамаи минтақаҳои гардишгарӣ расонад.
– Бешубҳа, майдони ҳавоии Самарқанд, ки ба наздикӣ куллан таҷдид гардид ва терминали нав ба он илова карда шуд, барои рушди ҳарчи бештари туризм мусоидат менамояд. Ҳоло барои ворид шудани сайёҳони хориҷӣ сабукиҳои зиёд дода шуд ва яке аз ин сабукиҳо талаб накардани маълумотнома доир ба вируси ковид мебошад. Сайёҳ дар худи майдони ҳавоӣ аз ташхис мегузарад ва саёҳати худро идома медиҳад, – қайд намуд У. Аъзамов. 
Ба таъкиди У.Аъзамов қарор аст, ки теъдоди сайёҳони хориҷӣ то охири сол ба 2 миллиону 700 ҳазор нафар ва сайёҳони дохилӣ ба 9 миллион нафар расад. Барои ривоҷи туризм дар минтақаҳои гуногуни кишвар шаҳр ва рустоҳои туризм ташкил шудаанд, ки барои пазироӣ ва расонидани хидматҳои гуногун ба сайёҳон куллан омода мебошанд.
Ба гуфтаи ноиби ҳокими вилояти Самарқанд оид ба рушди туризм Рустам Қобилов дар ин вилоят 483 ёдгории таърихӣ ва 1 ҳазору 600 объекти маданӣ мавҷуданд.
– Самарқанд  ҳамчун шаҳри туризм ба феҳрасти ЮНЕСКО дохил шудааст. Ҷойи аз ҳама серодаму ҳамеша бо сайёҳон лабрез Регистон мебошад. Инчунин се мадраса – Мирзо Улуғбек, Тиллокорӣ ва Шердор аз брендҳои ин шаҳри бостонӣ маҳсуб меёбад, ки мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳони зиёд қарор гирифтааст. Боздид аз мақбараи “Шоҳи зинда”, масҷиди Бибӣ Хонум, расадхонаи Мирзо Улуғбек барои ҳар як сайёҳ ҳатман таассуроти хуб мегузорад, – иброз дошт Р. Қобилов. 
– Сайёҳони зиёди хориҷӣ маҳз аввал вориди ин шаҳр мешаванд ва баъдан худро ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро мерасонанд. Аммо дар ҳамин ҳол шаҳри Самарқанд бо бунёди терминали нави майдони ҳавоии худ бо шаҳри Тошканд вориди рақобат шудааст, ки ҳодисаи басо хушҳолкунанда мебошад. Зеро мо ҳарчи бештар барои рушди туризм имконият фароҳам оварем, мамлакат аз он бурд хоҳад кард. Бо вуҷуди ин, шаҳри Тошканд барои пазироии сайёҳон аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Ба таври мисол, дар солҳои охир теъдоди меҳмонхонаву хостелҳо ба карат афзоиш ёфт. Танҳо то охири моҳи март теъдоди сайёҳон ба 272 ҳазору 878 нафар расидааст, ки нишондиҳандаи хеле баланд мебошад, – зикр намуд ноиби шаҳри Тошканд доир ба рушди туризм Мақсуд Абзалов.
Дар конфронс намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ низ аз пазироии мизбонон ибрози хушҳолӣ намуда, зикр карданд, ки барои ҳамкорӣ омодаанд.
Дар ин конфронс маросими муаррифии намудҳои туризм ва майдонҳои ҳавоии вилоятҳо низ роҳандозӣ шуд. Инчунин  доир ба тарифи чиптаҳо барои сайёҳон, масъалаи сода намудани виза ё раводидгирӣ, ки сайёҳони зиёди хориҷиро ба мушкилот мувоҷеҳ мекунад, имкониятҳои фаровони соҳаи ҳавонавардии Ӯзбекистон ҷиҳати интиқоли сайёҳон ва амсоли он дар меҳвари ин конфронс қарор гирифт. 
Гузашта аз ин ба саволҳои “Сайёҳони хориҷӣ баъди ташриф ба ин ё он минтақаи туристии Ӯзбекистон бештар ба чӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд?” “Иштирокчиёни конфронс кадом таклифу пешниҳодоти худро метавонанд ин ҷо матраҳ кунанд?”, “Оё зимни ташриф сайёҳони хориҷӣ раводид мегиранд ё на?” ва амсоли он посух пайдо карданд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: