МАСЪАЛАИ ҶАВОНОН – АЗ ҲАМА МУҲИМ

Ҷавонон қишри калони аҳолиро ташкил мекунанд.

Аз ин рӯ ба масъалаҳои марбут ба ҷавонон хеле эҳтиёткорона муносибат бояд кард. Роҳбарон зимни ҳалли муаммо ва мушкилоти ҷавонон донишу малакаи худро бояд ба кор баранд. Зеро дар сурати ноумед аз дафтари кории масъулон бадар рафтани ҷавонони корафтода ҳавсалаашон пир мешавад. Аз назар дур нест, ки барои дарёфти кор ва музди меҳнат ҷавонони бекор ба хориҷи кишвар сафар менамоянд. Дар шӯрои ҳудудии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва ҳокимияти вилояту ноҳияҳо барои иҷрои қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ва дигар қарору фармонҳо муттасил кор бурда мешавад.
Дар нишасти матбуотии навбатӣ, ки Маркази ахбори ҳокимияти вилояти Ҷиззах ташкил кард, ҷонишини ҳокими вилоят доир ба рушди иҷтимоии сиёсати ҷавонон ва корҳои  маънавӣ-маърифатӣ Ботур Тӯхтамишев маърӯза карда гуфт, ки: «Дар ҳудуди вилоят ҷавонони синну солашон аз 14 то 30-сола зиёда аз шашсад ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Онҳо дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ мехонанд, дар корхонаҳо кор мекунанд ё худ дар қисмҳои ҳарбӣ хидматро ба ҷо меоранд. Шумораи ҷавонони номуташаккил 63525 нафар аст. «Иқтисодиёти инноватсионӣ, ривоҷ додани соҳибкории фаъол – омили муҳими тараққиёт», «Фермерони ҷавон дар роҳи ривоҷёбии инноватсионӣ» аз зумраи тадбирҳоест, ки барои дастгирӣ намудан ва таъмини шуғли ҷавонон нигаронида шудааст.
Ботур Тӯхтамишев дар идомаи маърӯзаи худ гуфт, ки дар шаҳри Ҷиззах барои вақтҳои фориғ аз кору таҳсилро хуш гузаронидани ҷавонон кинотеатри «Ватан» ва «Боғи экологии Ӯрда»-ро таъмир карда, ба истифода супурдан лозим аст. Дар ин бора чора меандешем. «Маркази ҷавонон» воқеъ дар рӯбарӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ҷиззах пурра таъмир шуд. Ин макон дар Рӯзи ҷавонон ба истифода супурда шуд. Бар ивази маблағи зиёд роҳравҳои он бо кошин пӯшонида шуданд. Якчанд фирмаҳои бинокорӣ дар сохтмони он иштирок намуданд. Дӯконҳои гуногун, ошхона, қаҳвахона ва ғайра ба ҷавонон хидмат мекунанд. Умуман, ин маскан ба ҷойи истироҳати бофароғати ҷавонон табдил хоҳад ёфт. Дар ноҳия барои ҷавононро бештар ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ҷалб намудан, ҷорӣ кардани тарзи ҳаёти солим майдончаҳо аз нав таъмир карда мешаванд. Ин гуна корҳо дар ноҳияҳои Мирзочӯл (таъмири варзишгоҳи «Алпомиш»), Янгиободу Фориш ҷараён доранд.
Дар нишасти матбуотӣ раиси Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон Дилмурод Худойберганов низ иштирок дошт. 

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: