Дар Маҷлисгоҳи байналхалқии «Ӯзбекистон» чорабинӣ таҳти мавзӯи «Рушди ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои ҷавонон ва баробарии ҷинсӣ дар асри XXI» баргузор шуд.
Дар он аъзои Сенати Олий Маҷлис, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ, вазорату идораҳои ватанӣ ва мутахассисони маҳалливу хориҷӣ иштирок карданд.
Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева дар баромади худ зикр кард, ки масъалаи ҷавонон ва баробарии ҷинсӣ дар миқёси ҷаҳон яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Ҳоло аз 750 нафаре, ки номзадиашонро ба депутатӣ гузоштаанд, 43 фоизашон занон мебошанд. Ин шаҳодати он аст, ки фаъолнокии занону духтарон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ сол аз сол меафзояд.
– Дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ мушкилоти муҳимтарини ҳар як мамлакат ҳифзи ҷавонон ва бонувон аз ғояҳои экстремистӣ ва савдои одам мебошад. То ҳол муҳоҷирати меҳнат дар ин самт омили муҳим шуда мемонад, – гуфт Т. Норбоева.
Маълум, ки дар Стратегияи амалиёт, ки барои солҳои 2017-2021 пешбинӣ шудааст, ба масъалаи ҷавонон эътибори алоҳида дода мешавад. Ғайр аз ин, аз тарафи ҳукумат Барномаи давлатӣ «Ҷавонон – ояндаи мо» қабул гардид. Барои дастгирии соҳибкорони ҷавон дар солҳои 2018-2019 аз буҷаи давлат 1,6 трлн. сӯм ҷудо карда шуд. Агар гӯем, ки ҳамаи ин барои таълими босифат, дар шароити муфид фаъолият нишон додани ҷавонон нигаронида шудааст, муболиға намешавад.
Дар чорабинӣ корҳое, ки доир ба ҳаёти иҷтимоӣ ва дастгирӣ сохтани ногироҳо амалӣ мешаванд, маълумот дода шуд.
Роҳбари Маркази ҷумҳуриявии ҷавонон ва бачаҳои ногиро Раъно Шодиева доир ба дастовард ва муаммоҳое, ки халалдори ин соҳаанд, гуфт:
– Дар мамлакатамон 710 ҳазор нафар ногиро зиндагӣ мекунад, ки аз он 101 ҳазору 316 нафарашон бачаҳо, зиёда аз 300 ҳазор нафарашон бонувон мебошанд. Сатҳи имкониятҳое, ки дар Ӯзбекистон барои ногироҳо офарида мешавад, васеъ мегардад. Муваффақиятҳое, ки онҳо дар соҳаи варзиш ба даст оварданд, мавзӯи алоҳида аст. Дар нақлиёти ҷамоатӣ ва иншооти навсохт барои ногироҳо қулаиҳо офарида шудаанд, аммо онҳо аснои ба муассисаҳои таълими олӣ дохил шудан ва таъмини кор ба монеаҳо вомехӯранд, – гуфт Р. Шодиева. – Ман бар он ақидаам, ки вақти кор карда баромадани қонун «Дар бораи таълими инклюзив» фаро расидааст. Дар он вақт ногироҳо низ дар илмомӯзӣ қатори ҷавонони солим баробарҳуқуқиро ба даст меоранд. Соли 2018 барои дохилшавии ногироҳо ба муассисаҳои таълими олӣ квотаи 2 фоиза ҷудо карда шуд. Соли ҷорӣ 1350 нафар ногиро донишҷӯ шуданд. Барои бо кор таъмин гардидани онҳо квотаи 3 фоиза тақсим карда шудааст, ки дар натиҷаи он 2 фоизи ногироён бо кор таъминанду халос.
Иштирокдорони чорабинӣ пешниҳоди раиси Маркази ногироҳои ҷумҳурӣ Р. Шодиеваро доир ба таҳияи барномаи давлатӣ оиди таъмин намудани ҷавонони ногиро бо шуғл дастгирӣ намуданд.
Н. НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».