МАСЪАЛАИ ОИД БА ИНКИШОФ ДОДАНИ ФАЪОЛИЯТИ КЛАСТЕРҲО БАРРАСӢ ШУДАНД

4 феврал Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар масъалаҳои беш аз пеш инкишоф додани фаъолияти кластерҳо дар хоҷагии қишлоқ ҷамъомад баргузор кард.

4 феврал Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар масъалаҳои беш аз пеш инкишоф додани фаъолияти кластерҳо дар хоҷагии қишлоқ ҷамъомад баргузор кард.
Дар мамлакати мо бобати ислоҳ кардани соҳаи аграрӣ, дар он ҷорӣ намудани механизмҳои бозаргонӣ ва технологияҳои замонавӣ чорабиниҳои мунтазам амалӣ мешаванд. Бахусус усули кластер ба роҳ монда шуд, навъҳои кишт бо назардошти тақозои замон дигаргун шуданд. Дар натиҷаи ин ҳам ҳосилнокӣ ва ҳам даромад меафзояд. Зиёда аз 80 навъи маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар кишвар парвариш карда мешаванд, ба 66 мамлакат содир мегарданд.
Мувофиқи фармони роҳбари давлат аз 23 октябри соли 2019-ум Стратегияи рушди хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки барои солҳои 2020-2030 пешбинӣ шудааст, қабул гардид. Мувофиқи он ба мақсади истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловагӣ кластерҳои меваву сабзавот барпо мешаванд.
11 декабри соли 2019 дар ин бобат қарори Президент қабул шуд ва тамоми асосҳои ташкиливу ҳуқуқӣ фароҳам омаданд. Дар ин муддати кӯтоҳи сипаришуда аз ҷониби ҳокимиятҳо барои ташкил намудани 86 адад чунин кластерҳо таклифҳо пешниҳод гардиданд.
Дар ҷамъомад бинобар иқтидори кластерҳои пешбинишуда, миқдори сармояҳо ва ҳаҷми содирот маълумот пешкаш гардид.
Тавре ки зикр шуд, аз ҷониби кластерҳо иқтидорҳои иловагӣ барои коркарди такрорӣ, нигоҳ доштан ва хушк кардани 430 ҳазор тонна маҳсулот 96 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин лоиҳаҳо бинобар бунёди 6 ҳазор гектар боғҳои зудамал ва қариб 8 ҳазор гектар токзор коркард шудаанд. Дар соли ҷорӣ ба содирот баровардани 410 миллион доллар маҳсулот пешбинӣ гардидааст.
Ба Вазорати хоҷагии қишлоқ барои фаъолияти кластерҳоро ба роҳ мондан, дар пояи хулосаи коршиносони хориҷӣ самарабахш ҷобаҷогузории киштҳо, аз ҳозир тайёр кардани тухмӣ ва кӯчатҳои зарурӣ, ба Вазорати молия бошад, барои бо маблағҳои гардон таъмин кардани кластерҳо супоришҳо дода шуд.
Таъкид гардид, ки Ширкати «Ӯзбекозиқовқатхолдинг» ба кластерҳо барои дарёфти бозорҳои нав ва фурӯши молҳо бояд мунтазам кӯмаки амалӣ расонад.
Дар ҷамъомад масъалаҳои такмил додани фаъолияти кластерҳои пахта, дар истеҳсоли пахта ва ғалла зина ба зина бекор кардани нақшаҳои давлатӣ низ баррасӣ шуданд.
Роҳбари давлат дар Муроҷиатномааш аз 24 январи соли ҷорӣ аз ин хусус гуфта буд: «Мо дар истеҳсоли пахта ва ғалла супоришоти давлатиро бекор карда, зина ба зина ба фурӯши маҳсулоти мазкур дар асоси тамоюлҳои бозаргонӣ мегузарем. Агар бо ин роҳ наравем, фермерону деҳқонҳоямон дар истеҳсоли маҳсулот озод намешаванд, онҳо манфиатеро, ки чашм доранд, ба даст намеоваранд, тарзи кори ҳокимон бошад, тағйир намеёбад».
Дар ин соҳа баробари қатъиян коҳиш додани дахолати давлат, ба амалиёти аз пайи нақша давидану ба меҳнати иҷборӣ ҷалб намудани ҳокимон куллан нуқта гузошта мешавад.
Барои ба тамоюлҳои бозаргонӣ гузаштан низоми кластер омили муҳим мебошад. То имрӯз дар мамлакатамон 73 адад кластери пахтаву бофандагӣ ташкил гардидаанд, 73 фоизи ҳосили пахтаи соли гузашта ба зиммаи онҳо рост меояд. Ҳосилнокии миёна нисбат ба заминҳое, ки кластер нашудаанд, 4,1 сентнер баланд буда, барилова 428 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.
Дар ҷамъомад бинобар муайян кардани мақоми ҳуқуқии кластерҳо, интихоби  онҳо, дуруст ба роҳ мондани муносибат бо фермерҳо ҷорӣ намудани механизмҳои рӯшоду ошкоро вазифаҳо мушаххас гардиданд.
Ба 27 кластер барои парвариши пахта нисбат ба иқтидоре, ки доранд, майдонҳои бештар ҷудо карда шудаанд, ба баъзе кластерҳое, ки иқтидорашон ба истеҳсоли 500 ҳазор тонна нах мерасад, миқдори зарурии замин ҷудо карда нашудааст, ки ин ҷиҳат қатъиян танқид карда шуд.
Президент таъкид кард, ки ҳангоми интихоби кластерҳо дараҷаи амиқи коркард ва ҳаҷми маблағҳо, дар мавриди ҳисобу китоб бо фермерҳо бошад, бояд дастрасии маблағ мизони асосӣ бошанд.
Дар пахтазоре, ки кластерҳо ташкил карда нашудаанд, бо иштироки фермерҳо ба роҳ мондани фаъолияти кооператсияҳо муайян карда шуд. Дар ин бобат корхонаҳои пахтатозакуние, ки дар ҳамон ҳудудҳо мавҷуданд, барои ташкил кардани кооператсия ба фермерҳо дода, фоидае, ки аз даромади иловагӣ ба даст меояд, ба аъзои кооператсия – дар байни фермерҳо тақсим карда мешаванд.
Ба зиммаи Вазорати хоҷагии қишлоқ ва Вазорати адлия вазифаҳои коркарди механизмҳои дақиқ муайян кардани ӯҳдадории кластер ва фермерҳо, ба низом андохтани фаъолияти онҳо гузошта шуданд.
Зикр шуд, ки низоми дарамали бо маблағ таъмин кардани истеҳсоли пахта барои кор бо низоми кластерҳо мувофиқ намебошад. Бинобар ҳамин ҳам барои такмил додани низоми дастгирии молиявии кластерҳо ва фермерҳо супоришот дода шуданд.
Чорабиниҳое, ки ба бекор кардани нақшаи давлатӣ бинобар истеҳсоли пахта ва ғалла нигаронида шудаанд, тартиби ҷобаҷогузории иҷбории киштҳо то соли 2023-юм бояд зина ба зина барҳам хуранд, дар ин бобат тадбирҳое, ки соли равон ва соли оянда амалӣ мешаванд, ҳамаҷониба мушаххас гардиданд.
Дар ҷамъомад мутасаддиёни масъалаҳои баррасишуда маълумот доданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: