Солҳои охир дар маҳалҳо корҳои ободонию сохтмон бо суръати баланд пеш бурда мешаванд.
Дигаргун шудани қиёфаи деҳот, ноҳия ва шаҳрҳо хурсандибахш аст. Вале ин гуна ободӣ набояд ба дахлнопазирии мулки хусусӣ зарар расонад ва боиси эътирози одамон гардад.
Ба номи эҳтиёҷи давлат ва ҷамъият дар пешбурди корҳои вайронкунӣ на ҳамеша риоя гардидан ба талаботи қонунгузорӣ ба яке аз масъалаҳои дардноки имрӯз табдил ёфт. Мутаассифона дар вайронсозиҳое, ки дар вилоятҳои Қашқадарё, Хоразм, Фарғона, Навоӣ, Тошканд ва шаҳри Тошканд амалӣ мешаванд, мо гувоҳи дағалона вайрон гардидани талаботи қонунгузорӣ мегардем.
Аз ҳама аҷибаш ҷомеа барои пешгирии ин чӣ қадар ҳаракат накунад, ваколати қарор қабул кардан дар бораи вайрон кардан ё боздоштани он дар ихтиёри ҳокимони маҳаллӣ мемонад.
Онҳо дар бисёр ҳолат ба талабҳои қонун, фармон ё қарорҳои ҳукумат эътибор надода, дар вайронсозӣ ҷонбозӣ нишон медиҳанд.
Мутаассифона, дар ин ҷараён соҳибкоронамон, ки такягоҳ ва кафолати барқарории фардои иқтисодиёти мамлакатамон мебошанд, азият мекашанд. Ҳолатҳои ба вазъият субъективона, яъне ба хоҳиш ва кайфияташон муносибат зоҳир намудани ҳокимон, мавқеи писанд накардани қонунҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, онҳо на ҳамеша иҷрогари фаъоли қонунанд. Аз ин боис, ба масъалаи вайрон кардани мулки ғайриманқул чун ба ҷузъи ҷудонопазири ҳуқуқи инсон бояд нигарист. Давр тақозо дорад, тартиботи дарамал аз нав дида баромада шавад.
Дар даврае, ки интихобот наздик мегардад, одамон ба бо кадом роҳ ва воситаҳо ҳаллу фасл намудани ин масъала эътибор медиҳанд. Аз фурсат истифода карда, дар платформаи пешазинтихоботии навташаккулёбандаи Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонҳо – Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон, ки узви он мебошам, ба ин эътибори алоҳида нигаронида, зарурати дар қонунҳо инъикос намудани фақат дар тартиби суд, дар асоси қарори ҷамъбастии суд вайрон кардани мулки ғайриманқули шахсҳои ҷисмонию ҳуқуқӣ, бекор сохтани ин гуна ваколати ҳокимонро таъкид карданиам. Ҳамчунин, тавассути протокол ва қарорҳое, ки ҳуҷҷати меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҳисоб намеёбанд, ба масъалаи мулки ғайриманқули шаҳрвандон дахолат кардан бояд қатъиян манъ гардад.
Чунки суд ба қонунҳо тобеъ аст ва дар доираи он кори худро пеш мебарад. Назар ба таклифе, ки пешниҳод мегардад, ҳокимият эҳтиёҷоти давлат ва ҷамъиятро ба инобат гирифта, барои кӯчондани мулки ғайриманқул асос тақдим созад ва бобати ба амал баровардани ин кор ба суд муроҷиат кунад. Суд дар навбати худ ин корҳо ва ба қонунгузории дарамал мувофиқ ё номувофиқии асосҳои овардашударо дида баромада, сабабҳои ҷонибҳоро шунида, қарор қабул мекунад.
Мавҷудияти ҷараёнҳои суд дар масъалаи вайрон сохтан ё боздоштани мулки ғайриманқули соҳибкор ё шаҳрвандон имконият медиҳанд, ки дар вазъи норизоӣ аз қарори онҳо дар тартиби апеллятсия ва назорат шикоят кунанд, дар муддате, ки вақти муайянро талаб менамояд, даъвоҳои худро ба тарзи кушод, дар назди ҷомеа, бо иштироки адвокатҳои дахлнок ҳимоя созанд. Фарқ байни суд ва ҳокимият низ асосан дар ҳамин: дар баъзе ҳолатҳо ҳокимиятҳо бо баҳонаи саривақт ба иҷро расондани супоришҳо дар масъалаи «снос» одамонро шунидан намехоҳанд, суд бошад, дар муддати худ ва дар вазъи риоя ба тартиб маҷбур аст эътирози шаҳрвандонро шунавад.
Дар ин бобат, масъалаи мустақилии суд ва эътирози ҷомеа нисбати фаъолияти он низ ҷой дорад. Дар ин гуна вазъият бояд суд боҷуръат бошад, худро ба даст гирад, бо шунидани ҷомеа аз таъсирҳои гуногун худро ҳимоя созад. Онҳо бояд кушод баён намоянд, ки барои мустақил будан, ҷуръат доштан ва «фармоиш»-ро иҷро насохта кор карданашон боз кадом кафолатҳо заруранд.
Айни замон бе қарори адолатноки суд, қонунӣ, дар вазъи поймол насохтани ҳуқуқи инсон ҳал кардани масъалаи «снос» ба назарамон дигар роҳи эволютсионӣ ва демократӣ мавҷуд нест.
Дар баробари ҳамин, баланд бардоштани масъулият ва кушодии суд дар назди ҷомеа, дар тамоми ҷараёнҳои суд офаридани имконияти назоратии воситаҳои ахбори оммавӣ ва фаъолон аз масъалаҳои муҳим мебошад. Суд бояд ҳис кунад, ки ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммавӣ дар барқарорсозии адолат, ягон тарафро ҷонибдорӣ насохта, дар ҳал кардани масъала кӯмакрасон мебошад.
Бо як сухан ифода намоем, бе ҳеч истисно фақат бо тартиби суд ҳал кардани масъалаи «снос» яке аз муҳимтарин омилҳои дахлнопазирии мулк қарор хоҳад гирифт.
Расул КУШЕРБАЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
(ӮзА).