МАСЪАЛАИ СУЛҲИ АФҒОНИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД

Дар шаҳри Тошканд нахустин нишасти намояндагони махсуси кишварҳои ҳамсояи Афғонистон баргузор шуд.

Дар он вазъи кунунии Афғонистон, масоили ҳамкории ҷонибҳо барои ҳалли вазъ дар ин кишвар ва истиқрори сулҳу субот, ҳамчунин расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми азияткашидаи Афғонистон ва амсоли он баррасӣ гардиданд. 
Намояндаи хоси Президенти Ӯзбекистон дар умури Афғонистон Исматулло Эргашев гуфт, ки нишасти мазкур бар асоси қарори ҷамъомади сеюми вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои ҳамсояи Афғонистон ба вуқӯъ пайваст, ки ҳанӯз моҳи марти соли гузашта дар шаҳри Урумчии Чин баргузор шудааст. 
Қисмати муҳокимарониҳои ин нишаст пушти дарҳои баста сурат гирифт.
Бо анҷоми нишаст Эргашев барои хабарнигорон брифинг баргузор намуд. Вай изҳор кард, ки намояндагони хоси ҳафт мамлакат – Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Туркманистон, Покистон, Чин ва Русия аз рӯи баррасии масъалаҳои марбут ба Афғонистон қатъномаи Тошкандро қабул карданд.
– Нишасти мо ба пешвози ҷаласаи чаҳоруми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои ҳамсояи Афғонистон, инчунин мушорикати Русия мебошад, ки баъди чанд моҳ дар Тошканд баргузор хоҳад шуд. Албатта, ҳарчи зуд истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва барқарории вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар ин кишвар аз ҳадафҳои асосии мо арзёбӣ гардид, то ки аз рӯ ба бунбасти ҷиддӣ ва бӯҳронҳои шадид ниҳодани Афғонистон зудтар ҷилавгирӣ ба амал ояд, – изҳор намуд Эргашев. – Бо ташаббуси сардори давлатамон ҷониби Ӯзбекистон ҳамеша талош ба харҷ медиҳад, ки вазъияти Афғонистон беҳбуд ёбад, мардуми он аз зиндагии орому осуда бархурдор ва рӯ ба пешрафту тараққиёт оваранд.
Ба таъкиди И.Эргашев дар нишаст ба чунин натиҷа расиданд, ки ҳукумати муваққати Толибон бояд аз ваъдаҳои ба ҷомеаи байналмилалӣ додаи худ барояд ва барои афзоиши кумакҳои башардӯстона ба он мусоидат кунад. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: