МАСЪАЛАҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ДАРАҶА ВА БОСУРЪАТ ВАСЕЪ ГАРДОНДАНИ МАҲАЛЛИГАРДОНИИ ИСТЕҲСОЛОТ ВА КООПЕРАТСИЯИ САНОАТ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 сентябр бахшида ба масъалаҳои босуръат ривоҷ додани соноат, баланд бардоштани дараҷа ва вусъат додани миқёси маҳаллигардонӣ ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

Дар натиҷаи сиёсати фаъоли сармоягузорӣ, озодгардонии савдои хориҷӣ ва амалиёти асъор дар мамлакат рақобати солим, иқтисодиёти воқеии бозаргонӣ ташаккул меёбад.
Дар ҷамъомад масъалаҳои рушди саноати ватанӣ дар асоси талаботи замон, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва васеъ гардондани номгӯи маҳсулот баррасӣ гардиданд.
– Мо бояд сиёсати саноатиеро пеш барем, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигарондашуда ва  ивазкунандаи воридот, ташаккул додани арзиши баланди иловагӣ нигаронда шудааст. Аз захираву имкониятҳои ашёи хоми мавҷуда истифода бурда, амиқ гардондани дараҷаи маҳаллигардонӣ ва босуръат вусъат додани миқёси он бояд асоси ин сиёсати саноатӣ гардад, – таъкид намуд сарвари давлат.
Дар қарори Президент аз 24 августи соли равон ҷорӣ кардани низоми нави маҳаллигардонии истеҳсолот, тезондани равобити кооператсионӣ дар соҳаҳои саноат муайян шуда буд. Дар ҷамъомад бинобар ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши низоми мазкур супоришот дода шуд. Самтҳои муҳими васеъ гардондани кооператсия зикр гардид.
Дар рафти баррасии масъалаи маҳаллигардонии истеҳсолот дар соҳаҳо ва корхонаҳои бузург, инчунин васеъ гардондани кооператсияи саноатӣ он нукта ғайриқаноатбахш эътироф гардид, ки дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаҳои нав ҳамагӣ ба миқдори як миллиард доллар маҳсулоти маҳаллигардондашуда истеҳсол шудааст. Барои бесамар ташкил карда шудани кор дар ин самт ширкати саҳҳомии «Узмахсусмонтажқурилиш», ассотсиатсияи «Ӯзёғмойсаноат», ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон миллий электр тармоқлари» ва корхонаҳои дигар зери тозиёнаи танқид гирифта шуданд.
Корҳо бинобар азхуд кардани намудҳои нави маҳсулоти тайёр, такмилкунанда, ашёи хом ва масолеҳ, ки мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳо оид ба рушди минбаъдаи кооператсияи саноатӣ ва васеъ гардондани истеҳсоли маҳсулоти харидоргир» аз 1 майи соли ҷорӣ муайян шудаанд, таҳлил гардиданд.
Ба зиммаи Девони Вазирон, Вазорати иқтисодиёт ва саноат вазифаи андешидани чораҳои амалӣ бинобар рушди кооператсияи саноат, ҳарчи зудтар ба кор даровардани портали кооператсияи электронӣ, вусъат додани миқёси ба имзо расондани шартномаҳои электронӣ бинобар расонда додани маҳсулоти саноатӣ гузошта шуд.
Масъалаҳои якбора васеъ гардондан ва амиқ сохтани маҳаллигардонии истеҳсолот дар минтақаҳо ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд.
Соли ҷорӣ афзоиши воридоти ҳудудӣ нисбат ба соҳаҳо 2 баробар баланд ба қайд гирифта шуд. Ин аз дар минтақаҳо мавҷуд будани эҳтиёҷи зиёд ба хеле вусъат додани истеҳсолот равшан далолат медиҳад. Масалан, ба қарибӣ гурӯҳи корӣ дар тартиби намояндагони соҳа ба чор шаҳр рафта, дар Ангрен 38, дар Навоӣ 13, Намангон 29 ва Чирчиқ 18 лоиҳаи нави маҳаллигардондашударо ташаккул доданд.
Зарурати дар ҳамин тартиб коркард намудани барномаҳои маҳаллигардонӣ барои ҳар як минтақа таъкид гардид.
Дар ин бобат минтақаҳои хурди саноатӣ (МХС), ки қитъаҳои замин, иншоот ва инфрасохтори тайёр доранд, имкониятҳои калон фароҳам меоранд. Аммо дар 156 МХС-и мамлакат ҳамагӣ 13 фоизи лоиҳаҳо ба истеҳсоли маҳсулоти маҳаллигардондашуда нигаронда шудааст. Дар 80 шаҳру ноҳия ягонто МХС созмон дода нашудааст.
Ба шахсони масъул бинобар афзун гардондани шумораи лоиҳаҳо оиди истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар МХС, ташкил кардани чунин минтақаҳо дар 80 шаҳру ноҳия супориш дода шуд.
Зарурати самарабахш истифода бурдани таҷҳизоти технологии воридотӣ қайд гардид. Чунки дар маҳалҳо ҳолатҳои зиёди бекор истодани таҷҳизоти хориҷии бар ивази асъори хориҷӣ овардашуда зоҳир гардиданд. Ба инҳо масъалаҳои ҷудо кардани замин, рухсат барои сохтмон, пайвастан ба коммуникатсияҳо ва ҳаллу фасли дигар масъалаҳо  монеъ мегарданд.
Сарвари давлатамон бинобар босуръат ҳаллу фасл намудани мушкилоти соҳибкороне, ки таҷҳизот харидаанд, кӯмак расондан дар ба кор даровардани корхонаҳои банақшагирифташуда супоришҳои дақиқ дод. Ба бизнес-омбудсман тавсия дода шуд, ки дар дараҷаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ раванди ба истифода супурдани таҷҳизоти воридкардашударо мутобиқ созад. Ба масъалаҳои сари вақт татбиқ намудани лоиҳаҳои бузург, ки дар маҳаллигардонии истеҳсолот пешсаф эътироф шудаанд, эътибори алоҳида дода шуд.
Аз ҷумла, лоиҳаҳо бинобар соле истеҳсол намудани сад ҳазор тонна поливинилхлорид дар пойгоҳи «Навоиазот», 500 ҳазор тонна прокати металл дар заводи маъдани Тошканд, 744 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ дар маҷмӯи газу кимёи Шӯртан, кластери техникаи маишӣ дар заводи механикии Тошканд, оина дар корхонаҳои «Кварс», «Сирдарё Гласс» ва «Зарафшон оина» имконияти дар як сол ба миқдори 2,5 миллиард доллар тайёр намудани маҳсулоти маҳаллигардондашударо фароҳам меорад. Ба ғайр аз ин, дар атрофи онҳо истеҳсолоти дигар ба миён омада, ҷойҳои нави корӣ созмон дода мешаванд.
Ба Сарвазир ва раиси Палатаи ҳисоб таъмин намудани сари вақт ба истифода супурдани лоиҳаҳои бузурги мазкур супориш дода шуд.
Ҳангоми баррасии масъалаи дастгирии маҳаллигардонӣ таъкид гардид, ки бояд аз низоми додани кафилӣ ва қисман пӯшондани ставкаи фоизи вом аз ҷониби Фонди давлатии дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории назди Девони Вазирон самарабахш истифода бурд.
Инчунин имконияти кӯмак  ба чунин лоиҳаҳо дар намуди пардохти боҷҳои гумрукӣ бо дароз намудан ба муҳлати то 120 рӯз, сертификатонӣ ва стандартикунонии усули соддаи маҳсулоти тайёри корхонаҳое, ки истеҳсолоташонро маҳаллӣ гардондаанд, зикр гардид.
Бинобар васеъ гардондан ва рағбатноксозии иштироки корхонаҳои маҳаллӣ дар харидҳои давлатӣ, баланд бардоштани самарабахшии идоракунии тарифи савдои хориҷӣ вазифаҳои устувор муайян шуданд.
Ҳисоботи роҳбарони соҳаҳо ва минтақаҳо аз рӯи масъалаҳои дар ҷамъомад баррасигардида шунида шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: